Ба Тоҷикистон мебояд, ки Рӯзи байналмилалии маъюбонро таҷлил намуда, Конвенсия оид ба ҳуқуқи маъюбонро ба тасвиб расонад

Дар ҷараёни Тафсири даврии универсалии ҳисоботи оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон аз ҷониби Шӯрои ҳуқуқи инсони Созмони Милали Муттаҳид (СММ), ки баррасии он 6 майи соли 2016 баргузор гардида буд, зиёда аз бист кишварҳои Африка, Осиё, Европа ва Америкаи Лотинӣ ба Тоҷикистон тавсия намуданд, ки Конвенсия оид ба ҳуқуқи маъюбонро (КҲМ) ба тасвиб расонад. Тавсияи мазкур аз ҷониби мақомоти кишвар кабул гардид. Зиёда аз сад ташкилоти ҷомеаи шаҳрвандии милли, минтақавӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ, экспертҳои мустаъқил муроҷиат ҷиҳати қайд намудани Рузи байналмилалии маъюбон, ки ҳамасола 03 декабри қаъд карда мешавад бо даъвати ба тасвиб расонидани Конвенсияи оид ба ҳуқуқи маъюбон, омода намуданд.

Рӯзи байналмилалии маъбон соли 1992 аз ҷониби Ассамблеяи Генералии СММ бо мақсади ҷалб намудани таваҷҷӯҳ ба ҳуқуқҳои шахсони дорои маъюбӣ ва некӯаҳволии онҳо дар тамоми соҳаҳои ҳаёт муқаррар карда шуда буд. Айни ҳол 175 кишвар дар саросари ҷаҳон давлатҳои аъзои КҲМ мебошанд ва 160 кишвар онро ба имзо расонидааст. Тоҷикистон – ягона кишварест дар Осиёи Марказӣ, ки Конвенсияи мазкурро ба имзо нарасонидааст ва онро ба тасвиб нарасонидааст. [1] 

Ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ассотсиатсияҳои (иттиҳодияҳои) Тоҷикистон, ки ҳуқуқҳои маъюбонро ҳимоят мекунанд ва онҳоро дастгирӣ менамояд, чандин маротиба дар мавриди табъизи онҳо дар соҳаи таҳсилот, шуѓли меҳнат ва тандурустӣ изҳори ташвиш намудаанд. Ба тасвиб расонидани КҲМ иқдоми муҳиме хоҳад буд дар самти таъмини ҳуқуқҳои инсонии шахсони дорои маъюбӣ.

7 июни соли 2017 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Нақшаи миллии амалҳо оид ба иҷрои тавсияҳои давлатҳои аъзои Шӯрои Созмони Милали Муттаҳидро доир ба ҳуқуқи инсон барои солҳои 2017-2020 ба имзо расонид, ки тибқи он Ҳукумати Тоҷикистон ӯҳдадор шудааст, ки то соли 2017 Конвенсия оид ба ҳуқуқи маъюбонро ба имзо расонад ва ба гурӯҳи корӣ супориш додааст, ки барои минбаъд ба тасвиб расонидани Конвенсияи мазкур тадбирҳои зарурӣ андешад. Дар Тафсири даврии универсалӣ дар тӯли моҳи майи соли 2016 як қатор давлатҳои аъзо низ ба Тоҷикистон тавсия намуданд, ки ба Протоколи иловагии Конвенсия ҳамроҳ шавад, зеро он ба шахсони алоҳида имкон медиҳад ба Кумитаи оид ба ҳуқуқи маъюбони СММ шикоятномаҳои худро пешниҳод намоянд, агар онҳо чунин шуморанд, ки ҳуқуқҳои дар Конвенсия муқарраргардидаи онҳо поймол гардидааст. Нақшаи миллӣ омӯзиши масъалаи оид ба ҳамроҳшавӣ ба Протоколи иловагии Конвенсия ва то охири соли 2020 қабул кардани қарорҳоро пешбинӣ менамояд.

Солҳои охир мақомоти Тоҷикистон як қатор тадбирҳоеро андешидаанд, ки онҳо ба беҳтарсозии вазъи шахсони дорои маъюбӣ равона гардидаанд. Масалан, соли 2016 аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ гурӯҳи корӣ оид ба пешниҳод намудани хазматрасониҳои ошкорсозии саривақтӣ ва дахолат таъсис дода шудааст. Дар Стратегияи миллии рушди маориф «мунтазам ба сохторҳои таҳсилоти умумӣ гузаронидани кӯдакони дорои маъюбӣ ва андешидани чораҳои дахлдор оид ба рушди таҳсилоти инклюзивӣ (фарогир) дар ҷумҳурӣ» (то соли 2030) пешбинӣ гардидааст. Моҳи октябри соли 2016 дар Тоҷикистон Барномаи миллӣ оид ба офиятбахшии шахсони дорои маъюбӣ қабул гардида буд. Ѓайр аз ин мақомоти кишвар ба падару модарон ва ташкилотҳое, ки бо кӯдакони дорои маъюбӣ кор мекунанд ва ба фарогирии онҳо мусоидат менамоянд, кӯмаки муайяни молиявӣ ва иҷтимоӣ мерасонанд.

Ташкилоту иттиҳодияҳои ҷамъиятии ҷомеаи шаҳрвандии бо ин муроҷиат баромадкунанда чунин мешуморанд, ки даъват намудани мақомоти Тоҷикистон ба мушаххас намудани уҳдадориҳои худ оид ба муносибат бо шахсони дорои маъюбӣ бо роҳи ҳарчи зудтар ба тасвиб расонидани Конвенсия оид ба ҳуқуқи маъюбон саривақтӣ мебошад.

 

  1. Фонди ҷамъиятии «Нотабене», Таҷикистон
  2. Ҳамкории байналмилалӣ барои ҳуқуқи инсон, Белгия
  3. Ташкилоти ҷамъиятии Лигаи занҳоиғмаъюб "Иштирок", Тоҷикистон
  4. Ташкилоти ҷамъиятии «Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон», Тоқикистон
  5. Ташкилоти ҷамъиятии «Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ», Тоҷикистон
  6. Ташкилоти ҷамъиятии «Идораи ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният», Тоҷикистон
  7. Ташкилоти ҷамъиятии "Иттиҳоди миллии маъюбони Тоҷикистона"
  8. Ташкилоти ҷамъиятии Маркази дастгирии занони танҳо “Нури умед”, Панҷакент, Тоҷикистон
  9. Ташкилоти ҷамъиятии “Отифа”, Тоҷикистон
  10. Ташкилоти ҷамъиятии “Шӯрои ветеранҳои хизмати ҳарбӣ”-и вилояти Суѓд, Тоҷикистон
  11. Ташкилоти ҷамъиятии «Занони шарқ», Тоҷикистон
  12. Ташкилоти ҷамъиятии «Лигаи занони ҳуқуқшиноси Тоҷикистон»
  13. Ташкилоти ҷамъиятии “Мадад”, Тоҷикистон
  14. Ташкилоти ҷамъиятии Ҷавонони дорои маъбии “Дурнамо”, Тоҷикистон
  15. Ташкилоти ҷамъиятии Ҷавонони дорои маъбии “Ноил”, Тоҷикистон
  16. Ташкилоти ҷамъиятии «Кумитаи падару модарони кӯдакони дорои маъбӣ дошта», Панҷакент, Тоҷикистон
  17. Ташкилоти ҷамъиятии “Шифо”, Тоҷикистон
  18. Авфи байналмилалӣ
  19. Ташкилоти ҷамъиятии Занҳои маъюб "Сафои Конибодом", Тоҷикистон
  20. Ташкилоти ғайридавлатии "Панорамаи нав", оҷикистон
  21. Фонди ҷамъиятии «Саломатии ҷамъият ва ҳуқуқи инсон», Тоҷикистон
  22. Фонди ҷамъиятии «Кудаки ман», Тоҷикистон 
  23. Ташкилоти ҷамъиятии "Иттиҳоди миллии ношунавоен", Тоҷикистон
  24. Инициативная группа «Ҷавонон муҷобили коррупсия», Тоҷикистон
  25. Ташкилоти ҷамъиятии  "ИРОДА"- Ташаббуси волидайни кудакони дорои аутизм, Тоҷикистон
  26. Ташкилоти ҷамъиятии "Ҷахон", Тоҷикистон
  27. Ташкилоти ҷамъиятии "Маркази ҳуқуқи инсон", Тоҷикистон
  28. Ташкилоти ҷамъиятии "Федератсияи шоҳмот ва шоҳматчиени Ҷумҳурии Тоҷикистон"
  29. Филиали ТҶ Лигаи занҳои маъюб "Иштирок" дар н. Данғара, Тоҷикистон
  30. Ташкилоти ҷамъиятии "Орзуи чавонон" – вил. Хатлон, Тоҷикистон
  31. Ташкилоти ҷамъиятии шахсони маъюб «маркази иттилооти-Ресурсии «Инклюзия» ВМКБ, Тоҷикистон
  32. Ташкилоти ҷамъиятии глухих «Баробарӣ» ВМКБ, Тоҷикистон
  33. Ташкилоти ҷамъиятии «Ҳуқуқ ва беҳбудӣ», Тоҷикистон
  34. Ташкилоти ҷамъиятии «Олами ҳуқуқ», Тоҷикистон
  35. Зоир Раззаков, аъзои Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
  36. Ташкилоти ҷамъиятии «Апейрон», Тоҷикистон
  37. Фонди ҷамъиятии «Ташаббуси ҳуқуқӣ», Тоҷикистон
  38. Ташкилоти ҷамъиятии «Иттиҳоди волидайни дорои кудакони имконияташон маҳдуд», Тоҷикистон
  39. Ташкилоти Ҷамъиятии "Оина", Тоҷикистон
  40. Ташкилоти ҷамъиятии «Заршедабону», Тоҷикистон
  41. Ташкилоти ҷамъиятии волидайни дорои кудакони маъюб "Рушди инклюзия", Тоҷикистон
  42. Филиали ТҶ "Иттиҳоди миллии Ношунавоени Тоҷикистона" дар ш.Хуҷанд, Тоҷикистон
  43. Ташкилоти ҷамъиятии « Дилафруз» дар вилояти Хатлон, Тоҷикистон
  44. Ташкилоти ҷамъиятии "Иттифоқи шахсони аз мина ва дигар маҳсулоти тарканда зарардида», Тоҷикистон
  45. Ташкилоти ҷамъиятии "Кухсор" , Тоҷикистон
  46. Ташкилоти ҷамъиятии «Дунё», Тоҷикистон
  47. Ташкилоти ҷамъиятии "Алтернатива", Тоҷикистон
  48. Ташкилоти ҷамъиятии "Оксана" н. Ҷжалолидин Балхи, Тоҷикистон
  49. Ташкилоти ҷамъиятии "Ахтари бахт", Тоҷикистон
  50. Ташкилоти ҷамъиятии – Маркази занҳои "Гулрухсор", Тоҷикистон
  51. Ташкилоти ҷамъиятии "Хайрандеш", Тоҷикистон
  52.  Ташкилоти ҷамъиятии "Хайрхоҳи замон", Тоҷикистон
  53. Ташкилоти ҷамъиятии «Насл», Тоҷикистон
  54. ТВ «Ҷаҳоннамо», Тоҷикистон
  55. Ташкилоти ҷамъиятии "Иттиҳоди илмӣ-техникии зиеиени Тоҷикистона"
  56. Ташкилоти ҷамъиятии "Наҷибулло", Тоҷикистон
  57. Ташкилоти ҷамъиятии волидайн ва кудакони имконияташаон маҳдуди "Фароҳам", Тоҷикистон
  58. Ташкилоти ҷамъиятии "Тақдир", Тоҷикистон
  59. Филиали ТҶ нобиноен дар ш. Конибодом, Тоҷикиситон
  60. Ташкилоти ҷамъиятии “Волидайни кудакони маъюб  "Лайло", Тоҷикистон
  61. Маркази омузишии иҷтимоӣ-офиятбахши ношунавоен №2 дар шаҳри Душанбе, Тоҷикистон
  62. Иттиҳодияи маъюбони н. Б.Ғафуров, Тоқикистон
  63. Ташкилоти ҷамъиятии волидайни кудакони имкониятҳояшон маҳдуд дар ш. Чкаловск.  "Чамани орзу", Тоҷикистон
  64. Ташкилоти ҷамъиятии волидайни кудакони имкониятҳояшон маҳдуд дар н. Бобоҷон Гаффурови н.  "Чамани орзу", Тоҷикистон
  65. Ташкилоти ҷамъиятии маъюбон "Равонбахш" дар н. Ҳамадонӣ, Тоҷикистон
  66. Филиали ТҶ”Иттифоқи миллии маъюбони Тоҷикистон дар н.Балҷувон, Тоҷикистон
  67. Ташкилоти ҷамъиятии “Иттиҳодияи миллии маъюбони Тоҷикистон”, Чернобил, Ҳисор Тоҷикистон
  68. Иттифоқи маъюбон дар шаҳри Ҳисор, Тоҷикистон
  69. Ташкилоти ҷамъиятии "Маъюбони тавоно", Тоҷикистон
  70. Ташкилоти ҷамъиятии “Иттифоқи миллии маъюбони Тоҷикистон” дар ноҳияи Лахш
  71. Юлдошев Ҷафарбек, аъзои Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ, Тоҷикистон
  72. Ранжет Ятимов, аъзои Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ, Тоҷикистон
  73. Фазлиддин Хочаев, аъзои Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ, Тоҷикистон
  74. Наргис Хамрабаева, аъзои Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ, Тоҷикистон
  75. Филиали Иттиходияи Миллии нобиноёни Точикистон дар шахри Душанбе
  76. Ойнихол Бобоназарова, аъзои Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ, Тоҷикистон
  77. Фонди ҷамъиятии «Интихоби Шумо», Тоҷикистон
  78. Ташкилоти волидайни дорои фарзандони дар инкишоф проблемадошта, Хуҷанд, Тоҷикистон
  79. Ташкилоти ҷамъиятии "Самоҳ", Тоҷикистон
  80. Филиали Иттиҳоди маъюбони Тоҷикистон дар Ҷиргатол, Тоҷикистон
  81. Ташкилоти ҷамъиятии "Мачрухон" ш.Хоуғ, Тоҷикистон
  82. Ассотсиатсияи волидайни кудакони имконияташон маҳдуд "Савоб", Тоҷикистон
  83. Ташкилоти ҷамъиятии маъюбон "Равонбахш" н Мир Сайид Али Ҳамадонӣ, Тоҷикистон
  84. Филиали Иттищоди маъюбони Тоҷикистон дар н. Б.Гафурови вил. Хуҷанд, Тоҷикистон
  85. Кумитаи Хелсинкии Норвегӣ
  86. Ассамблеяи ҷамъиятии Хелсинки, Ванадзор, Армения
  87. Маркази ҳомиен "Баҳор, Беларус
  88. Ташкилоти ҷамъиятии «Кадир кассиет», Қазоқистон
  89. Фонди ҷамъиятии «Садои озодӣ», Қирғизистон
  90. Хонаи ҳуқуқи инсон ба номи Борис Звозский, Белорус
  91. Маркази озодиҳои шаҳрвандӣ, Украина
  92. Кумитаи Хелсинкии Нидерландӣ
  93. Кумитаи Армании Хелсинки
  94. Иттифоқи мониторҳои риояи ҳуқуқи инсон дар фаъолияти мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи украинӣ
  95. Иттифоқи «Консент», Гурҷистон
  96. Идора ҳуқуқи инсон ва риояи қонунияти Қазоқистонӣ
  97. Фонди Хелсинки оид ба ҳуқуқи инсон, Полша
  98. Иттифоқи занҳо Дона, Руссия
  99. Фонди «Общественный вердикт», Руссия
  100. Ташкилоти ҳомии «Назорати ҷамъиятӣ», Руссия
  101. Маркази ҳуқуқии Трансформасия, Беларусь
  102. Иттифоқи Хелсинскии ТҒД ҳомиени Арманӣ
  103. Гуруҳи Хелсинкии Москав, Руссия
  104. Кумитаи Хелсини Македони
  105. Маркази Офиятбахш барои қурбониени шиканҷа, Косово
  106. Маркази инкишофи демократия ва ҳуқуқи инсон, Руссия
  107. «Як Дуне», Қирғизистон
  108. Маркази Ҳомиени Озарбойҷон
  109. Хуман Райтс Мэттер, Олмон

 


[1] Ќазоќистон ва Туркманистон давлатњои аъзои Конвенсия мебошанд. Ќирѓизистон ва Ўзбекистон онро ба имзо расонидаан.

NoTorture.Tj