Падари сарбоз: Магар бо ду тир худкушӣ имкон дорад?

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Баъди ду моҳи марги сарбози Горди миллии Тоҷикистон ба ҳангоми хизмат, волидонаш ба худкушии ӯ шубҳа карда мехоҳанд, мақомот фоҷеаи хонаводаи онҳоро холисона ва воқеъбинона таҳқиқ кунанд. Волидони Шӯҳрат Таваллоев ҳоло ба шарҳи расмии сабабҳои марги писар шубҳа карда мегӯянд, эҳтимолан писари 20-солаи онҳо аз тири туфанг кушта шудааст.

Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ, як созмони муҳаққиқи вазъи артиш мегӯяд, аз соли 2014 ба ин сӯ ҳадди аққал 8 ҳодисаи марг дар артишро ба қайд гирифтаанд.

Наздикони Шӯҳрат Таваллоев, сарбози ҳалокшудаи Горди миллии Тоҷикистон ба худкушии ӯ шубҳа доранд ва мехоҳанд ҳақиқати марги писарашон барояшон рӯшан карда шавад. Ҷасади беҷони Шӯҳрат Таввалоеви 20-сола моҳи октябри имсол ба наздиконаш супурда шуд. Мақомот гуфтанд, ин ҷавон бо силоҳи дасташ ва аз беэҳтиётӣ ба худ тир холӣ кардааст.

Аммо Имомдод Таваллоев, падари сарбози фавтида, ки ахиран барои рӯшан кардани қазияи марги писар аз Роштқалъа ба Душанбе омадааст, пас аз сӯҳбат бо муфаттиш ва дидани аксҳои рӯзи марги Шӯҳрат ба ин хулосаи мақомот шак кардааст.

Ин падар мегӯяд, дар аксҳо дида мешавад, ки Шӯҳрат аз ду ҷойи зери манаҳ тир хурдааст ва ба ин далел Имомдод Таваллоев ба ин суол посух меҷӯяд, ки чӣ тавр имкон дорад, ки як нафар ба худ ду маротиба, бахусус дар зери манаҳ тир холӣ кунад:

“Мо то ҳамин рӯзҳои ахир намедонистем, ки ӯ аз зарби ду тир мурдааст. Вақте ҷасадро гирифтем, сараш пурра баста буд ва маро нагузоштанд, ки бандҳоро кушода бубинам. Ба ман гуфтанд, тасодуфан ба худ як тир холӣ кардааст. Вақте Душанбе омадаму муфаттиш аксҳоро ба ман нишон дод, дидем, ки ҷойи ду тир аст. Ҳоло мехоҳам барои ман исбот кунанд, ки чӣ тавр як нафар метавонад дар як сония ба зери манаҳи худ ту тир холӣ кунад? Ин ба ақлу ҳуш намеғунҷад, охир вақте ӯ як бор худашро паронд аз зери манаҳ чӣ хел аз пой наафтод ва як тири дигар холӣ кард?”.

Имомдод Таваллоев мегӯяд, вақте рӯзи 17 октябр ҷасади писарашро ба онҳо дар Роштқалъа супурданд, мақомот нахуст гуфтаанд, ӯ ҳангоми бозӣ бо силоҳи дасташ худкушӣ кардааст. Хонавода ҳам дар аввал ба ин фарзия бовар кардааст, аммо баъдан аз додситонии низомӣ ба онҳо хабар додаанд, ки Шӯҳрат дар пайи лату кӯби ҳамхизматаш даст ба ин кор задааст ва барои “ба ҳолати худкушӣ расонидан”-и ӯ як сержанти Горди миллӣ боздошт шуд.

Додситонӣ: Шӯҳрат худкушӣ кард

Дар як номаи додситонии низомӣ ба унвонии Радиои Озодӣ ҳам гуфта шудааст, ки «рӯзи 16 октябр Мирзобоев - сарбози қатории қисми низомии Горди миллии Тоҷикистон воқеъ дар маҳаллаи Калинини шаҳри Душанбе ҳамхизматони худ Шӯҳрат Таваллоев ва Мустафо Сабзаалиевро дар як синфхонаи алоҳида бо миёнбанди сарбозӣ лату кӯб карда ба онҳо “зарари ҷисмонӣ расонидааст”. Мақомоти додситонӣ дар идома гуфтаанд, ки Шӯҳрат ба кирдорҳои ҳамхизмати худ тоб наоварда “худи ҳамон рӯз, ҳангоми дар ҳайати наряди қаровулӣ қарор доштан, тахминан соатҳои 20:15 дақиқа худро аз силоҳи оташфишон, ки ба ӯ барои иҷрои хизматӣ дода шуда буд, ду тир ба таги манаҳаш мепаронад.”

Додситонии низомии Душанбе гуфт, ки дар робита бо «қазияи худкушии Шӯҳрат Таваллоев, бо моддаи 373, қисми 2 парвандаи ҷиноӣ боз шуда, сарбоз, Мирзобоев ба ҳабси пешакӣ гирифта шудааст».

Волидони Шӯҳрат Таваллоев бо ёдоварӣ аз хислат ва бузургҷуссагии писар мегӯянд, ба ҳеҷ ваҷҳ ӯ барои чанд зарбаи миёнбанд даст ба худкушӣ намезад. Падар мегӯяд, “Ӯ агар харобу ноҷинс мебуд, шояд бовар мекардем. Як ҷавоне буд, ки 100 кило вазн дошт, наход чанд зарбро тоқат накунад? Ҳоло ман ба ин ҳам шубҳа дорам, ки ҷавоне, ки барои марги писари мо боздошт шудааст, дар воқеъ гунаҳгор бошад”.

Шӯҳрат Таваллоев як рӯз қабл аз марг тариқи телефонӣ ба падар занг зада сӯҳбат кардааст. Падар мегӯяд, ӯ ҳеҷ гоҳ аз шарту шароиташ дар хизмат шикоят намекард. Ин сарбоз баъди як соли таҳсил дар Коллеҷи техникӣ ба шӯъбаи ғоибона гузашта ба гуфтаи наздикон ба хизмати артиш рафтааст. То лаҳзаи марг Шӯҳрат 5 моҳ дар қисми низомии Горди Миллӣ, воқеъ дар маҳаллаи Калинини шаҳри Душанбе хизмат кардааст.

"Қазия - сирри тафтишот аст"

Айни замон, масъулони додситонии низомии Тоҷикистон мегӯянд, даст ба худкушӣ задани ин сарбозро ташхиси додгоҳи тиббӣ муайян кардааст ва ҷое барои шубҳа вуҷуд надорад. Як намояндаи ин додситонӣ рӯзи 15 декабр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ”ҷузъиёти ин қазия сирри тафтишот аст ва рӯзҳои наздик мурофиаи додгоҳии ҳодисаи марги Шӯҳрат Таваллоев шурӯъ мешавад. Ҳоло тафтишот идома дорад.”

Дар ҳамин ҳол як тан аз криминалистон, ки аз қазияи Шӯҳрат Таваллоев огоҳ аст, мегӯяд, марги Шӯҳрат мармуз мемонад ва кормандони тафтишотро лозим аст, то "муйро аз хамир" ҷудо кунанд.Зеро ба қавли ӯ, “маълум шудааст, ки ба Шӯҳрат аз силоҳе тир холӣ шудааст, ки дар ҳолати яккатир қарор дошт ва дар ин ҳолат ҳеҷ имкон надорад, ки шахс тавонад ба худ ду тир холӣ кунад. Як тир кофӣ аст, ки ӯ дигар аз пой афтад.”

Аз соли 2014 то имрӯз созмони Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ 17 парвандаи осеби ҷисмонӣ ва марги сарбозонро ҳангоми хизмат ба қайд гирифт, ки аз ин миён дар ҳадди аққал 8 ҳолат марги сарбозон дар ҳангоми хизмат ба қайд гирифта шудааст. Гуфта мешавад, аксари волидони сарбозон ба фарзияҳои худкушии фарзандонашон шубҳа мекунанд.

Ба гуфтаи ҳуқуқшиноси Дилрабо Самадова ҳам дар чанде аз чунин қазияҳо, ки дар аввал худкушӣ арзёбӣ мешавад, тафтишот муайян кардааст, ки сабаби аслии марги сарбоз худкушӣ набудааст. “Дар ҳақиқат парвандаҳое ҳаст, ки ба худкушӣ расонида шуда, ё худаш қасди худкушӣ кардааст. Вале парвандаҳое ҳам ҳаст, ки дар аввал худкушӣ гуфта пинҳон кардаанд, вале баъдан таҳқиқот муайян кардааст, ки худкушӣ набудааст”.

Бадрафтории кӯҳнасарбозон дар нисбати аксарони навдаъватшуда дар артиши Тоҷикистон масъалаи доғ буда, волидонеро, ки фарзандонашон ба синни аскарӣ расидаанд, нигарон мекунад. Агарчи мақомоти низомӣ бахше аз ин парвандаҳоро то додгоҳ бурда, муҷримонро ба солҳои тӯлонӣ ҳабс карданд ва сӯҳбатҳои тарбиявиро бо аскарон ба роҳ мондаанд, аммо фаъолони ҳуқуқи башар, решакан шудани падидаи меҳтарсолорӣ ё "дедовшина"-ро кори сахт медонанд. Онҳо мегӯянд, дар баробари ба ҷавобгарӣ кашидани сарбозони муттаҳам, бояд афсарони фармондеҳи онҳо ҳам масъулият дошта бошанд, дар ин сурат мешавад вазъро тағйир дод.

Ozodi