Модари Фирдавс: Пас аз як моҳи сарбозӣ ҷасадашро оварданд

Модари Фирдавс: Пас аз як моҳи сарбозӣ ҷасадашро оварданд

Волидони Фирдавс Раҳматов, як ҷавони 22-солаи тоҷик, ки пас аз як моҳи сарбозӣ дар қисми ҳарбии 04080 шаҳри Конибодом ҷасадаш ба хона интиқол ёфтааст, мегӯянд, аз натиҷаи ташхиси тиббии марги фарзандашон розӣ нестанд. 

Фирдавс Раҳматов, сокинони маҳаллаи 18-уми шаҳри Хуҷанд ва донишҷӯи курси чаҳоруми бахши ғоибонаи Донишгоҳи давлатии ин шаҳр мебошад, ки рӯзи 7 майи соли равон тавассути даъвати маҷбурӣ ё “облава” ба сафи сарбозони қисми ҳарбии 04080 шаҳри Конибодом ҷалб шудааст. Ба қавли волидонаш, масъулини ин қисми низомии шаҳри Конибодом шоми 7 ба 8 июни соли равон тахминан соатҳои 24:00 ҷасади Фирдавсро ба хона оварда, сабаби маргашро, “гармозадагӣ, фурӯ рафтани забон ва банд шудани роҳи нафас” гуфтаанд. 

Дилором Раҳматова, модари Фирдавс рӯзи 10 июн дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, дар ҷасади писараш нишонаҳои латту кӯб ба таври равшан намоён буд ва онҳо ҳаргиз ба хулосаи тиббии пешниҳодкардаи масъулини қисми ҳарбии 04080 бовар нахоҳанд кард. Хонум Раҳматова афзуд, масъулини ин қисми ҳарбӣ дар ҳоле фарзияи марги фарзанди онҳоро чунин арзёбӣ мекунанд, ки Додситонии низомии шаҳри Чкалови Суғд тасдиқ карда, Фирдавс бар асари латту кӯби шадид ҷон додааст:“Прокурор ба мо гуфт, ки он шаб Фирдавсро ба назди ҳоҷатхона бурда, латту кӯб мекунанд ва дар пайи зарбаи охир, ки ба гулӯяш рост омадааст, роҳи нафас банд шуда, боиси марги сарбоз дар размоишгоҳ мешавад”. 

Ин модари тоҷик, ки баъд аз як моҳи гусели фарзандаш ба сафи қувваҳои мусаллаҳи кишвар ҷасадашро қабул кардааст, аз мақомоти Тоҷикистон талаб дорад, тамоми омилони марги писарашро пушти панҷара баранд. Хонум Раҳматова аз он ибрози нигаронӣ дорад, ки масъулини додситонӣ дар марги Фирдавс танҳо як сержантро айбдор мекунанд, дар ҳоле ки ба гуфтаи ӯ, дар аввал шаш сарбоз дар робита ба марги писараш боздошт шуда буданд: “Бачаҳаки манро як кас накуштааст. Ҷойи ободеро дар баданаш пайдо кардан мумкин набуд. Инҳо маслиҳат доранду мехоҳанд, айбро дар гардани як нафар бор кунанд. Чӣ магар писари ман таҳти раҳбарии ҳамон сержант ба палигон рафта буд?! Магар онҷо командире набуд?! Хай бачаамро куштанд, майли ҳадди ақал ба мо росташро гӯянд”. 

Латту кӯб ва марги сарбозон аснои хидмат дар сафи қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ҳодисаи наве нест. Дар гузашта низ волидони бархе сарбозон иддао карданд, ки фарзанди онҳо дар пайи мушту лагад маъюб шуда ё ҷон додаанд. Дар интернет низ чандин навори латту кӯби сарбозон аз ҷониби куҳнасарбозон дар гардиш аст. Ахиран, чунин як навор боиси сару садоҳои зиёде шуд, вале масъулини Вазорати дифои Тоҷикистон онро кори дасти “иғвоангезон” хонданд.

Ozodagon