Парвандаи нокомил ё вақте милиса, прокурор ва суд муттаҳид мешаванд

Парвандаи Акмал Раҳимов аз оғоз то ба анҷом яктарафа тартиб додашуда, заъфи адолати судӣ дар Тоҷикистонро ба намоиш мегузорад. Суолҳое, ки ҳар як тафтишоти ҷиноӣ бояд посух диҳад, дар ин парванда бепосух мондаанд. Ин парванда бо нақз кардани қонун аз сӯи кормандони мақомоти милиса дар шаҳри Конибодом оғоз шуд, аз ҳамин роҳ ғайриқонунӣ аз прокуратура гузашт ва аз сӯи суд ғайриқонунӣ баррасӣ шуд. Як шаҳрванди Тоҷикистон бидуни далелу шавоҳид ва исботи лозим 13 сол аз озодӣ маҳрум шуд.   

Шокировро кӣ ба марг расонд?

Зуҳри рӯзи 5-уми январи соли 2018 Акмал Раҳимов ба оши рафиқона бо Абдумаҷид Шокиров, Мурод Бобоҷонов ва Ҳусейн Ҷӯраев ба манзили рафиқашон Нозим Сангинов меояд. То омадани ӯ ҳама ҷамъ омада буданд. Оши рафиқонаро Абдумаҷид Шокиров мепухт. Кору бори зиёд он рӯз Акмалро водор намуда буд, ки танҳо соати 12 - и зуҳр - замони кашидани ош ҳозир шавад. Иштирок накарда ҳам наметавонист, зеро рафиқон як рӯз қабл онро ба нақша гирифта буданд.

Акмал вақте ба хонаи Нозим омад, ки ҳамагӣ, ба шумули Абдумаҷиди ошпаз, арақ менӯшиданд ва ош аз хотир баромадаву ҳатто оташи дег хомӯш шуда буд. Акмал вазъи ошпаз ва дигар рафиқонашро дида, “ман ош намехӯрам, касе, ки хоҳад кунаду хӯрад, якта ошам карда наметонӣ”, гӯён баромада меравад.

Аммо рафиқонаш, ба ҳисоби Абдумаҷид, Мурод ва Ҳусейн дар хамон чой мемонанд.

Пагоҳӣ, рӯзи 6 январ, вақте Нозим, аз хоб мехезад, мебинад, ки Абдумаҷид дар рӯи ҳавлӣ бо сару рӯи варамида хоб аст. Либосҳояш хунолуд ва тахтапӯшташ ҳам захмӣ шудаву маҷоли гап задан ҳам надошт.

Ӯ аз ин вазъ Суҳроб Шокиров, ҷияни Абдумаҷидро хабар кард, то ки омада Абдумаҷидро гирифта раванд. Вале онҳо дер наомаданд ва  Нозим маротибаи дуюм ба хонаи  Суҳроб ба Абдукарим Шокиров рафт. Танхо баъди дуюм маротиба рафтан бародари Абдумаҷид Шокиров бо хешовандонаш бегоҳи ба хонаи Нозим Сангинов меоянд. Онҳо мошини ёрии таъҷилии тиббиро даъват мекунанд. Аз он, ки бадани Абдумаҷид ҷароҳат дошт ва изҳои ҷиноят бармало буданд, онҳо ба милиса хабар доданд. Баъди чанд соати интиқол додан ба беморхонаи марказии шаҳри Конибодом А. Шокиров вафот мекунад.

Дар паи фавти Абдумаҷид Шокиров шӯъбаи вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ШВКД ҶТ) дар шаҳри Конибодом ба таҳқиқи ҳодиса шурӯъ кард.

Иқрор ба шиканҷа?

Баъди муайян кардани шахсони “ошхур” соати 22:23 – и шаби 6 январи соли 2018 чор корманди милисаи шаҳри Конибодом ба хонаи истиқоматии Акмал Раҳимов омаданд ва бо тоб додани дастонаш ӯро зӯран ба ШВКД – и ҶТ дар ш. Конибодом мебаранд. Раҳимов А. шабро дар утоқи кории кормандони милиса рӯз мекунад. Рӯзи дигар ӯро ба утоқи дигар корманди милиса гузаронида, соати 12:00 дар тавқифгоҳи ШВКД маҳкам мекунанд. Аз ӯ баёноти худиқрорӣ гирифта, баъдан ӯро ба боздоштгоҳи муваққатии ШВКД - и шаҳри Конибодом интиқол медиҳанд.

Аз нишондоди Раҳимов бармеояд, ки барои гирифтани баёноти худиқрорӣ кормандони милисаи Конибодом ӯро баъди ба милисахона овардан бо дасту пой ва калтаки резини лату кӯб кардаанд. Ба қавли ӯ, чор корманди милиса, ки танҳо яке либоси милисагӣ доштааст ва дигарон либоси мулкӣ, ӯро  латукӯб карда, “ба гуноҳат иқрор шав” гуфтаанд. Ин ҳолатро дигар корманди милиса, ки Раҳимов аз ӯ Солиев Умед ном мебарад, дар ҳамон ҷой нишаста, тамошо кардааст.

- Ҳатто яке аз кормандони милиса бо чӯбдасти резинӣ (дубинка) ба тахтапушт ва гурдаҳоям чанд бор зад. Дигар кормандони милиса бо пойҳояшон ба қафаси сина, аз пешу пушти баданам мезаданд. Тахмин як соат маро мезаданду мепурсиданд, ки  “ту барои чӣ Маҷидро задӣ?” Ман ӯро назадаам гӯям, “тан гир” гуфта, боз мезаданд, -  омадааст дар нишондоди Акмал Раҳимов.

7 – уми январи соли 2018 бинобар бад шудани вазъи саломатии Раҳимов дар ШВКД ҶТ дар шаҳри Конибодом милисаҳои навбатдор ёрии таъҷилии тиббӣ даъват мекунанд. Муоинаи ӯ дар бинои ШВКД - и Конибодом имкони ошкор кардани инро, ки ҷароҳатҳои Раҳимов аз зарби латукӯб ба вуҷуд омада ва танҳо зери таъсиру фишор аз ӯ баёноти худиқрорӣ ба даст оварда шудааст.

Аммо то ин вақт аз боздошти Акмал Раҳимов ба аъзои хонаводааш хабар дода намешавад. Рӯзи 8 январи соли 2018 баъди ду рӯзи боздошт ва ба даст овардани баёноти худиқрорӣ аз Раҳимов дар ШВКД ҶТ дар шаҳри Конибодом мепурсанд, ки “ту кӣ дорӣ?”, то ба хабаргириат биёяд, ӯ аз Хушбахт Иброҳимов – адвокат, рафиқи ҳаммаҳалааш ном мегирад ва кормандони милиса ба Хушбахт хабар медиҳанд, ки аз боздошти ӯ аъзои оилаашро хабар кунад.

Дар баробари фаҳмидани он, ки А. Раҳимов дар ШВКД – и Конибодом дар боздошт қарор дорад, хоҳараш Матлуба Хидирова ба он ҷо меравад, аммо кормандони милиса ба ӯ иҷозаи дидани бародарашро намедиҳанд. Танҳо ба М. Хидирова хабар медиҳад, ки вазъи саломатии бародараш чандон хуб нест, сар ва гурдаҳояш дард мекунанд ва барои ин бояд ба ӯ маводи доруворӣ биёрад. Матлуба аз якбора бемор шудани бародараш дар ШВКД ба изтироб афтода, аз барои Акмал доруворӣ харида меорад.

12-уми январ, баъди шаш рӯзи боздошт ва бозпурсӣ дар маҳкамаи тафтишотии  ШВКД дар шаҳри Конибодом ба М. Хидирова имкон медиҳанд, то бародараш А. Раҳимовро бубинад. Дар ин мулоқоти ба гуфти Хидирова ҳамагӣ 4 ё 5 - дақиқаӣ Акмал ба ӯ такрор ба такрор аз зарбу лати кормандони милиса нақл кардааст, ки боиси аз даст додани саломатиаш шудааст.  

- Вақте бародарам Акмалро дар милисахонаи шаҳри Конибодом дидам, ҳолаш хеле абгор буд ва зиёд хаста ба назар мерасид.  Ба ман нақл мекард, ки ӯро кормандони милиса латукӯб кардаанд. Саломатиаш бад шуда, аз сӯзиши ҷароҳатҳояш гурдаҳояш  дард мекарданд, - гуфт М. Хидирова.

Баъди бо ин роҳ ба даст овардани баёноти худиқрорӣ аз А. Раҳимов ӯро рӯзи 16-уми январи соли 2018 ба маҳкамаи тафтишотии 9/2 и ш. Хуҷанд интиқол медиҳанд.

Матлуба пас аз огоҳ шудан аз вазъи бади саломатии бародараш, ки мегӯяд, дар натиҷаи шиканҷа ва зарбу лати кормандони ШВКД - и Конибодом ба вуҷуд омадааст, ба адвокат Хушбахт Иброҳимов муроҷиат мекунад. Аммо Иброҳимов бо шунидани ҳолати ҷароҳатбардории Акмал Раҳимов дар ШВКД - и Конибодом аз идомаи хизмати адвокатӣ даст кашида, изҳор медорад, ки ба ҷои ӯ адвокати дигар гиранд. Сабаби якбора аз хизмати адвокатӣ даст кашидани Иброҳимов маълум нест. Баъди рад шудани хизмати адвокатӣ аз ҷониби ӯ 13 –уми феврали соли 2018  Матлуба Хидирова барои расонидани кӯмаки ҳуқуқӣ ба бародараш ба Гурӯҳи ёрии ҳуқуқи Эътилоф бар зидди шиканча муроҷиат мекунад. Аз ҷониби Эътилоф 15-уми феврали соли 2018 бародараш бо адвокат таъмин карда мешавад.

30 - уми марти соли 2018 дар паи дархости адвокатӣ сартабиби стансияи ёрии таъҷилии тиббии шаҳри Конибодом Сотиболдиев Ш. Р. маълумотнома таҳти № 15 – ро ирсол кард, ки бино ба он, 7-уми  январи соли 2018 соати 20:32 ҳангоми муоина дар бадани Акмал Раҳимов захми латхӯрдаи мавзеъи миён ва шикам муайян карда ва тавсия дода шудааст, ки бемор Раҳимов аз муоинаи табиби осебшинос ва рентгенографӣ гузаронида шавад. Инчунин мувофиқи хулосаи экспертизаи судӣ - тиббӣ таҳти № 50 аз 14 - феврали соли 2018, ки аз рӯи картаи амбулатории № 125 нуқтаи осебшиносии БМШ ш. Конибодом гузаронида шудааст дар тани Раҳимов латхӯрии бофтаҳои мулоими қафаси сина ва думба аз рост, латхурии зонуи рост, шикасти пӯшидаи қабурға аз 7 - 8 ҷой аз рост ва хуномосҳо муайян карда шудааст.

Аз 7-уми  январи соли 2018 дар ШВКД ҶТ дар шаҳри Конибодом нисбати Акмал Раҳимов бо моддаи 110 қисми 3 банди “в” (қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ)  - и Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ оғоз мекунад.

Акмал Раҳимов кист?

Раҳимов Акмал Ашӯрбоевичи 47 сола (1971) сокини шаҳри Конибодом буда, дар оила ҳамроҳи модари 80 - солааш Муқаддас Раҳимова зиндагӣ мекард. Ягона писараш Аюбҷон дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор дошта, худи ӯ ҳам то се соли пеш ба Русия мардикорӣ рафта, аз ин ҳисоб рӯзии хонаводаро таъмин менамуд.

6- уми  январ чор корманди милисаи шаҳри Конибодом ӯро аз манзилаш дастгир карда, дар расондани ҷароҳати ҷисмонӣ ба Абдумаҷид Шокиров, ки шаби 5 - уми  январ, аз тарафи афроди номаълум латукӯб шуда буд ва  дар беморхонаи марказии шаҳри Конибодом вафот кардааст, гумонбар дониста, парвандаи ҷиноятӣ оғоз намуданд.

Адвокат Файзулло Насруллоев мегӯяд, аз маводи парвандаи А. Раҳимов бармеояд, ки тафтишот ба таври кофӣ ҳодисаро дақиқ накарда ва гунаҳгори асосиро дарёфт накардааст. Вай афзуд, танҳо баёноти худиқрорӣ, ки дар натиҷаи фишори равонӣ ва ҷисмонӣ ба даст омадааст, гунаҳгор будани Раҳимовро исбот намекунад.  

- Масалан, тафтишот либосҳои А. Шокировро дарёфт ва эспертизаи судӣ - криминалистӣ, трассологӣ ва биологӣ гузаронда нашудааст, то нишонаҳои ҷиноят маълум шавад. Аз гуфти хешовандони  А. Шокиров вақте, ки онҳо Абдумаҷидро аз хонаи Нозим Сангинов гирифта рафтанд либосҳои берунааш хунолуд буданд. Дар натиҷаи азназаргузаронии ҷои ҳодиса, яъне хонаи Нозим Сангинов, далеле, ки дар ҳамон ҷой ҷангҷол шуданро тасдиқ мекунад, ба даст оварда нашуд. Аз чарохатҳое, ки Абдумаҷид Шокиров гирифта буд бо хунравии зиёд вобаста буд. Ва дар ин ҳолат ҳатман изи хун ва ғайра дар ҷои ҳодиса монданаш хатми буд. Далелу шавоҳид аз ҷои ҳодиса, фикри шоҳидони айнӣ - Нозим, Мурод ва Ҳусейн, касоне, ки бевосита бо А. Шокиров дар як манзил қарор доштанд, дар даст нест. Ҳатто ҳамсояҳое, ки дар гирду атрофи манзили Нозим Сангинов истиқомат мекунанд ва дар сурати рухдоди ҷанҷол дар хонаи Нозим қабл аз ҳама онҳо огоҳ мешуданд, пурсида нашудаанд. Кӣ ва кай ба А. Шокиров ҷароҳат расонидааст ва дасти ӯро шикастааст, саволест, ки посух мехоҳад, - мегӯяд адвокат.

Муроҷиатҳои бенатиҷа

19-уми феврали соли 2018 Акмал Раҳимов ва адвокати ӯ Ф. Насруллоев бо замимаи далелҳо ба прокуратураи вилояти Суғд муроҷиат мекунанд, то нисбати кормандони ШВКД ҶТ дар шаҳри Конибодом, ки Раҳимовро мавриди шиканҷа қарор дода, аз ӯ баёноти худиқрорӣ гирифтаанд чораҷӯӣ сурат гирад ва қарори парвандаи ҷиноятӣ нисбати онҳо қабул карда шавад. Баррасии ин муроҷиати онҳоро прокуратураи вилояти Суғд ба зиммаи прокуратураи шаҳри Конибодом вогузор мекунад. 3-уми март прокуратураи шаҳри Конибодом бо имзои муовини прокурор Аслонов Х. Қ., ки бевосита дар рафти тафтишоти пешакӣ иштирок дошт  бо овардани он, ки  “дар амалҳои кормандони оперативии шӯъбачаи кофтукоби ҷиноии ШВКД ҶТ дар шаҳри Конибодом Солиев У. Б., Абдуллоев А.Н., Абдуллоев Б. У., Турнсунов М.Т., Сатторов С.Н., ва муфаттишони ШТ ШВКД ҶТ дар шаҳри Конибодом Усмонов У.М., Бобохоҷаев З.С. кирдорҳои ғайриқонунӣ ҷой надоранд”, дархости А. Раҳимов ва Ф. Насруллоев дар бораи қабули қарор аз оғози парвандаи ҷиноятӣ нисбати кормандони милисаи Конибодомро  рад мекунад. 

6-уми  марти соли 2018 адвокат Файзулло Насруллоев ба прокуратураи вилояти Суғд аз нодуруст бандубаст шудани парвандаи зерҳимояаш аз сӯи кормандони милиса дар шаҳри Конибодом шикоят пеш оварда, хоҳиш мекунад, парвандаи зерҳимояаш А. Раҳимов аз нав ва дурусту саҳеҳ санҷида  шавад. Дар шикояти адвокат ба прокуратураи вилояти Суғд, аз ҷумла нишон дода мешавад, ки муовини прокурори шаҳри Конибодом Аслонов Х. Қ ва муфатиш Бобохоҷаев З. бемории А. Раҳимовро сарфи назар карда, гузаронидани экспертизаи судӣ - тиббӣ дар муассисаи экспертизаи тиббии вилояти Суғдро беасос рад мекунанд.

Прокуратураи вилояти Суғд  9- уми март баррасии ин шикояти Ф. Насруллоевро ба прокурори шаҳри Конибодом вобаста намуда, талаб мекунад, ки санҷиши ариза ва дархосту ваҷҳои овардашудаи адвокат Ф. Насруллоев пурра, холисона ва ҳаматарафа санҷида шуда, аз натиҷааш ба муаллиф хаттӣ хабар дода шавад.

Санаи 10- уми марти соли 2018 инчунин прокуратураи вилояти Суғд бо мактуб ба прокурори шаҳри Конибодом Набиев Н.М. муроҷиат намуда, гузаронидани санҷиши иловагиро  аз рӯи аризаи А. Раҳимов оиди кирдорҳои ғайриқонунии кормандони ШВКД ҶТ дар шаҳри Конибодом Солиев У. Б. ва дигарон, ки бо он қарори қабулгардида дар бораи рад намудан аз оғози парвандаи ҷиноятӣ бекор карда шуда буд, таъин менамояд.

Дар прокуратураи шаҳри Конибодом ин таъиноти прокуратураи вилояти Суғдро боз ҳам худи Аслонов Х. Қ., прокуроре, ки бо кормандони ШВКД ҶТ дар шаҳри Конибодом якҷо дар тафтишоти пешакии парвандаи А. Раҳимов ширкат дошт, ба баррасӣ гирифта, 5- уми апрел ташхиси иловагии комиссионии судӣ-тиббӣ таъин менамояд.

Ташхиси иловагии комиссионии суди-тибби бе огоҳ ва иштирок намудани адвокат Ф. Насруллоев гузаронида мешавад. Мувофиқи хулосаи ташхиси иловагӣ таҳти № 21 аз 5 – уми апрели соли 2018 Раҳимов А. ба бемории васеъшавии варидҳо, зерипӯсти пойҳо ва бемории витилого гирифтор мебошад. Бемориҳои мазкур ба гурӯҳи бемориҳои мустақил дохил шуда, бо латукӯби расонидашуда аз 5 –уми  январи соли 2018 алоқамандӣ надоранд. То чи андоза экспертизаи гузаронида шуда дуруст ва ба талаботҳои стандарти Стамбули ҷавобгӯ буд, ноъмалум аст.

Аслонов Х. Қ. дар посухи худ ба таъиноти прокурори вилояти Суғд ва адвокат Ф. Насруллоев ради қабули қарор аз оғози парвандаи ҷиноятӣ нисбати кормандони оперативии шӯъбачаи кофтукови ҷиноии  ШВКД ҶТ дар шаҳри Конибодом Солиев У.Б., Абдуллоев А.Н., Абдуллоев Б. У., Турнсунов М.Т., Сатторов С.Н., ва муфаттишони ШТ ШВКД ҶТ дар шаҳри Конибодом Усмонов У.М., Бобохоҷаев З.С. оиди истифодаи зӯроварӣ, фишор ва амалҳои ғайриқонунӣ барои гирифтани нишондодҳои худиқрории айбдоршаванда Раҳимов А. А. мувофиқи ин хулосаи ташхис асоснок карда, бинобар дар кирдорҳояшон мавҷуд набудани аломатҳои таркиби ҷиноят оғози парвандаи ҷиноятиро рад мекунад.

Аммо адвокат Файзулло Насруллоев мегӯяд, ташхиси иловагии комиссионӣ ба таври бояду шояд гузаронида нашуда, барои аз ҷавобгарӣ озод кардани кормандони милиса, дурустии ҳолати ҷароҳатҳои А. Раҳимов ва вазъи бемории ӯро маълум нанамудааст. Дар ҳоле ки ташхисҳои 7-уми январ ва 14-уми  феврали соли 2018  латхӯрии бофтаҳои мулоими қафаси сина, латхӯрии зонӯи рост, думбаи рост ва шикасти қабурғаи 7 ва 8 - и А. Раҳимов эҳтимолияти аз таъсири ҷисми сахт, ё ҳамвор ба вуҷуд омаданашонро маълум карда буданд ва ин ҳуҷҷатҳо далели раднопазири мавриди шиканҷа қарор гирифтани зерҳимояаш аз сӯи кормандони милисаи Конибодомро собит мекунанд.  Вале дар прокуратураи шаҳри Конибодом ин ҳамаро нодида гирифтаанд.

Беадолатии судӣ

Матлуба Хидирова, хоҳари Акмал Раҳимов мегӯяд, онҳо интизор доштанд суд ҳар ҳолатеро, ки тафтишот бо роҳи ғайриқонунӣ ба даст овардааст, санҷида, муйро аз хамир ҷудо мекунад ва дар ин ҳолат бегуноҳии бародараш собит мешавад. Аммо судяи суди шаҳри Конибодом Раҳматуллозода Б. Р.,  дар рафти мурофиаи судӣ ба ваҷҳу далелҳои пешовардаи онҳо, ки яктарафа будани тафтишотро исбот мекунад, сарфи назар карда, ба онҳо баҳои ҳуқуқӣ надодааст.

Адвокат Ф. Насруллоев мегӯяд, дар рафти мурофиаи судӣ, аз ҷумла Акмал Раҳимов шоҳид Абдуллоев Бахтиёр Юсуфович, корманди шӯъбаи тафтишотии ШВКД ҶТ дар шаҳри Конибодомро дар толори суд шинохт, ки дар вақти боздошт шуданаш дар ШВКД ҶТ дар шаҳри Конибодом дар қатори дигар кормандони милиса, бо калтаки резинӣ (дубинка) ӯро латукӯб кардааст, ки натиҷа ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардоштааст. Инчунин адвокат иброз дошт, ки протоколи дастгиркунӣ бояд баъди се соат аз боздошти А. Раҳимов тартиб дода мешуд на баъд аз гузашти 20 соати боздошт, ки ба Кодекси мурофиавии ҷинояти Ҷумҳурии Точикистон мухолифат мекунад.  

Куртае, ки марҳум Шокиров А. пӯшида мегашт, дар рафти тафтишот ва азназаргузаронии ӯ  дар танаш набуда, мақомоти тафтишоти  пешакӣ он либосҳоро аз мадди назар куллан дур намуда, бо парвандаи мазкур ҳамроҳ накардааст. Он тибқи талаботи сархати  2 78 КМҶ ҶТ дар бораи ҳамчун далели шайъӣ ба парванда ҳамроҳ сохтани онҳо ягон қарори дахлдор қабул накардааст.

Экспертизаи суди-тиббии марьум Абдумаҷид Шокировро коршиносе, ки ҳамаги чор соли таҷрибаи экспертти дорад, гузаронидааст. Ба вай барои ҳал намудан ҳамаги чор савол аз рӯи қарори муфаттиш дода шудааст. Дар ҳолатҳои марги инсон экспертизаи суди-тиббии маит ниҳоят муҳим буда бояд пурра ва ҳаматарафа аз тарафи комиссияи экспертон гузаронида шавад ва ба ҳама саволҳои пайдо гардида ҷавоб диҳад. Барои бартараф кардани камбудиҳои экспертизаи қабли ҳангоми баррасии суди адвокат Насруллоев Ф. ба суд бо дархост, ки дар онҳо зиёда аз 10 саволи иловаги ба коршиносони тибби монда шуда буду гузаронидани экспертизаи суди-тиббии комиссиониро талаб мекард ба суд муроҷиат кард. Суд дар ин ҳолат ҳам дархости ҳимоятгарро рад кард.

Шоҳидони дар он ҷой буда, Сангинов Нозим, Бобоҷонов Мурод дар нишондодҳои худ оиди ҷанҷол умуман маълумот надоранд ва онеро, ки Шокиров Абдумаҷидро латукӯб намудааст, надидаанд. Шокиров А. ба Сангинов Н. танҳо гуфтааст, ки ҷанг кардаанд. Вале бо кӣ ва дар куҷо ҷанг кардаанд, маълум нест. Чаро Ҷӯраев Ҳусейн аз миёни ҳамнишинони А. Шокиров, ба сифати шоҳид аз ҷониби тафтишот истисно шудааст, маълум нест. Эҳтимол Шокиров А. аз тарафи Ҷуравев Ҳ. зери лату кӯб қарор гирифтааст? Аз нишондодҳои шоҳидон Сангинов Н. ва Бобоҷонов М. бармеояд, ки дар вақти ба ШВКД ҶТ дар шаҳри Конибодом 6 январи соли 2018 ҳозир кардани Бобоҷонов М. ва Ҷураев Ҳ. ҳарду дар қисми рӯяшон ҷароҳатҳои ҷисмонӣ доштанд ва ин ҳолат ҳам  пурраву ҳаматарафа аз тарафи мақомоти тафтишотӣ санҷида нашудааст ва экспертизаи судӣ - тиббӣ нисбати онҳо таъин карда нашудааст.

Муфаттиш Бобохоҷаев З.,  ки ҳамчун шоҳиди иловагӣ дар маҷлиси судӣ пурсида шуда буд, гуфтааст, ки бинобар ба кирдори худ иқрор шудани Раҳимов А. зарур нашуморидааст, ки ҳамсояҳоро ба сифати шоҳид пурсад ва дигар далелҳоро ҷамъоварӣ намояд. Ҳол он ки ҳангоми ҷанҷол овози доду фарёд ва ғайра баромаданаш мумкин буд, ки ҳамсояҳо ҳатман онро мешуниданд. Аз маводҳои кор дида мешавад, ки далелҳое, ки айбдориии А. Раҳимовро тасдиқ мекунанд, тафтишоти пешакӣ ба даст наовардааст, ғайр аз нишондодҳои худиқрории А. Раҳимов дар аввали тафтишот, ки ҳамаи онҳо зери фишору шиканҷа дода шудаанд.

Ба ин нишондодҳо судя Раҳматуллозода Б. Р, ба таври лозим баҳои ҳуқуқӣ надода, балки ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 13 сол нисбати  Акмал Раҳимовро эълон намуд.

Дар вақти эълони ҳукм судя Раҳматуллозода Б. Р., бинобар  бемасъулияти ва хунукназари зохир намудан дар рафти тафтишотӣ пешакӣ аз ҷониби Бобохоҷаев З., муфаттиши калони ШВКД ҶТ дар шаҳри Конибодом нисбати ӯ таъиноти хусусӣ бароварда, таъин кард, ки диққати сардори ШВКД ҶТ дар шаҳри Конибодом ба камбудиҳои роҳдодаи ӯ ҷалб карда шавад ҳоло он, ки барои хунукназари мувофики Кодекси Ҷинояти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгарии ҷиноятӣ пешбинӣ шудааст.  

Суд бо ин таъиноташ хост собит кунад, ки милиса, прокурор ва суд дар парвандаи А. Раҳимов гуё муттаҳид набудаанд. Аммо ошкор шудани камбудии муфаттиши калони ШВКД ҶТ дар шаҳри Конибодом дар рафти мурофиаи судӣ ва ба маҳзи он 13 сол ҳукми зиндон нисбати А. Раҳимовро қабули як чунин таъиноти хусусӣ чӣ гуна иваз мекунад?. Мешавад 13 соли маҳрумият аз озодӣ – бузургтарин меваи зиндагиро танҳо ҷалб кардани диққати сардори ШВКД ҶТ дар шаҳри Конибодом нисбати муфаттиши калон Бобохоҷаев З. , муқоиса кард?

Ҳеҷ гоҳ. Парвандаи Акмал Раҳимов як парвандаи нокомилест, ки аз оғоз то охир боз тафтишу баррасӣ мехоҳад. Чунин як ҳукми ғайриқонунӣ, ки дар натиҷаи хунукназарии милиса, прокурор ва суди шаҳри Конибодом содир шудааст, мисоли барҷастаи беадолатӣ дар низоми судӣ, риоят нашудани қонун ва беэҳтиромӣ нисбат ҳуқуқи инсон метавонад бошад.

NoTorture.Tj