Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Қурбон Ҳамидов, шаҳрванди Тоҷикистон, ки аз 26 январи соли равон дар беморхонаи шаҳри Ступино дар ҳолати беҳушӣ ё кома қарор дошт, даргузаштааст. Татяна Зуева,ҳамсари Қурбон дар марги ӯ кормандони пулисро муттаҳам медонад.
Ҷунбиши умумирусиягии “Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик” мегӯяд, Қурбон Ҳамидов ҳанӯз чор рӯз қабл ба ҳалокат расидааст, аммо табибон хабари марги ӯро ба наздиконашон нарасондаанд.
Татяна Зуева, ҳамсари ин шаҳрванди Тоҷикистон иддао дорад, ӯро пулиси маҳаллӣ латту кӯб карда, баъдан “Ёрии таъҷилӣ”–ро даъват кардаанд. Дар беморхона барои ҷароҳии Қурбон табибон 100 000 рубл талаб кардаанд.