Ниёзбибӣ Бӯриева

Ниёзбибӣ Бӯриева

Баҳромиддин Шодиев рӯзи 19-уми октябри соли 2011 дар шаҳри Душанбе боздошт гардид. Модараш Ниёзбибӣ Бӯриева ба ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки писараш истеъмолгари мухаддарот буд ва ӯ ҳамон рӯз мехост писарашро барои табобат ба беморхона барад. «Аммо чанде дуртар аз хона ӯро чаҳор корманди милиса дастгир карда, бо худ бурданд, - гуфт ӯ.

- Пас аз як рӯз ӯ дар шӯъбаи эҳёгарӣ беҳуш мехобид. Барои гузаронидани ҷарроҳӣ розигии ман зарур буд, аз ин рӯ, кормандони милиса ба ман хабар доданд, ки писарам дар беморхона аст».

 

Ба қавли модари Шодиев, пас аз чанд рӯзи ҷарроҳӣ писараш ба худ омад ва ӯро ба палатаи умумӣ гузарониданд. «Ҳамон вақт писарам гуфт, ки ӯро кормандони милиса бераҳмона латукӯб карда, маҷбур сохтанд, ки ҷиноёти содирнакардаро бар дӯши худ бигирад. Дар назди писарам корманди милиса истода буд ва ӯ дар ҳузураш нақл кард, ки дар рӯзи боздошт ӯро задаанд ва бо қувваи барқ шиканҷа додаанд. Ӯ ҳамчунин гуфт, ки ҳангоми шиканҷа даҳони ӯро бо скотч бастаанд, то ки доду фарёдашро касе нашунавад. Вақте ӯ дар ҳолати нимбеҳушӣ буд, ба гӯшаш расидааст, ки кормандони милиса дар бораи аз ошёнаи дуюм худро ба поин афкандан  ва бар асари он ҷароҳат бардоштани ӯ забон як мекунанд», - мегӯяд Бӯриева.

Баъд аз чанде вазъи саломатии Шодиев бад гардида, ӯро дубора ба шӯъбаи эҳёгарӣ гузарониданд. Рӯзи 30-юми октябр Шодиев ба ҳуш наомада, фавтид.

Модари ӯ бар ин бовар аст, ки фарзандаш дар натиҷаи латукӯби бераҳмона ва шиканҷа ба ҳалокат расидааст. «Агар писари ман ягон амали ғайриқонунӣ содир карда бошад, бояд аз рӯйи қонун ҷавоб мегуфт ва ҳеҷ кас ҳуқуқ надошт, ки ӯро то мурданаш бизанад», - гуфт ӯ.

Сарчашма: Хабаргузории «Азия-Плюс».

 

Ниёзбибӣ Бӯриева, модари Б.Шодиев