Хуҷанд: Дар коммисияҳои тиббӣ духтурон намерасанд

Дар як мизи гирд дар шаҳри Хуҷанд мавзӯъи «Бақайдгирии ибтидоии ҳарбӣ-пешомадҳо, муаммоҳо ва роҳҳои ҳалли он» бо ширкати созмонҳо, кормандони мақомот ва хабарнигорон баррасӣ шуд.

Ин мизи гирд аз сӯйи созмони дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ, Иттифоқи волидайни сарбозони вилоят, шурои ветеранҳои собиқадорони хидмати ҳарбӣ бо мусоидати молии хазинаи Аврупо-Осиё дар Осиёи Марказӣ баргузор шуд.

Музаффар Бобоҷонов, роҳбари Иттифоқи волидайни сарбозони вилояти Суғд гуфт, ки тибқи омор ҳамасола ҳудуди 20-21 ҳазор нафар ба бақайдгирии ибтидоии ҳарбӣ фаро гирифта мешаванд.

- Ду мушкили аслӣ мавҷуд аст, аввал ин нарасидани духтурон дар комиссияҳои тиббӣ ва таъмин нашудани онҳо бо таҷҳизоти лозима мебошад, афзуд, номбурда.

Фахриддин Ҳакимов, намояндаи Раёсати тандурустии вилояти Суғд таъкид намуд, ки на ҳама шаҳру навоҳӣ барои гузаронидани бақайдгирии ибтидоии ҳарбии шаҳрвандон барои таҳлили хун, пешоб ва ташхиси сутунмӯҳра маблағ ҷудо менамоянд, ки ин кори духтурони комиссияро мушкил менамояд.

Зимнан, Хуршеда Раҳимова, ҳамоҳангсози лоиҳаи «Мусоидат ба идораи самарабахш дар ҷараёни бақайдгирии ибтидоии ҳарбии шаҳрвандон аз ҷониби шӯъбаҳои минтақавии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» гуфт, ки ин лоиҳа дар шаҳри Хуҷанд ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров амалӣ карда шуд ва дар доираи он барои омӯзгорони фанни омодагии дифоъи ҳарбии мактабҳои ин шаҳру навоҳӣ раҳнамо чоп карда шуд: «Ҳамчунин раҳнамо барои волидайн, духтурони комиссияҳои тиббӣ ва кормандони комиссириати ҳарбӣ чоп ва ба онҳо дастрас карда шуд».

faraj.tj