Фармондеҳи ротаи Гвардияи миллиро ҷарима бастанд

Додгоҳи низомии Душанбе фармондеҳи як ротаи Гвардияи миллии Тоҷикистонро барои сӯистифода аз мақом бештар аз 13 ҳазор сомонӣ ҷарима кардааст.

Додгоҳи мазкур рӯзи 16-уми май хабар дод, майор Алиакбар Назаров, командири ротаи ҳифз ва таъминоти қисми ҳарбии 051057 латукӯби яке аз сарбозони ин воҳиди низомиро пинҳон доштааст ва барои фош нашудани қонуншиканӣ Самандар Қувватови маҷруҳро 10 руз ба хона ҷавоб додааст.

Ба гуфтаи додгоҳ, Нуралишо Нажмиддинов, яке аз ҳамхидматони Самандар рӯзи 23-уми март бе ҳеҷ сабаб ва бо ҳадафи худнамоӣ бо зарби мушт ҷоғи Самандарро шикастааст. Муфаттишон гуфтаанд, Алиакбар Назаров, ки бояд аз ин қонуншиканӣ ба фармондеҳон хабар медод, ин корро накарда ва зоҳиран Самандар Қувватовро барои муолиҷа рухсатӣ додааст.

Дар ҳукми додгоҳ, ки рӯзи 13-уми май содир кардаанд, гуфта нашудааст, ки сарбозе, ки Самандар Қувватовро озор додааст, чӣ ҷазо гирифт. Аммо фармондеҳи ротаи Гвардияи миллӣ ҳаққи шикоят аз ҳукмро дорад ва аз ҳаққи ишғоли вазифа ҳам маҳрум нашудааст.

Дар ҳукми додгоҳ гуфта нашудааст, ки оё майори Гвардияи миллӣ иттиҳомотро эътироф мекунад, ё не. Ба Радиои Озодӣ муяссар нашуд, назари Алиакбар Назаровро бигирад.

Дар Тоҷикистон масъалаи бадрафторӣ дар сафи неруҳои мусаллаҳ як масъалаи доғ боқӣ мемонад ва ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, фармондеҳон низ аксар вақт ин ҷиноятҳоро пинҳон медоранд ва ё нодида мегиранд.

ozodi