Мо ҷонибдори ҳуқуқи инсон!

Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон бахшида ба 70-солагии қабули Эъломияи умумии ҳуқуқи башар ва Рӯзи байналмилалии ҳифзи ҳуқуқи инсон як қатор чорабиниҳо мегузаронад.

Дар давоми 12 рӯз, ҳамарӯза, оғоз аз 3-юми декабр мо дар торнамои худ - notorturetj.оrg ва саҳифаҳоямон дар шабакаҳои иҷтимоӣ яктоӣ моддаҳои Эъломияи умумии ҳуқуқи башарро иқтибос оварда, дар мавриди онҳо шарҳи хизматчиёни давлативу ҳимоятгарони ҳуқуқро ҷой медиҳем. Аксия бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ гузаронида мешавад.

Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон чорабинии зикргардидаро бо дастгирии молиявии Институти Ҷомеаи Кушода - Бунёди Мадад дар Тоҷикистон, Раёсати Комиссари Олӣ оид ба ҳуқуқи инсон, Барномаи рушди СММ, Фонди Зигрид Раузинг ва Намояндагии ИА дар ҶТ баргузор менамояд.

NoTorture.Tj