Низомнома оид ба гуруҳи мониторинги ҷойҳои маҳрумӣ аз озодӣ

   Бо фармони Ваколатдор оид

                          ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумхурии

                       Тоҷикистон №  2  аз « 31 » декабри

                  соли 2013 тасдиқ шудааст

 

НИЗОМНОМА

ОИД БА ГУРУҲИ МОНИТОРИНГИ ҶОЙҲОИ МАҲРУМӢ АЗ ОЗОДӢ

 

  1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
  2. Гуруҳи мониторинги ҷойҳои маҳрумӣ аз озодии назди Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд Гуруҳ) бо мақсади пешгирии шиканҷа ва муносибати бераҳмона дар муассисаҳои маҳрумкунӣ ва маҳдудкунӣ аз  озодӣ, беҳтар намудани шароити нигоҳдорӣ, таъмини фаъолияти самараноки низоми боздидҳои пешгирикунандаи доимии муассисаҳои маҳрумкунӣ ва маҳдудкунӣ аз  озодӣ, ҳамкорӣ бо мақомоти давлатӣ барои таъмини фаъолияти самараноки низоми пешгирии шиканҷа ва муносибати бераҳмона таъсис дода мешавад.     
  3. Гуруҳи мониторингӣ қисми таркибии Гуруҳи корӣ оид ба боздид ва гузаронидани мониторинг дар ҷойҳои маҳрумӣ аз озодӣ буда, фаъолияти он ба боздид ва мониторинги  ҷойҳои маҳрумӣ аз озодӣ, гузаронидани семинарҳо ва тренингҳо барои кормандони муассисаҳои мазкур оид ба омўзонидани меъёрҳои байналмилалӣ ва миллии муносибат бо шахсони аз озодӣ маҳрумшуда ва ҳамчунин, таҳия ва пешниҳоди тавсияҳо оид ба имконияти ба тасвиб расонидани Протоколи иловагии Конвенсияи зидди шиканҷа равон карда шудааст.
  4. Асоси ҳуқуқии фаъолияти Гуруҳро Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумхурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва ҳамчунин Низомномаи мазкур ташкил медиҳанд.
  5. Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон фаъолияти аъзои Гуруҳро ҳамоҳанг намуда, барои таъмини иқтидори зарурӣ ва дониши касбии аъзои Гурўҳ чораҳо меандешад.
  6. Аъзои Гуруҳ бемузд фаъолият мекунанд. Дар ҳолатхои сафар кардан ба минтақаҳои кишвар, хароҷоти сафар ва истиқомати аъзои Гуруҳ аз ҳисоби маблағҳои Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва маблағҳои ҷалбгардида пўшонида мешаванд.
  7. Барои мақсадҳои Низомномаи мазкур зери мафҳуми ҷойхои маҳрумкунӣ ва махдудкунӣ аз озодӣ инҳо фаҳмида мешаванд:  
  • шуъбаҳои милиса;
  • тавқифгоҳҳои тафтишотӣ ва тавқифгоҳҳои нигохдории муваққатӣ;
  • муассисаҳои иҷрои ҷазоҳои ҷиноятӣ;
  • марказҳои муваққатан дар ҳабс нигоҳ доштани ноболиғон (Қабулгоҳ-таҳвилгоҳҳо);
  • марказҳои боздошти маъмурии гурезаҳо ва муҳоҷирони ҳабсшуда;
  • муассисаҳои психиатрӣ ва наркологӣ;
  • муассисаҳои иҷтимоӣ (хонаҳои калонсолон ва ғ.)
  • ҷойҳои нигоҳдории зери тобеияти муассисаҳои ҳарбӣ;
  • ҷойҳои дастгиркунии маъмурӣ.
    1. Ҳангоми гузаронидани мониторинг, аъзои Гуруҳ чунин принсипҳои асосиро ба роҳбарӣ мегиранд: донистани стандартҳои ҳуқуқи инсон; мустақилият; ба табъиз роҳ надодан; касбият; маҳрамият; беғаразӣ ва холисӣ; эхтироми мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва шахсони аз озодӣ маҳрумшуда.
  1. БОЗДИДҲО
    1. Боздидҳои пешгирикунанда ба ҷойҳои маҳрумкунӣ ва маҳдудкунӣ аз озодӣ дар асоси нақшаи тасдиқшудаи Гуруҳ ба воситаи боздидҳои даврӣ бо гузаронидани тафтиши ҳаматарафа ва боздидҳои фосилавӣ  ё махсус амалӣ карда мешаванд.     

1) Боздидҳои пешгирикунанда ба ҷойҳои маҳрумкунӣ ва маҳдудкунӣ аз озодӣ бо гузаронидани тафтиши ҳаматарафа,  максади таҳлили фарогир ва санҷиши низоми маҳрумкунӣ ва маҳдудкунӣ аз озодӣ, ошкорсозии омилҳои асосии истифодаи шиканҷа ва муносибати бераҳмона нисбати шахсони аз озодӣ маҳрумшуда ва  озодиашон маҳдудшударо дорад. Боздидҳо бо гузаронидани тафтиши ҳаматарафа суҳбатҳои фардӣ бо шахсони дар ҷойҳои  маҳрумкунӣ ва маҳдудкунӣ аз озодӣ нигоҳдошташаванда, таҳлили маълумоти ба ин шахсон дахлдошта, аз ҷумла,  кортҳои тиббии шахсони алоҳида бо розигии онҳо, амру фармонҳои маъмурият оиди ҷазодиҳӣ, ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи қонунӣ будани дар ин ҷойҳо нигох дошта шудани онҳоро дарбар мегиранд.  

2) Боздидҳои фосилавии ҷойҳои маҳрумкунӣ ва маҳдудкунӣ аз озодӣ дар давраи байни боздидҳои ҳаматарафа, баъди фосилаи номуайяни вақт, бе огоҳкунии пешакӣ сурат мегиранд.      Мақсади  боздидҳои фосилавии пешгирикунанда назорати иҷрои тавсияҳо ва кафолати барои ҳамкорӣ бо гуруҳи боздиди пешгирикунандаро анҷомдода  шиканҷа нашудани шахсони аз озодӣ маҳрумшуда ё шахсони озодиашон маҳдудшуда ва кормандони ҷойҳои маҳрумкунӣ ва маҳдудкунӣ аз озодӣ мебошад.    

3) Боздидҳои махсус бо расидани ҳар як маълумоти истифодаи шиканҷа ва муносибати бераҳмона, ҳолати марг дар ҷойҳои маҳрумкунӣ ва маҳдудкунӣ аз озодӣ ё барои баррасии масъалаи алоҳида гузаронида мешаванд. 

2.2. Гуруҳ дар мувофиқа бо Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон аз ҳама гуна ҷойҳои маҳрумкунӣ ва маҳдудкунӣ аз  озодӣ, ки зери салоҳияти Ҷумхурии Тоҷикистон мебошанд, боздид мекунад.

2.3. Гуруҳ номгўи  ҷойҳои маҳрумкунӣ ва маҳдудкунӣ аз озодиро, ки дар тобеияти мақомоти гуногунанд  тартиб дода, мунтазам таҷдиди назар мекунад.     

  1. Гуруҳ дар мувофиқа бо Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҷойҳои маҳрумкунӣ ва маҳдудкунӣ аз озодиро барои боздиди пешгирикунанда интихоб мекунад ва ҳамчунин, мутобиқи нақшаи тасдиқшуда боздиди даврии ин ё он ҷойҳои маҳрумкунӣ ва маҳдудкунӣ аз озодиро муайян мекунад.
  2. Барои амалӣ гардонидани боздидҳои пешгирикунандаи ҷойҳои маҳрумкунӣ ва маҳдудкунӣ аз озодӣ  Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон гуруҳҳои боздидро ташкил менамояд.  Дар ҳолатҳои зарурӣ, барои иштирок дар боздидҳои  пешгирикунандаи ҷойҳои маҳрумкунӣ ва маҳдудкунӣ аз озодӣ ба таври иловагӣ мутахассисони соҳаҳои гуногун ҷалб карда мешаванд. Ҳайат ва миқдори гуруҳ аз намуди боздиди  пешгирикунанда, намуди ҷойи маҳрумкунӣ ва маҳдудкунӣ аз озодӣ ва шумораи боздоштшудагони муассиса вобаста мебошад. Дар ҳар сурат, ҳадди аққали ҳайати гуруҳ барои боздид бояд аз ду нафар кам набошад ва яке аз онҳо бояд узви Гуруҳ бошад.  
  3. Гуруҳ бо иҷозати маъмурият бо нишон додани ҳуҷҷат ва рохҳати шакли муайяни аз тарафи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон додашуда, вориди   ҷои маҳрумкунӣ ва маҳдудкунӣ аз озодӣ мегардад. 
  4. Таъмини бехатарии аъзои гуруҳи боздиди пешгирикунандаи ҷойи маҳрумкунӣ ва маҳдудкунӣ аз озодӣ ба зиммаи маъмурияти ин ҷойҳо вогузор мешавад.  Амалигардонии чораҳои бехатарӣ нисбати аъзои гуруҳ набояд принсипи маҳрамиятро ҳангоми мониторинг вайрон кунанд.    
  5. Дар натиҷаи ҳар як боздиди пешгирикунандаи ҷойи маҳрумкунӣ ва маҳдудкунӣ аз озодӣ гузориши хаттӣ дар шакли аз тарафи ВҲИ тасдиқшуда тартиб дода ва аз ҷониби ҳамаи аъзои дар боздид ширкатдошта имзо мешавад. Узви гуруҳи корӣ ҳуқуқ дорад фикри махсуси худро ба гузориш замима намояд.
  6. Гузоришҳо, ба истиснои маълумоти маҳрамона ва хислати шахсидошта, дар сомонаи расмии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дарч мешаванд.   
  7. Аъзои гуруҳи корӣ уҳдадоранд маҳрамияти маълумоти дар ҷараёни боздид ва мониторинги ҷойҳои маҳрумӣ аз озодӣ гирифтаро  ҳифз намоянд.

 

  1. ТАРТИБИ ТАЪСИС ДОДАНИ ГУРУҲ
    1. Гуруҳи оид ба мониторинги ҷойҳои маҳрумӣ аз озодӣ аз тарафи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон таъсис дода мешавад.
    2. Ҳама гуна шахси қобили амал, ки соҳиби маълумоти олӣ мебошад ва таҷрибаи кории ҳуқуқшиносӣ, омузгорӣ, тиббӣ, равоншиносӣ, психиатрӣ, таҷрибаи кор дар муассисаҳои иҷтимоӣ ва ҳамчунин, таҷрибаи кор бо гуруҳҳои осебпазири ахолӣ, ба монанди муҳоҷирон, ноболиғон, шахсони қобилияти амалашон маҳдуд, аққалиятҳои забонӣ ва этникӣ ва ҳамчунин таҷрибаи касбии идоракунӣ ва амалигардонии назорат аз болои ҷойҳои маҳрумӣ аз озодӣ ё таҷрибаи мониторинги ҷойҳои маҳрумкунӣ ва маҳдудкунӣ аз озодиро дорад, узви Гуруҳ шуда метавонад.
    3. Муҳлати ниҳоии фаъолияти узви Гуруҳ аз се сол зиёд шуда наметавонад.  
    4. Дар амалигардонии мониторинги ҷойҳои маҳрумӣ аз озодӣ намояндагони мақомоти давлатие, ки фаъолияти онҳо таҳти мониторинг қарор дода мешавад, иштирок карда наметавонанд.   
    5. Намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятие, ки бо тартиби муқаррарнамудаи қонун ба қайд гирифта шуда, фаъолияти оинномавии онҳо бо ҳифзи ҳуқуқи озодӣ аз шиканҷа ва намудҳои бераҳмонаи муносибат ва ҷазо алоқаманд аст, аъзои Гуруҳ шуда метавонанд. Намояндагии Эътилоф ва шабакаи ТҒД ба Гуруҳ бо роҳи пешбарии номзадҳо ба Гуруҳ аз тарафи Эътилоф (шабака) ва тасдиқи минбаъдаи номзадҳо аз ҷониби   Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон амалӣ мегардад.  Аъзои Гуруҳ бо пешниходи ташкилотҳои ҷамъиятӣ аз тарафи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон иваз карда мешаванд.   
    6. Ҳар як узви гуруҳи корӣ дар асоси хуҷҷате, ки аз тарафи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дода шудааст, фаъолият мебарад. Дар ҳуҷҷат ному насаби ин шахс, муҳлати шаҳодатнома, имзо ва муҳри ВҲИ сабт мешаванд.    

 

  1. ҲУҚУҚ ВА УҲДАДОРИҲОИ АЪЗОИ ГУРУҲ
    1.  Аъзои Гуруҳ ҳангоми амалигардонии фаъолияти худ ҳуқуқ доранд:

1) бо тартиби муқарраршуда дар ҳайати гуруҳҳои ташкилшуда боздидҳои пешгирикунандаро амалӣ намоянд;

2) оид ба шумораи шахсон дар муасисаҳои боздидшаванда, миқдори чунин муассисаҳо ва ҷои ҷойгиршавии онҳо маълумот гиранд;

3) тибқи қонунгузории ҶТ ба маълумоти вобаста ба муносибат бо шахсоне, ки дар муассисаҳои боздидшаванда нигоҳ дошта мешаванд ва ҳамчунин шароити нигоҳдории онҳо дастрасӣ дошта бошанд;

4) бо шахсоне, ки дар муассисаҳои боздидшаванда нигоҳ дошта мешаванд ё бо намояндагони қонунии онҳо бе иштироки шоҳидон, шахсан ва дар ҳолати зарурӣ бо иштироки тарҷумон ва ҳамчунин бо ҳар гуна шахсе, ки ба фикри узви гуруҳи корӣ маълумоти дахлдорро пешниҳод карда метавонад, суҳбат дошта бошанд;

5) сабти акс, овоз ва видеоиро анҷом дода, ҳуҷҷатҳои аз маъмурияти ҷойҳои маҳрумкунӣ ва маҳдудкунӣ аз озодӣ гирифтаро нусхабардорӣ намоянд. Сабти акс, овоз ва видеоии объектҳое, ки бехатарӣ ва муҳофизати шахсони аз озодӣ маҳрумшуда ва маҳдудшударо таъмин мекунанд, бо иҷозати хаттии маъмурият ва ҳамчунин, иҷозати хаттии шахсоне, ки сабти акс, овоз ва видео ба онҳо дахл дорад, амалӣ мегардад;

6) маълумот ва шикоятҳоро оид ба истифодаи шиканҷа ва дигар намудҳои муносибат ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ва таҳқиркунандаи шаъну шараф қабул намоянд;

7) дар ҳолати зарурӣ, дар ҷойҳои маҳрумкунӣ ва маҳдудкунӣ аз озодӣ расонидани ёрии таъҷилии тиббӣ ва ташхиси тиббии шахсонеро, ки мавриди шиканҷа қарор дода шудаанд, талаб намуда, дар гузаронидани ин амалҳо бо розигии ин шахсон иштирок кунанд ва ҳамчунин изхороти дахлдор намоянд.

  1. Аъзои Гуруҳ ҳангоми амалигардонии фаъолияти худ уҳдадоранд:

1) қонунгузории Ҷумхурии Тоҷикистонро риоя намоянд.

2) ба амали таҳқиркунандаи шаъну шарафи кормандони ҷойҳои маҳрумкунӣ ва маҳдудкунӣ аз озодӣ, ки қоидаҳои дохилиро таъмин мекунанд ва ҳамчунин онҳое, ки аз озодӣ маҳрум ё маҳдуд шудаанд, роҳ надиҳанд;

3) оиди ҳолати тасдиқшудаи истифодаи шиканҷа ва муносибати бераҳмонаи шахсони аз озодӣ маҳрум ва ё маҳдудшуда, барои минбаъд фиристодани хабар ба мақомоти прокуратура барои тафтиши ҳолатхои кор, гузаронидани тафтиш ва андешидани чораҳо барои мувофиқи қонунгузории ҶТ ба ҷавобгарӣ кашидани гунаҳкорон фавран ба ВҲИ хабар диҳанд.

4)  Маълумот ва шикоятҳои оиди истифодаи шиканҷа ва дигар намудҳои муносибат ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ё таҳқиркунандаи шаъну шараф дастраснамударо ба қайд гирифта, барои баррасӣ ба ВҲИ дар ҶТ пешниҳод намоянд. Иттилоот оиди маълумоти қабул ва фиристодашуда ба гузориш оид ба натиҷаҳои боздидҳои пешгирикунанда ҳамроҳ карда мешаванд.