Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Аз рӯзи 22 то 24-уми август дар шаҳри Душанбе тренинг барои судяҳо баҳри тафтиш ва ҳуҷҷатгузории шиканҷа ва дигар намудҳои муносибати бераҳмона, ғайриинсонӣ ё пастзанандаи шаъну эътибор мутобиқ ба стандартҳои Протоколи Истамбулӣ доир гардид.
Чорабинии мазкур аз ҷониби Маркази таълими судяҳои назди Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташкилоти ҷамъиятии «Маркази ҳуқуқи инсон» бо дастгирии «Институти Ҷомеаи Кушода» - Бунёди мадад дар Тоҷикистон баргузор шуд.
Кӯмаки коршиносӣ аз ҷониби ташкилоти байналмилалии «Табибон барои ҳуқуқи инсон» (ҳаммуаллифони Протоколи Истамбулӣ) расонида шуд.
Бояд гуфт, ки аз моҳи апрели соли 2016 инҷониб 4 тренинги серӯза оид ба стандартҳои Протоколи Истамбулӣ гузаронида шудаанд.
«Гуруҳи мо, аз ҷумла ман, имкони кор кардан бо судяҳоеро доштем, ки ҳамзамон таҷрибаи бузурги худро муаррифӣ намуданд. Дар рафти тренинг ба сафи мо инчунин судяҳо-мутахассисҳое пайвастанд, ки омодаанд ислоҳот гузаронанд ва дар роҳи пешгирии шиканҷа ҷузъе аз фаъолияти мо бошанд»,- мегӯяд ҳамоҳангсози гуруҳ оид ба татбиқи Протоколи Истамбулӣ аз ҷониби Эътилофи ташкилотҳои ҷамъиятии зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон Парвина Наврӯзова.
«Умедворам ва кӯшиш мекунам, ки ин оғозҳо хотима наёбанд ва қадами аввали оғози фаъолияти якҷояву муфид бо судяҳо гарданд. Зеро, хусусан судяҳо ҳукм мебароранд ва дар мубориза муқобили шиканҷа нақши муҳим мебозанд. Вале боз зиёд нафарони калидии дигаре ҳастанд, ки дар тафтиши парвандаҳои марбут ба истифодаи шиканҷа ва дигар муносибатҳои бераҳмона нақши муҳим доранд. Дар ҳамкорӣ бо онҳо низ баҳри бартараф намудани шиканҷа фаъолиятҳо ба роҳ монда хоҳанд шуд»,- зикр намуд ӯ.