- Дар давоми зиёда аз 12 сол аз ҷониби мутахассисони ташкилоти мо бо одамоне, ки маводи мухаддири тазриқӣ истеъмол мекунанд ва бо аҳли оилаи онҳо барои пешниҳоди хизматрасониҳои пешгирикунанда дар доираи лоиҳаҳои паст намудани зарар корҳои бузург анҷом дода шудааст. Солҳои аввали кор нисбати ин гуруҳи калидӣ аз ҷониби зиёд сохторҳои ҷомеа, инчунин аз тарафи аъзои оила табъиз ва аломатгузорӣ мушоҳида мешуд. Як мутафаккири бузурги олмонӣ гуфтааст, ки «агар тарбиягиранда хуб тарбия наёбад, пас худи тарбиядиҳандаҳоро тарбия кардан лозим аст». Бояд аз худ оғоз намуд. Бояд ҳама қолибҳо, намунаҳо ва арзишҳои куҳнашударо ба партовгоҳи таърихӣ партофт. Аз ҷониби мо барои ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои ин гуруҳи калидӣ бисёр чорабиниҳои тарғиботӣ гузаронида шуд. Сарфи назар аз он, ки мо натиҷаҳои амалии манфиатовар ба даст овардему ин моро хушҳол мекунад, ҳамзамон мушкилиҳои зиёд дар пешанд. Муътодҳо аъзои комилҳуқуқи ҷомеа ҳастанд. Қарзи шаҳрвандии мост, ки тамоми кӯшишҳоро ба харҷ диҳем, то онҳо дар баробари дигарон тавонанд аз ҳуқуқҳои худ бархӯрдор бошанд, хусусан аз ҳуқуқҳо барои дастрасӣ ба хизматрасонии тиббӣ, таҳсилот ва шуғл.