- Ба соҳаи ҳимоятгарии ҳуқуқ ман ҳамчун журналист бо мақсади омӯхтани журналистикаи ҳуқуқҳимояткунанда омадам ва он вақт фикр намекардам, ки ин соҳа солҳои дароз маро ба худ ҷалб мекунад. Шояд ин ба он алоқаманд бошад, ки махсусан дар ҳамин соҳа ман имконияти кӯмак расонидан ба одамон, мусоидат намудан барои амалӣ гаштани манфиат ва ҳуқуқу озодиҳои онҳо дар сатҳи миллӣ ва байналмилалӣ дорам. Мехоҳам зикр намоям, ки ба соҳаи ҳимоятгарии ҳуқуқ одамони тасодуфӣ намеоянд. Инҳо шахсиятҳои пурзӯранд, шахсоне, ки барояшон арзиши волотарин шаъну шарафи инсон аст, онҳое, ки дар қалбашон муҳаббат нисбати одамон ҷой дорад ва одамоне, ки аз ҳиссиёти адолат бархӯрдоранд. Касбе ба монанди ҳимоятгари ҳуқуқ нест, фаъолияти ҳимоятгарии ҳуқуқ - ин маънии ҳаёт аст. Инҳо нафароне ҳастанд, ки омодаанд дилхоҳ вақт ба кӯмак расанд. Барои ҳамин, на ҳар нафари ба ин соҳа омада чунин сарбориро тоқат карда метавонад. Танҳо онҳое устувор мемонанд, ки ба адолат ва арзишмандии ҳуқуқи инсон бовар доранд.