Рӯзи озодии матбуот: Эътилофи зидди шиканҷа журналистонро қадрдонӣ кард

Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон рӯзи 3-юми май дар нишасте бахшида ба Рӯзи байналмилалии озодии матбуот хабарнигорон ва расонаҳои фаъоли кишварро бо туҳфаву дипломҳо қадрдонӣ кард.

Дар ин нишаст, ки бо ташаббуси ташкилоти ҷамъиятии Шӯрои ВАО-и ҶТ, АМВАОМТ, Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, Ташкилоти ҷамъиятии «Хома» ва Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон бо дастгирии Дафтари САҲА дар Тоҷикистон, Сафорати ИМА дар Тоҷикистон, Сафорати Британия дар Тоҷикистон ва Институти «Ҷамъияти кушода» - Бунёди Мадад дар Тоҷикистон дар меҳмонхонаи «Шератон» баргузор гардид, роҳбари Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон Нурмаҳмад Халилов сухан гуфта, рӯзноманигоронро бо ҷашни касбиашон табрик намуд.

- Дар фаъолиятҳои худ мо бо воситаҳои ахбори омма ва рӯзноманигорон ҳамкории хуб дорем. Мехостам ба рӯзноманигорон миннатдории худро барои саҳм гузоштанашон дар самти ҳифзи ҳуқуқҳои инсон баён дорам ва онҳоро бо Рӯзи озодии матбуот табрик мегӯям. Мо низ хостем аз ҷониби худ чанд туҳфае ба рӯзноманигороне, ки дар самти ҳуқуқи инсон саҳми худро гузоштаанд, тақдим намоем,- изҳор дошт ӯ.

Сипас, Нурмаҳмад Халилов ва намояндаи дигари Эътилоф, роҳбари ТҶ «Маркази мустақили ҳифзи ҳуқуқи инсон» Шоира Давлатова туҳфаҳоро ба рӯзноманигорон Алишер Зарифӣ, Мирзонабӣ Холиқзод, Мавзуна Абдуллоева, Шамсулло Фозилов ва дипломҳоро ба расонаҳои «Озодӣ», «Озодагон», «Азия-плюс» ва «Фараж» тақдим намуданд.

Тавре қаблан иттилоъ дода будем, Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон тасмим гирифта буд ба муносибати Рӯзи байналмилалии озодии матбуот рӯзноманигорон ва воситаҳои ахбори оммаи дар инъикоси масоили шиканҷа фаъолро бо диплом ва туҳфаҳо қадрдонӣ намояд. Ба туҳфаҳо рӯзноманигороне сазовор дониста шуданд, ки пайваста қазияҳои вобаста ба шиканҷа ва дигар намудҳои муносибатҳои бераҳмонаву ғайриинсониро инъикос намуда, ба ин васила барои пешгирӣ ва ё заиф кардани доираи истифодаи чунин амалҳои номуносиб саҳм гузоштаанд. Ҳамзамон, воситаҳои ахбори оммае соҳиби диплом гардиданд, ки барои нашри матолиби рӯзноманигорон ва ибрози андешаи қурбониёни шиканҷа ва наздикони онҳо замина фароҳам овардаанд.

Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон соли 2011 таъсис ёфта, ҳудуди 80 нафар - намояндагони ташкилотҳои ҳуқуқҳимоякунанда, адвокатҳо, рӯзноманигорон, равоншиносон ва коршиносонро баҳри бартарафсозии шиканҷа дар Тоҷикистон муттаҳид месозад. Эътилоф фаъолияти худро дар асоси Қоида ва шартҳои иштирок дар Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон ва Стратегияи ҷомеаи шаҳрвандӣ барои мубориза бо шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон, ки мувофиқа шудаанд, амалӣ менамояд.

NoTorture.Tj