Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Ба редаксияи мо одатан шаҳрвандоне меоянд, ки аллакай ба ҳалли одилонаи мушкилоти худ бовар надоранд ва аз равуои беохир ба мурофиаҳо, аз ваъдаҳои хушку холии мансабдорон, аз набудани таваҷҷуҳи хурдтарин ба онҳо монда шудаанд. Онҳо назди мо бо умеде меоянд, ки вақте дар ин бора менависем, ба ҳар ҳол шояд садояшонро шунаванд. Мо дарк мекунем, ки интизориашон ками андар кам натиҷаи мусбат медиҳад, аммо ҳуқуқи маҳрум кардани онҳоро аз ин эътиқодашон надорем.