Гурўҳ оид ба мониторинг тренинг мегузаронад

Дар Тоҷикистон дар доираи лоиҳаи Иттиҳоди Аврупо - "Амал барои озодӣ аз шиканҷа дар Тоҷикистон" аз 27 то 29-уми ноябри соли 2017 тренинги "Стандартҳои байналмилалӣ ва дохилидавлатӣ дар самти солимии равонӣ бо ишора ба муассисаҳои пўшида" баргузор мегардад.

Ҳадафи тренинг баланд бардоштани касбияти аъзои Гурўҳ оид ба мониторинги ҷойҳои маҳрумият аз озодии назди Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаи ҳуқуқҳои шахсонест, ки дар муассисаҳои рўҳӣ қарор доранд. Иштирокчиёни тренинг 15 нафар аъзои Гурўҳ оид ба мониторинг мебошанд.

Ба ҳайси тренерҳо коршиносони байналмилалӣ аз Фонди Хелсинки оид ба ҳуқуқи инсон дар Варшава Ленур Керимов ва Агнешка Клосовска баромад хоҳанд кард.

Тренинг дар Маркази тиҷоратии «Вефа» рўзи 27-уми ноябр, соати 12:00 оғоз мегардад. Таваҷҷўҳмандон метавонанд барои гирифтани маълумоти иловагӣ ба Таҳмина Ҷўраева, ҳамоҳангсози Гурўҳ оид ба мониторинги ҷойҳои маҳрумият аз озодӣ, ТҶ «Идораи ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният» тариқи телефони +992 90 500 13 32 ё почтаи электроинии juraeva.t@gmail.com муроҷиат намоянд.

Бояд гуфт, ки Гурўҳ оид ба мониторинг боздиди ҷойҳои маҳрумият аз озодиро аз моҳи феврали соли 2014 оғоз намуд. Аз моҳи феврали соли 2014 то моҳи ноябри соли 2017 гурўҳ зиёда аз 40 муассисаи пўшида ва нимапўшида - тавқифгоҳи муваққатӣ, СИЗО, муассисаҳои ислоҳӣ ва иҷтимоӣ, муассисаҳои нигоҳдории кўдакони дар мухолифат бо қонун қарордошта, муассисаҳои рўҳӣ ва наркологиро боздид кард.

Ёдовар мешавем, ки Гурўҳ оид ба мониторинг бо фармони Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи декабри соли 2013 таъсис ёфта, дар асоси Низомнома фаъолият мекунад. Ба ҳайати Гурўҳ оид ба мониторинг намояндагони Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва ҷомеаи шаҳрвандӣ - аъзои Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ ва ТҶ «Авеста» дохил мешаванд.

NoTorture.Tj