Гуруҳ оид ба мониторинги муассисаҳои пӯшида аз тавқифгоҳи муваққатии ноҳияи Темурмалик дидан кард

7-8-уми ноябри соли 2017 Гуруҳ оид ба мониторинг аз ҷумлаи кормандони дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ҶТ ва Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар тавқифгоҳи муваққатии ШВКД-и ноҳияи Темурмалики вилояти Хатлон мониторинг гузаронд. Ба Гуруҳ дастрасии бемаҳдуд ба муассиса ва ҳуҷраи алоҳида барои гузаронидани мусоҳиба таъмин карда шуд.

Дар рафти мониторинг дар тавқифгоҳи муваққатӣ 4 боздоштшуда (ҳамаашон мард) қарор доштанд: ду нафар дар мақоми айбдоршаванда, як нафар барои рондани мошини боркаш дар ҳолати мастӣ адои ҷазо мекунад, дигаре дар мақоми гумонбаршуда барои дуздӣ.

Бинои ШВКД соли 1972 сохта шудааст. Дар тавқифгоҳи муваққатӣ барои боздоштшудагон 3 камера мавҷуд аст. Ҳар як камера дорои 2 ҷойи хоб дар шакли чӯбӣ аст, ки болои онҳо матрасҳо густурда мешаванд. Камераи №3 барои нигоҳ доштани ноболиғон пешбинӣ шудааст. Ҳангоми мониторинг дар тавқифгоҳи муваққатӣ боздоштшудагони ноболиғ ва нафарони ҷинси зан набуданд. Ҳамаи ҳуҷраҳо равшанӣ доранд, ки дар онҳо китоб хондан мумкин аст. Дар ШВКД китобхона нест. Картсер вуҷуд надорад. Дар вақти мушоҳидаҳо масъалаи ҷойхоб дар ҳолати қаноатбахш қарор дошт.

Бо муовини сардори ШВКД ва нафари роҳбарикунандаи фаъолияти кормандони тавқифгоҳи муваққатӣ мусоҳиба доир карда шуд. Кормандони мусоҳиб қайд намуданд, ки дар солҳои 2016 ва 2017 ҳеҷ гуна ҳолати зарари ҷисмонӣ ба шахсоне, ки дар тавқифгоҳи муваққатӣ қарор доранд, ошкор карда нашудааст. Агар чунин ҳолат ошкор карда шавад, маъмурият барои кӯмак ба табиби ёрии таъҷилӣ муроҷиат менамояд (корманди тиб дар ШВКД вуҷуд надорад ва чунин ҷойи корӣ муайян карда нашудааст). Сардор метавонад шахсан ҳангоми қабули ашхос шикоятҳоро қабул кунад. Дафтари қайди арзу шикоятҳо вуҷуд дорад. Дар ҳамин ҳол, қуттии қабули муроҷиатҳо нест. Қаламу коғаз ҳаст ва ҳангоми дархости шахсоне, ки дар тавқифгоҳи муваққатӣ нигоҳ дошта мешаванд, муҳайё мегардад.

Прокурор ба тавқифгоҳи муваққатӣ бори охир 6-уми ноябр, пеш аз мониторинг омадааст. Амалан ҳолатҳои шиканҷа ва муносибати бераҳмона дар нисбати боздоштшудагон аз ҷониби кормандони тавқифгоҳи муваққатӣ мушоҳида нашуд. Дар ҳолате, ки агар шахс бо шароити нигаҳдошти ӯ дар тавқифгоҳи муваққатӣ розӣ набошад, метавонад бо ариза ба сардори ШВКД, прокурори ноҳия ва суд муроҷиат кунад. Аз воситаҳои махсус кормандони тавқифгоҳи муваққатӣ дар рафти кори худ танҳо аз завлонаҳо барои баровардани боздоштшудаҳо аз камера ва баргардонидани онҳо ба камера истифода мебаранд. 

Ба сифати тавсияҳо, кормандони тавқифгоҳи муваққатӣ зарурати барои онҳо гузаронидани семинарҳо ва тренингҳо оид ба ҳуқуқи боздоштшудагон ва пешгирии шиканҷа, инчунин таъмини тавқифгоҳи муваққатӣ бо нақлиёт барои интиқоли боздоштшудагонро зикр намуданд.

Ҳамагӣ чор нафар боздоштшудагон дар тавқифгоҳи муваққатӣ пурсида шуданд. Касе аз боздоштшудагон дар тавқифгоҳи муваққатӣ аз муносибати бераҳмона аз ҷониби кормандони тавқифгоҳ шикоят накард. Яке аз боздоштшудагон хабар дод, ки ба ӯ ҳуқуқҳояшро нафаҳмонидаанд ва ӯ дар ҷараён нест, ки ба чӣ ҳуқуқ дораду уҳдадориҳояш чист. Боқимонда 3 боздоштшуда иттилоъ доданд, ки ба онҳо тартиби рӯзро дар тавқифгоҳи муваққатӣ фаҳмонидаанд, ки онҳо ба се бор хӯрок дар давоми рӯз, қабули интиқолот дар шакли ғизо аз хешовандон, ҳуқуқ ба сайр, истифода аз ҳоҷатхона, ки он берун аз камераи тавқифгоҳи муваққатӣ ҷойгир аст, ҳақ доранд. Яке аз боздоштшудагон дар тавқифгоҳи муваққатӣ иттилоъ дод, ки намедонад аз амалҳои ғайриқонунии кормандони тавқифгоҳ чи гуна шикоят намояд, чун касе инро ба ӯ нафаҳмонидааст. Ҳамаи боздоштшудагон хабар доданд, ки аввалан онҳо аз ҷониби духтур барои ҷароҳати ҷисмонӣ ва умуман ҳолати саломатӣ санҷида шудаанд. Яке аз боздоштшудаҳо қайд кард, ки баъди ба суд ҳозир шудан ва ба камераи тавқифгоҳи муваққатӣ баргаштан ҳеҷ кас аз кормандони тиб ӯро такроран насанҷидааст.

Дар бинои тавқифгоҳи муваққатӣ ҳамагӣ ду видеокамераи назоратӣ насб гардидааст: яке дар даромадгоҳ, дуюм дар дохил, дар роҳрав.

Ҳаммом дар ҳавлии ШВКД ҷойгир аст. Дар ҳаммом як ҳуҷраи шустушӯй ҳаст. Ҳангоми гузаронидани мониторинг дар тавқифгоҳи муваққатӣ ва умуман дар ШВКД об набуд, чун дар ноҳия об соатакӣ дода мешавад. Интиқоли марказонидашудаи оби гарм вуҷуд надорад. Об дар бухории барқӣ гарм карда мешавад ва дар сатил бо оби сард ҳамроҳу мутобиқ гардонида шуда, барои оббозӣ истифода мешавад. Дар маҷмуъ, ҳолати ҳаммом қаноатбахш аст. 

Ҳоҷатхона бе дару тиреза, дар ҳавлии сайругашт ҷойгир аст. Дар ҳоҷатхона об набуд. Дар шафат ҷумаки дастшӯӣ ҳаст, ки дар он об барои шустани дастҳо аз сатил рехта мешавад. Ҳолати ҳоҷатхона ғайриқаноатбахш буда, барои таъмири он ва шинонидани дар тавсия дода шуд.

Ҳавлии сайругашт дар охири роҳрав қарор дошта, ба кӯча мепайвандад. Сақф бо арматураҳои оҳанин бастабандӣ шуда, барои нагузаштани боду борону барф болопӯш вуҷуд надорад.

ТАВСИЯҲО:

Таъмир кардани ҳоҷатхона дар ҳавлии сайругашт.

Барқарор кардани болопӯш барои нагузаштани барфу борон дар ҳавлии сайругашт.

Насб кардани видеокамераҳо дар ҳуҷраи кормандони тавқифгоҳи муваққатӣ.

Дар штати ШВКД илова кардани корманди тиббӣ.

Ташкил кардани китобхонаи начандон калон барои боздоштшудагони тавқифгоҳи муваққатӣ.

Ҳалли таъминоти об, чун об давоми ду рӯзи мониторинг набуд.

 

Маълумот: Гуруҳ оид ба мониторинг бо фармони Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи декабри соли 2013 таъсис ёфта, дар асоси Низомнома фаъолият мекунад. Ба ҳайати Гуруҳ оид ба мониторинг намояндагони Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва ҷомеаи шаҳрвандӣ - аъзои Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ ва ТҶ «Авеста» дохил мешаванд.

NoTorture.Tj