Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон бар зидди шиканҷа ва беҷазоӣ боз як далели муносибати бераҳмона аз ҷониби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқро ба қайд гирифт.
Ба эътилоф зани 34-сола, корманди як созмони байналмилалӣ бо шикоят аз муносибати бераҳмонаи кормандони ШВКД ноҳияи Шоҳмансури пойтахт муроҷиат кард.
Ба гуфтаи ӯ, воқеа ҳангоми рейди тафтиши шиносномаҳои шаҳрвандон, аввали моҳи октябр, дар доираи амалиёти «Нелегал» рух додааст. Зан бо чанд нафар корманди милиса рӯ ба рӯ мешавад, вақте ки онҳо аз дари ҳуҷрааш медароянд. Ҳамчун соҳибхона, ӯ кӯшиш мекунад вазъро равшан созад ва ҳуҷҷатҳои заруриро пешниҳод мекунад. Аммо кормандони милиса бо тасдиқи он, ки ҳоло дар меҳмонии ӯ шаҳрвандони хориҷӣ қарор доранду шиносномаҳояшон бояд санҷида шавад, ба ҳуҷра ворид шуданро идома медиҳанд.
Сарфи назар аз фаҳмониданҳои соҳибхона, кормандони милиса ба ҳуҷраи ӯ ворид гардида, бидуни ягон шарҳ ва бе интизор шудани шиносномаҳо меҳмонҳоро бо зӯрӣ мебароранд. Соҳиби ҳуҷра ба қароре меояд, ки ҳолати рухдодаро дар телефонаш сабт кунад. Яке аз кормандони милиса телефонашро кашида мегирад ва дар посух ба хоҳиши баргардониданаш, ба латукӯби ӯ мепардозад. Аз мӯйҳояш гирифта, ӯро бо зинапоя ба поён мекашад ва ҳамзамон, бо мушт ба сараш мезанад. Зани ҷавон аз ҳамсояҳо кӯмак мехоҳад, аммо касе ҳатто кӯшиши кӯмак расонидан намекунад.
Ӯро бо зӯрӣ ба мошини сиёҳшишаи худ шинонда, корманди милиса латукӯби бераҳмонаашро идома медиҳад.
Бе ягон шарҳ соҳиби ҳуҷраро бо меҳмононаш 4 соат, то соати 12-и шаб гӯё барои муайян кардани шахсияташон дар ШВКД ноҳияи Шоҳмансур нигоҳ медоранд.
Ниҳоят, ними шаб, бо гирифтани забонхат, ки алайҳи маъмурини милиса эроде надоранд, онҳоро раҳо кардаанд.
Эътилоф ҷабрдидаро бо адвокат ва ёрии зарурии ҳуқуқӣ таъмин кардааст.