Ду милисаи муттаҳам ба шиканҷаи Умед Ҳикоятов "ғайб задаанд"

Додситонии ноҳияи Фирдавӣ тафтиши парвандаи ду корманди пулисро, ки дар шиканҷаи Умед Ҳикоятов, сокини 38-солаи пойтахт муттаҳам мешаванд, боздоштааст. Мақомот ва вакили дифои Ҳикоятов мегӯянд, ки муттаҳамон фирор кардаанд.

Гулчеҳра Холматова, узви Эътилофи зидди шиканҷа ва вакили дифои Умед Ҳикоятов рӯзи 10-уми июн ба Радиои Озодӣ гуфт, мақомоти тафтишотӣ сабаби боздошти парвандаро фирори кормандони пулис гуфтанд, ки дар шиканҷаи зерҳимояаш гумонбар дониста мешаванд.

Ӯ гуфт, амале, ки ду корманди пулис - Сафар Додаров ва Зубайдулло Сангинмуродзода содир намудаанд, ҷинояти вазнин дониста мешавад ва мақомоти тафтишотӣ онҳоро ҷустуҷӯ доштаанд. Ӯ афзуд, аз мақомоти интизомӣ хостаанд, ки муттаҳамон ба ҷиноят боздошт шаванд, вале бенатиҷа: "Чанд мартаба оиди иваз намудани чораи пешгирӣ нисбати айбдоршавандагон шикоят пешниҳод намуда будем, аммо ягон чора наандешиданд."

Як манбаъ дар додситонии ноҳияи Фирдавсӣ рӯзи 10-уми июн бо тасдиқи хабари фирори гумонбарони шиканҷаи Умед Ҳикоятов ба Радиои Озодӣ гуфт, кормандони пулис тақрибан ҳафтае пеш аз Душанбе фирор кардаанд ва мавриди ҷустуҷӯ қарор доранд.

"Дар ин бора наметавонам чизе бигӯям"

Дар Вазорати умури дохилии Тоҷикистон гуфтанд, он кормандони пулис, аз мақомҳои худ барканор нашудаанд ва исмашон дар қатори кормандон вуҷуд дорад. Ҳамсӯҳбати мо дар вазорат ироаи тафсилоти бештарро аз салоҳияти мақомоти тафтишотӣ донист. Аммо Зуҳуршоҳ Сафарзода, муфаттиши парвандаи гумонбарони шиканҷа аз сӯҳбат дар ин бора худдорӣ намуд ва танҳо гуфт, "дар ин бора наметавонад чизе бигӯяд".

Фирори гумонбарон дар ҳолест, ки қаблан Гулчеҳра Холматова иброз дошта буд, ки зерҳимояш Умед Ҳикоятов ва наздикони ӯ аз рӯзи оғози парванда зери фишори ду корманди пулис қарор доштанд, то аз даъвояшон даст кашанд.Худи Умед Ҳикоятов мегӯяд, борҳо ба мақомот гуфта буд, ки кормандони пулисро ба ҳабс гиранд, аммо ҳарфҳояш ҷиддӣ гирифта нашуд.

Қазияи латукӯби Умед Ҳикоятов нигарониҳои зиёдеро дар ҷомеа ба миён овард. Фаъолони ҷомеа ва садҳо корбари шабакаҳои иҷтимоӣ тақозо карданд, то омилони латукӯби ин ҷавон сахт муҷозот шаванд.

Озодӣ ба шарти берун нарафтан аз ҷои зист

Нисбати Зубайдулло Сангинмуродзода ва Сафар Додаров, гумонбарони шиканҷаи Умед Иноятов бо қисми сеюми моддаи 316 ё "баромадан аз ҳадди ваколати мансабӣ", парванда боз шудааст. Бо вуҷуди оғози парванда нисбати гумонбарон, онҳо бо шарти берун нарафтан аз ҷойи зист озод ва сари кор буданд.

Гулчеҳра Холматова, вакили дифои Умед Ҳикоятов қаблан иброз дошта буд, ки аз рӯи қонунгузорӣ ин кормандони пулис бояд ба ҳабси пешакӣ гирифта шаванд ва набояд дар озодӣ бошанд ва аз он нигаронӣ карда буд, ки дар ниҳоят ин ду корманди пулис бегуноҳ мебароянд. Хонум Холматова аз таҷрибаи худ гуфт, қаблан чандин ҳолате буд, ки нисбати кормандони пулис ба иттиҳоми шиканҷа парванда боз шуд, вале дар ниҳоят онҳо ҷазо нагирифтанд.

Дар мавриди боздошту ба ҳабс гирифтани гумонбарон, қаблан дар Раёсати корҳои дохилии Душанбе ба Радиои Озодӣ гуфта буданд, ки дар ин бобат мунтазири хулосаҳои санҷиш мебошанд ва танҳо баъди натиҷаи экспертиза тасмими ниҳоӣ дар бораи Зубайдулло Сангинмуродзода ва Сафар Додаров гирифта мешавад.

Вакили мудофеи Умед Ҳикоятов рӯзи 10-уми июн гуфт, аз хулосаи судӣ-тиббие, ки нисбати зерҳимояаш анҷом шудааст, розӣ нест, "зеро ҷароҳатҳои бардоштааш дар хулосаи судӣ-тиббӣ пурра дарҷ карда нашудаанд, бино бар ин хостори анҷоми хулосаи такрорӣ шудаанд".

"Ҳаётамро сӯзонданд"

Умед Ҳикоятовро рӯзи 31-уми марти имсол бо нишонаҳои "осеби пӯшидаи моядон" ва "кафидани мояҳои чапу рост" ба бемористон бурда шуд. Ӯ мегӯяд, ду нозири минтақавӣ ӯро шиканҷа карданд ва "ҳаёташро сӯзонданд".

Ҳодиса баъди соати 9-и субҳи 31-уми март рух дод ва ӯ дар ҳолате боздошт шуд, ки оби ҷав нӯшида буд. Ба қавли Ҳикоятов, баъди латту кӯб шудан дар идораи нозири минтақавӣ, ӯро ба шуъбаи наркологӣ ва баъди он ба ҳушёрхона бурдаанд. Дар ҳушёрхона, ба гуфтаи Ҳикоятов, ӯ дигар аз ҷояш хеста натавонист, чун олоти таносулаш варам карда буд.

Вале намояндагони Шӯъбаи корҳои дохилии Фирдавсӣ гуфтанд, ки Умед Ҳикоятов барои "вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ дар ҳолати мастӣ" боздошт шуда буд, вале шиканҷа ва латту кӯбашро рад мекунанд. Бори аввал нест, ки кормандони пулиси Душанбе ба шиканҷаи боздоштшудаҳо муттаҳам мешаванд.

Моҳи феврали имсол додситонӣ бар зидди чаҳор афсари Раёсати корҳои дохилии Душанбе барои баромадан аз ҳадди ваколати хидматӣ ва шиканҷа парвандаи ҷиноӣ боз карда буд. Ин афрод бо шумули муовини сардори Шӯъбаи кофтукоби ҷиноии Раёсати корҳои дохилии Душанбе ба шиканҷаи як сокини пойтахт ва сӯистифода аз мақом муттаҳам мешаванд.

 

ozodi