Парвандаи Файзалӣ Латипов: муносибати бераҳмона судшавандаро то шизофрения расонд

Ташкилоти ҷамъиятии «Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон» - узви Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон ба сокини 25-солаи шаҳри Кўлоб, ки дучори шиканҷа ва муносибати бераҳмона гардидааст, кўмаки ҳуқуқӣ мерасонад.

Файзалӣ Латипов дар муҳоҷирати меҳнатӣ дар Русия қарор дошт ва бо мабла ғи аз меҳнаташ ба даст оварда волидонашро, ки дар ватан буданд, таъмин мекард. Бо дархости кормандони милитсияи РВКД-и минтақаи Кўлоб ҷавон барои нишондод додан оид ба парвандае, ки дар он ба иштирок дар гуруҳи террористӣ дар ҳудуди Сурия ва ташкили ҷангҳои  ғайриқонунии зиддиҳукуматӣ гумонбар дониста мешуд, ба Тоҷикистон даъват карда шуд.

25-уми феврали соли 2018 Файзалӣ Латиповро дар бинои РВКД-и шаҳри Кўлоб боздоштаву бо нақзи банди 11-и Дастурамал «Дар бораи боздошт» тўли зиёда аз 72 соат дар утоқҳои корӣ нигоҳ доштаанд. Латиповро бо кадом асос боздошт намудаанд, ба хешовандонаш хабар надодаанд, ки сабаби пайдоиши шубҳа дар мавриди эҳтимолияти истифодаи шиканҷа гардидааст.

Сокини Кўлоб Умрия Латипова ба Эътилофи зидди шиканҷа бо хоҳиши кўмак расонидан ба бародараш муроҷиат кард. Адвокат Абдураҳмон Шарипов, ки хизматрасониаш аз ҷониби ТҶ «Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон» таъмин мегардад, гуфт, ки парвандаи ҷиноятӣ барои тафтиш аз РВКД-и шаҳри Кўлоб ба шуъбаи тафтишотии ШВКД дар ноҳияи Фархори вилояти Хатлон фиристода шудааст.

Адвокат Абдураҳмон Шарипов ба Прокуратураи генералии ҶТ бо ариза дар бораи санҷидани далели нақзи қонуният ҳангоми боздошти зерҳимояаш ва истифодаи эҳтимолии шиканҷа нисбати ў муроҷиат кардааст. Ҳамаи аризаҳо дар бораи далелҳои истифодаи эҳтимолии шиканҷа аз Прокуратураи генералии ҶТ барои баррасӣ ба Прокуратураи вилояти Хатлон ва баъдан ба муовини прокурори вилояти Хатлон дар минтақи Кўлоб фиристода шудаанд.

20-уми апрели соли 2018 тамоми аризаҳои адвокат ва хешовандони Латипов дар бораи истифодаи эҳтимолии шиканҷа бо мактуб ва имзои муовини прокурори вилояти Хатлон дар минтақаи Кўлоб ба муовини раиси Суди вилояти Хатлон дар минтақаи Кўлоб барои баррасӣ супорида шудаанд.

Тафтишоти муқаддамотии парвандаи ҷиноятӣ анҷом ёфта, барои баррасӣ ба Суди вилояти Хатлон дар минтақи Кўлоб супорида шдааст.

1-уми майи соли 2018 мурофиаи судӣ барои баррасии парвандаи ҷиноятӣ нисбати Латипов Ф. о ғоз гардид, аммо судя бо ишора ба он, ки судшаванда ҳозир карда нашудааст, баррасии парвандаро мавқуф гузошт. Хешовандони судшаванда дар рафти мурофиаи судӣ изҳор доштанд, ки дар СИЗО-и шаҳри Кўлоб хўрок барои Латипов Ф.-ро қабул намекунанд ва ин далел, ки ўро ба мурофиаи судӣ ҳозир накарданд, боиси андеша мешавад, ки эҳтимол Латифов Ф. ба хотири додани нишондоди худиқрорӣ таҳти таъсири шиканҷа ва муносибати бераҳмона қарор дорад.

Адвокат Шарипов А. ба модари судшаванда кўмак расонидааст ва ба номи муовини прокурори минтақаи Кўлоби вилояти Хатлон дар бораи истифодаи эҳтимолии шиканҷа нисбати судшаванда Латипов Ф. ариза омода карда, рўзи 1-уми майи соли 2018 пешниҳод намудаанд.

Моҳи сентябри соли 2018 мурофиа аз сар гирифта шуд ва бо дархости адвокат Шарипов А. ташхиси судӣ-руҳӣ таъин гардид. 25-уми сентябри соли 2018 ташхиси судӣ-руҳии амбулаторӣ гузаронида шуд. Мувофиқи хулосаи он, Латипов Ф. аз ноқисии руҳӣ ранҷ намекашад. Аммо мавҷудияти шизофрения (дар робита ба истифродаи шиканҷа ва беасос ҷалб намудан ба ҷавобгарии ҷиноятӣ) зикр карда шудааст.

Интизор меравад, ки санҷиши судӣ оид ба парванда аз сар гирифта шавад. «Мо дар бораи таъини ташхиси равонӣ дархост омода мекунем, инчунин ният дорем аз болои посухи прокуратура оид ба мавҷуд набудани истифодаи шиканҷа ва муносибати бераҳмона шикоят намоем»,- мегўяд адвокат Шарипов А.

NoTorture.Tj