ТҶ “Ассотсиатсияи Ҳуқуқшиносони Помир”

«Lawyers Association of Pamir»

«Ассоциация юристов Памира»

«Ассотсиатсияи хукукшиносони Помир»

  1. Иттилоъоти асоси оиди ташкилот
  • Таърихи кутоҳ

Ташкилоти ҷамъиятии “Ассотсиатсияи ҳуқуқшиносони Помир” соли 2005 бо ташаббуси ҷавонони  фаъол ва ояндадор ташкил дода шуда, соли 2010 ба тариқи расми аз қайд гузашта шуда буд.

Айни ҳол ташкилот дорои 24 аъзо ҳаст, ки онҳо ҳуқуқшиносони касбӣ ва кордон мебошанд ва на танҳо дар ВМКБ, балки берун аз он фаъолият доранд.

  • Фаъолияти асосии Ассотсиатсия

Хадаф ва мақсадҳои асосии фаъолияти Ташкилот тибқи Оиннома: мусоидат намудан ба пешрафт  ва ташвиқи ҳуқуқ ва озодиҳои асосии инсон, татбиқи стандартҳои байналмиллалӣ оид ба ҳуқуқи инсон дар қонунгузории миллӣ, амалияи истифодаи  ҳуқуқӣ,  мусоидат дар гузаронидани ислоҳоти демократӣ, мустаҳкам кардани принсипҳои демократикунонӣ, тоқатпазирӣ дар  ҷомеа, равиши фаъолкунии ҷомеа бо роҳи инкишофи ҷомеаи шаҳрвандӣ, мусоидат намудан ба ташаккули фаъолияти адвокатӣ дар вилоят, ҳалли масъалаҳои иҷтимои-иқтисодӣ, фарҳангӣ, экологӣ,  ҳуқуқии ҷомеа,  ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон,  ки бо Конститутсияи мамлакат, санадҳои меъёри ҳуқуқии байналмиллалӣ, қонунгузории ҷумҳурӣ мустаҳкам карда шудаанд,  амалӣ гардонидани фаъолияти башардустона. 

Органҳои роҳбарикунандаи Ассотсиатсия

  • Органи олӣ  - Маҷлиси Умумии  аъзоёни ташкилот
  • Органи роҳбарикунандаи доимамалкунанда – Шурои Мушоҳидон;

Ҳайат:

Қаландаров Умед  – Раиси Шурои Мушоҳидон - Директори ICNL дар Тоҷикистон

Азизмамадов Марам – аъзои Шурои Мушоҳидон – Директори ТҶ «Волонтер»

Иргашев Фаромуз - – аъзои Шурои Мушоҳидон, ТҶ “Ассотсиатсияи ҳуқуқшиносони Помир”

- Мақомоти иҷроия – Директор, муовини Директор.

Ҳайат:

Холиқназаров Манучеҳр – Директори ТҶ “Ассотсиатсияи ҳуқуқшиносони Помир”

Чоршамбиев Махмадали – муовини директори ТҶ “Ассотсиатсияи ҳуқуқшиносони Помир”

Одинаев Мамаддод – сармуҳосиби ТҶ “Ассотсиатсияи ҳуқуқшиносони Помир”

 

Шумораи кормандони Асстосиатсия: 6 кас -доимӣ ва 7 кас - волонтёрон, дорои махлумоти ҳуқуқӣ.

  1. Проектҳои ҷоришуда:

Номгуи проектҳо

Донор ва грант

Мӯҳлати амаликунии проектҳо

1

“Барномаи рушди  ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ТҶ дар Осиёи Марказӣ”

Проект бо ҳамроҳи ва дастгирии Маркази Байналмиллалии ҳуқуқи ғайритиҷорати дар Тоҷикистон INTERNATIONAL CENTER FOR NOT-FOR-PROFIT LAW (ICNL)

Аз соли 2010 то 2014

2

«Дастрасии аҳолии камбизоат ба адолати суди дар ВМКБ»

Проект,  бо дастгирии молиявии Шуъбаи Байналмиллалии Институти  “Ҷомеаи  кушод”, Фонди ерманди дар Тоҷикистон. Грант № 7660

Аз 21.06.2011 то 21.06.2012

3

«Дастрасии аҳолии камбизоат ба адолати суди дар ВМКБ-2»

Проект,  бо дастгирии молиявии Шуъбаи Байналмиллалии Институти  “Ҷомеаи  кушод”, Фонди ерманди дар Тоҷикистон. Грант № 8354

Аз 05.09.2012 то 05.12.2013

4

“Озодии ассотсиатсияҳо дар ВМКБ”

Проект, бо маблағгузории Сафорати ИМА дар Тоҷикистон. Грант № STI40013GR0073

Аз 25.09.2013 то 25.09.2014

5

«Ноил шудан ба дастрасии аҳоли ба адолати суди дар ВМКБ»

Проект,  бо дастгирии молиявии Шуъбаи Байналмиллалии Институти  “Ҷомеаи  кушод”, Фонди ерманди дар Тоҷикистон.

Аз 14.11.2013

то  14.11.2014

6

“Баланд бардоштани  ҳимояи ҳуқуқи инсон дар ВМКБ”.

Проекти муштараки ТҶ “Ассотсиатсияи ҳуқуқшиносони Помир” ва “Ассотсиатсияи ҳуқуқшиносони Амрико дар Тоҷикистон” -  Барномаи Волоияти Ҳуқуқ.  Грант № 8729

Соли  2014

7

“Озодии занон дар ВМКБ”

Проект, бо маблағгузории Сафорати ИМА дар Тоҷикистон

Аз 01.10.2014 то 30.09.2015

8

«Дастрасии аҳолии камбизоат ба ҳимоя (юристон/адвокатон) дар ВМКБ»

Проект,  бо дастгирии молиявии Шуъбаи Байналмиллалии Институти  “Ҷомеаи  кушод”, Фонди ерманди дар Тоҷикистон.  Грант № STI40014GR0111

Аз 16 март 2015 то 16 март 2016

9

Дастрасии аҳолии  ВМКБ ба ҳимояи ҳуқуқ тавассути  таълимот дар соҳаи ҳуқуқ”.

Проект бо ҳамроҳи ва дастгирии  Фонди рушди демократия (NED)

С 01 июля 2015 года по 30 июня 2016 года

10

“Озоди ба ассотсиатсияҳо ва дастрасии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба ҳимояи ҳуқуқ тавассути   таълимот дар соҳаи ҳуқуқ дар ВМКБ”

Проект бо ҳамроҳи ва дастгирии  Фонди рушди демократия (NED)

Аз 01 июли 2016 то 30 июни 2017

11

"Лоиҳа оид ба устувории ҳамкории байни милитсия ва ҷомеа дар  ВМКБ"

Проекти муштараки ТҶ “Ассотсиатсияи ҳуқуқшиносони Помир” ва Saferworld (Сейферворлд)

Аз моҳи июни 2016 то айни ҳол

12

“Озодии ассотсиатсияҳо дар ВМКБ”

Проект бо ҳамроҳи ва дастгирии Маркази Байналмиллалии ҳуқуқи ғайритиҷорати дар Тоҷикистон INTERNATIONAL CENTER FOR NOT-FOR-PROFIT LAW (ICNL)

Аз моҳи октябри 2016 то моҳи  апрели 2017

 

13

Реализуется проект «A Solidarity Initiative on Behalf of Human Rights Defenders in the Former Soviet Union»

“Ҳамфикрӣ ва Ташаббускорӣ дар роҳи Ҳимояи Ҳуқуқи Инсон дар Иттиҳоди Шуравии собиқ”

Проект бо дастгирии Шарикии Байналмиллалӣ оид ба Ҳуқуқи Инсон

International Partnership for Human Rights (IPHR)

 

1/1/2017– 30/06/2019

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Алоқамандӣ бо мақомотҳои давлатӣ

Ассотсиатсия барои ҳалли мушкилотҳое, ки аҳолии ВМКБ ба онҳо дучор мешавад, ва инчунин мушкилотҳое, ки тааллуқ ба ҳамкори байни  мақомотҳои давлатӣ ва ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ доранд, алоқамандии устувор мекунад.

Кормандони Ассотсиатсия барои иштирок дар маъракаҳои гуногун, ки аз тарафи мақомотҳои давлатӣ амал мешаванд даъват карда мешаванд ва дар навбати  худ, намояндагони мақомотҳои давлатиро низ даъват мекунанд.

Мақомотҳои давлатӣ ба ноилҳое, ки ба онҳо Ассотсиатсия расидааст, баҳои баланд медиҳанд ва ташаббусҳояшро ҳаматарафа дастгири мекунанд. Махсусан, дар ноҳияҳои ВМКБ, ки Ассотсиатсия Марказҳои ерии ҳуқуқиро кушодааст, ин дастгири намоено аст.

Ҳангоми мулоқотҳо бо роҳбарони мақомотҳои давлатии ноҳияви, намояндагони онҳо изҳори миннатдории хешро барои кумак ва консултатсия, ҳимояи ҳукуқи шаҳрвандони камбизоат дар мақомоти адлия ва давлати баен мекунанд.

 

 

Алоқамандӣ бо ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ташкилотҳои байналмиллалӣ

  • Ассотсиатсия аъзои коалитсияи зидди шиканҷа дар ҶТ мебошад (дар ҳамаи маъракаҳои колитсия иштирок дорад)
  • Ассотсиатсия узви гуруҳи комиссия доир ба ислоҳоти милитсия дар ВМКБ мебошад
  • Ассотсиатсия, ғайр аз ин, дар мониторингҳои гуногун оид ба ҳуқуқи инсон иштирок мекунад:
  • мониторинги “Дастрасӣ ба адолати судӣ”
  • мониторинги “Ҷазои қатл, омӯзиши ақидаи ҷамъиятӣ”
  • мониторинги “Ислоҳоти милитсия”
  •  мониторинг  ”Оид ба руйдодҳои 24.07.2012 дар ш. Хоруғ”

 

 

Нашр ва чоп

Дар муддати мавҷуд буданаш, ТҶ “Ассотсиатсияи ҳуқуқшиносони Помир” иттилооти гуногунро дар мавзуи ҳуқуқи инсон дар нашрияҳои «Импульс» ва «Памир-Инфо»  чоп карда буд. Ба ғайр аз ин, Ассотсиатсия дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба монанди facebook.com фаъолона кор карда истодааст.

 

  1. Тамос

Ташкилоти ҷамъиятии «Ассотсиатсияи ҳуқуқшиносони Помир», 736000, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ВМКБ, ш. Хоруғ, куч. Шириншо Шотемур 131/5, тел/факс: (+992)3522 26522,  (+992) 44 620 5025,    E-mail: lap.taj.pamir@gmail.com