Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Узви Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон - ташкилоти «Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ» (минбаъд ДОШ) фаъолият дар самти ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои даъватшавандагон, даъватшудагон, хизматчиёни ҳарбӣ ва аъзои оилаҳои онҳоро амалӣ менамояд.
«Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ» дар якҷоягӣ бо Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мониторинги риояи ҳуқуқи инсон дар қисмҳои ҳарбиро мегузаронад, дар коркарди механизми вокуниш ба шикоятҳову аризаҳои хизматчиёни ҳарбӣ мусоидат мекунад, инчунин барои боло бурдани иқтидори ҳайати афсарӣ ва дониши ҳуқуқии сарбозон чорабиниҳо баргузор менамояд.
Дар соли 2018 ДОШ фаъолияташро оид ба офиятбахшии қурбониёни шиканҷаву муносибати бераҳмона дар қисмҳои ҳарбӣ ва аъзои оилаҳои онҳо, ки аз ҷониби Фонди ихтиёрии СММ дастгирӣ ёфт, идома дод.
Дар соли 2018 бо сарбозон, афсарон, фармондеҳону муфаттишони қисмҳои ҳарбии вилоятҳои Суғду Хатлон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 14 вохӯрӣ гузаронида шуд. Вохӯриҳо бо мақсади боло бурдани донишҳо дар самти ҳуқуқи хизматчиёни ҳарбӣ ва навгониҳои ташхиси муносибати бераҳмонаи фармондеҳони қисмҳои ҳарбӣ, тафтиши амиқи чунин далелҳо гузаронида мешаванд.
Қабулгоҳҳои ҳуқуқии ДОШ дар шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд фаъоланд. Ҳуқуқшиносони ташкилот оид ба масоили ҳуқуқиву тиббӣ, инчунин дар масъалаи муносиб будан ба хизмати ҳарбӣ машварат медиҳанд. Дар соли 2018-ум 402 нафар хизматрасонии машваратӣ гирифтанд, ки ба масоили даъват ба хизмати ҳарбӣ, ҳуқуқ ба рухсатӣ ва озодшавӣ, шикоят аз амалҳои ғайриқонунии аъзои комиссияи даъват вобаста буданд.
Дар ДОШ телефонҳои боварии шабонарӯзӣ фаъоланд: +992 93 333 18 03; +992 93 333 17 03.
Дар соли 2018 ДОШ тавассути ҳуқуқшиносон ва адвокатҳои амалкунанда ба 15 нафар - шахсони ба хизмати ҳарбӣ даъватшуда, хизматчиёни ҳарбӣ ва аъзои оилаҳои онҳо кӯмаки ҳуқуқӣ расонид.
Аз рӯйи 15 муроҷиат адвокатҳо ва ҳуқуқшиносон дар рафти санҷиши шикоят оид ба ҷиноят, тафтишоти пешакӣ, дар марҳилаҳои 1-2-3-и судӣ аз рӯйи парвандаҳои ҷиноятӣ, дар мурофиаҳои судӣ оид ба парвандаҳои гражданӣ иштирок карданд. Инчунин, адвокатҳо аз рӯйи парвандаҳое низ иштирок намуданд, ки аз манфиатҳои даъватшавандагон ва хизматчиёни ҳарбӣ дар мақомоти гуногуни давлатии хислати ҳарбӣ ва гражданидошта намояндагӣ карданд.
Дар соли 2018 ташкилот дар се парвандаи ҷиноятии марбут ба шиканҷа ва муносибати бераҳмона дар артиш иштирок кард. Ба адвокатҳо муяссар гардид, ки аз рӯйи як парванда ҳукми айбдорӣ бароварда шавад, аз рӯйи ду парвандаи дигар фаъолият идома дорад.
Дар соли 2018 ДОШ ба аъзои оилаҳои се хизматчии ҳарбӣ - Мансуров М., Боқиев А. ва Насриддинов Б. барои талаб кардани ҷуброни зарари маънавӣ кӯмаки ҳуқуқӣ расонид. Ҳамаи се парванда дар марҳилаи баррасии судӣ қарор доранд.
Аз соли 2015 ДОШ барои табобати амбулаторӣ ва статсионарии қурбониёни шиканҷа дар артиш ва аъзои оилаҳои онҳо мусоидат менамояд. Фаъолияти ДОШ дар самти офиятбахшии қурбониёни шиканҷа дар соли 2018 аз ҷониби Фонди ихтиёрии СММ оид ба дастгирии қурбониёни шиканҷа дастгирӣ ёфт.
Дар соли 2018 бо дастгирии ДОШ 28 нафар офиятбахшӣ гузаштанд, ки аз ин шумора 4 нафарашон сарбоз ва 24 нафар аъзои оилаҳои онҳоянд. Ҳамаи онҳо аз ташхиси тиббӣ ва клиникӣ-лабораторӣ гузаштанд. Холов Имомиддин, Мирзоев Шаҳбол, Насриддинов Баҳриддин, Шаъбонов Қурбоналӣ таҳти санҷиши доимии тиббӣ қарор доранд. 13 нафар бо роҳхати табибон табобати санаторӣ-истироҳатӣ гирифтанд. Чор нафари қурбониён курсҳои офиятбахшии равониро гузаштанд.
Аз соли 2014 «Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ» дар якҷоягӣ бо Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ҶТ мониторинги риояи ҳуқуқи инсон дар қисмҳои ҳарбиро мегузаронанд. Дар ин давра дар 21 қисми ҳарбии Вазорати мудофиаи ҶТ мониторинг гузаронида шуд.
Дар соли 2018 ДОШ гузаронидани мониторингро дар қисмҳои ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба риояи ҳуқуқи инсон идома дод. Мониторингҳо дар 5 қисми ҳарбии Вазорати мудофиа дар ноҳияи Рашт, шаҳри Истаравшан, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, шаҳри Кӯлоб ва шаҳри Бохтар гузаронида шуданд. 50 нафар сарбоз ва 50 нафар афсар назарпурсӣ карда шуданд.
Натиҷаҳои мониторинги доимӣ нишон медиҳанд, ки тағйироти мусбат ҳатто дар қисмҳои ҳарбии дуртарин ҳам ба мушоҳида мерасад.
Натиҷаҳои мониторинг нишон медиҳанд, ки нақзи ҳуқуқи инсон аз замони амал кардани комиссияи даъват ва аз муоинаи тиббӣ гузаштани даъватшавандагон оғоз мешавад. Сарбозон дар бораи ҳуқуқҳои худ ва механизми ҳимояи онҳо, инчунин оид ба ҳуқуқи бо шикоят муроҷиат кардан ва ҷойи қуттиҳо барои шикоят маълумот надоранд.