Сардори ШВКД-и Сино-1 дар латукӯб даст надорад

Қазияи латукӯби Доро Суҳробӣ, хабарнигори ҳафтаномаи «Фараж» зери назорати қатъии  Раҳимзода Рамазон Ҳамро, вазири корҳои дохилии кишвар қарор дорад.

Баъд аз як соати нашри хабар дар сомонаи Faraj.tj бо супориши вазир аз ҷониби Раёсати амнияти дохилии Вазорати корҳои дохилӣ гуруҳи махсус ташкил шуда, ба таҳқиқи ҳодисаи латукӯб оғоз кардаанд.

Кормандони ВКД ва Раёсати амнияти дохилии Вазорати корҳои дохилӣ ба Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон, воқеъ дар кӯчаи Саъдӣ Шерозӣ-16 ҳозир шуда, Доро Суҳробиро ба ШВКД-и Сино-1 барои  додани баёнот даъват намуданд.

Тавре ки худи Доро Суҳробӣ дар суҳбати телефонӣ бо Faraj.tj  аз ШВКД-и Сино-1 иброз дошт, пас аз додани баёнот ӯро бо Сардори милисаи Сино-1 рӯ ба рӯ намуданд. Вале сардор на он нафаре будааст, ки ӯро латукӯб намудааст.

Гуфтаи корманди милисаи «Гипрозем», ки нафари ӯро зада, сардори ШВКД-и Сино-1 аст, комилан дурӯғ будааст. Айни ҳол таҳқиқи ҳодиса идома дорад ва дар назар аст, ки пагоҳ ӯро барои шинохтани нафари латукӯб кардааш ва дигар кормандони ҳифзи ҳуқуқи дар қазия даст дошта, ба шуъбачаи милисаи маҳаллаи «Гипрозем» даъват хоҳанд кард.

faraj