- Ягон одам аллакай бо дарки ҳуқуқ ва адолат ба дунё намеояд, аммо табиати инсонӣ тавре мураттаб шудааст, ки мувофиқи синну сол ин воқеиятҳо оҳиста-оҳиста ба таври табиӣ коркард мешаванд.
Ҳанӯз дар синни наврасӣ, вақте дарк кардам, ки ҳуқуқ ва адолат чист, дар ман хоҳиши машғул гардидан ба ин кори бузург пайдо шуд.
Дар фаъолияти касбии худ ман зиёд бо ҳолатҳои нақзи ҳуқуқи инсон ва беадолатӣ вомехӯрам. Бо истифода аз тамоми донишу таҷрибаи худ, ман кӯшиш мекунам ба одамон барои барқарор намудани адолат кӯмак расонам. Вақте ки дар ин кор муваффақ мешавам, худро хушбахттарин одам ҳис мекунам.
Хирадманде беҳуда нагуфтааст: «Вақте адолат ғайб мезанад, чизе боқӣ намемонад, то тавонад ба ҳаёти одамон арзиш бахшад».