Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Гуруҳ оид ба мониторинги ҷойҳои маҳрумият аз озодӣ, ки дар доираи афзалиятҳои стратегии Эътилофи зидди шиканҷа таъсис дода шудааст, ба татбиқи Протоколи факултативӣ ба Конвенсияи зидди шиканҷа ва ташкили механизми миллии пешгирикунанда мусоидат намуда, инчунин мақсад дорад ба таъсиси механизми мустақили мониторинги ҷамъиятии ҷойҳои маҳрумият аз озодӣ даст ёбад.
Ҳамоҳангсози гуруҳ Идораи ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният (ҳамоҳангсоз Таҳмина Ҷӯраева) ба шумор меравад. Аз 1-уми июли соли 2019 гуруҳро Фарҳод Бобоев (Маркази ҳуқуқи инсон) ва Парвина Ғиёсова (Апейрон) ҳамоҳангсозӣ хоҳанд кард.
Гуруҳ узви Гуруҳи корӣ оид ба пешбурди татбиқи ПФ ба КЗШ, ҳамоҳангсозии механизми мониторингии назди Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ҶТ (минбаъд Гуруҳи корӣ) ба шумор рафта, фаъолияти Гуруҳ оид ба мониторинги ҷойҳои маҳрумият аз озодӣ (минбаъд Гуруҳи мониторингӣ)-ро ҳамоҳангсозӣ мекунад.
Аз соли 2016 фаъолияти гуруҳ аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо, БРСММ, Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе ва Фонди Зигрид Раузинг Траст дастгирӣ меёбад.
Дар нимсолаи аввали соли 2019-ум 7 боздиди мониторингӣ гузаронида шуд: мониторинги муассисаи ноҳиявии руҳии ноҳияи Б. Ғафурови вилояти Суғд (25-26-уми феврал), мониторинги муассисаи ноҳиявии руҳӣ дар ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд (27-28-уми феврал), мониторинги беморхонаи вилоятии руҳии ноҳияи Роштқалъа (16-18-уми март), мониторинги маркази вилоятии руҳии №1 дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон (24-25-уми апрел), мониторинги тавқифгоҳи муваққатии Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ (АНМН) дар ВМКБ (19-20-уми март), мониторинги тавқифгоҳи муваққатии байниноҳиявии вилоятии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон (22-23-юми апрел) ва мониторинги тавқифгоҳи муваққатии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ дар вилояти Хатлон. Маълумоти бештарро оид ба ҳар кадом боздидҳо дар торнамои Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ - www.notorturetj.org пайдо кардан мумкин аст.
Намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, аз ҷумла аъзои гуруҳи мониторингӣ низ барои санҷидани хабарномаҳо оид ба истифодаи шиканҷа ва муносибати бераҳмона ба муассисаҳои пӯшида дастрасӣ надоранд. Дар ҳолати ворид шудани муроҷиат аз ҷойҳои маҳрумият аз озодӣ, намояндагони Эътилоф ба Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ҶТ барои гузаронидани боздиди якҷоя ё санҷиши далелҳо муроҷиат мекунанд. Аксар вақт аз рӯи чунин муроҷиатҳо боздид аз ҷониби намояндагони Прокуратураи генералӣ ва дафтари Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бе иштироки ҷомеаи шаҳрвандӣ гузаронида мешавад.
Дар шаш моҳи соли 2019 аъзои гуруҳи мониторингӣ аз рӯи хабарномаҳо оид ба нақзи ҳуқуқҳои асосии инсон тавонистанд танҳо бо як нафар вохӯранд. 26-уми июни соли 2019 Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Бобозода У., корманди дастгоҳи ВҲИ Нидоев Ҳ. ва узви гуруҳи мониторингии Эътилоф аз Муассисаи ислоҳотии 3/2-и Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи ҶТ дар шаҳри Ваҳдат боздид намуда, бо Зайд Саидов, ки дар ин колония адои ҷазо мекунад, вохӯрданд. Вохӯрӣ дар ҳуҷраи барои мулоқоти дарозмуҳлат бе иштироки кормандони муассисаи пенитенсиарӣ гузашт. Дар утоқ видеокамераи назоратӣ набуд. Мушоҳидаи визуалӣ мушкилоти дақиқ дар саломатиро нишон надод, хуб роҳ меравад, озод менишинад, худро боварибахш нишон медиҳад, нишонаҳои зоҳирии зӯроварӣ (харошидаҳо, доғҳо) ба назар нарасид. Ҳангоми суҳбат Зайд Саидов зикр намуд, ки аз саломатиаш шикояти ҷиддие надорад, бо меъдааш мушкил дорад ва барои ҳамин парҳез мекунад. Ӯ иттилоъ дар бораи захмӣ шуданашро ҳангоми ошӯб тасдиқ накарда, зикр намуд, ки вақте ошӯб оғоз шуд, нақша дошт хоб равад ва ҷониби ҷойхоби муваққатӣ раҳсипор буд, ки маҳбуси дигаре омадаву ӯро аз онҷо бурд. Ин ҳангом ӯ афтод ва каме ҷароҳат бардошт, ки баъдан кӯмаки фаврии тиббӣ гирифт. Ӯ инчунин зикр намуд, ки бори охир бо аъзои оилааш пеш аз ошӯб вохӯрда буд, ҳангоми гузаронидани тафтишот вохӯриҳо манъ шуда буданд. Бо зикри он, ки муносибат нисбаташ хуб аст, фишор нест, ба кор дар истеҳсолот ҷалб мешавад, баъзан ба роҳбарият машварат медиҳад, аз шароити боздоштгоҳ шикоят надошт. Шароит дар ин муассисаи пӯшида қаноатбахш буда, ошхона ва ҳоҷатхонаҳои нав сохта шудаанд. Бо омадани роҳбарияти нав ҳолатҳои фасоду тамаъҷӯӣ кам шудааст.
11-уми марти соли 2019 дар ВАО муроҷиати видеоии Савриниссо Ҷӯрабекова (Ҷӯраева) - ҳамсари муовини роҳбари ҳизби дар Тоҷикистон мамнуъ эълоншудаи наҳзати исломӣ Маҳмадалӣ Ҳайит, ки адои ҷазо карда истодааст, пайдо шуд. Ӯ дар навор оид ба он мегуфт, ки ҳангоми мулоқот санаи 9-уми марти соли 2019 шавҳараш нахустин бор оид ба истифодаи шиканҷа ва таҳқир нисбаташ ҳангоми адои ҷазо дар СИЗО №1-и шаҳри Душанбе нақл кардааст. 12-уми марти соли 2019 роҳбари Эътилоф бо муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон Раҷабмо Ҳабибуллозода вохӯрд ва масъалаи гузаронидани боздиди якҷоя барои санҷидани хабарнома ба миён гузошта шуд, аммо пешниҳоди Эътилоф дастгирӣ наёфт. Бо сабаби он, ки дар ин марҳила Ваколатдори нав оид ба ҳуқуқи инсон дар ҶТ Умед Бобозода таъин гардида буд, бо ӯ вохӯрдани роҳбари Эътилоф муяссар нагардид. 13-уми марти соли 2019 ТҶ «Идораи ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният» аз номи Эътилоф ба унвонии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ҶТ бо дархости боздиди якҷоя аз Маҳмадалӣ Ҳайит мактуб ирсол намуд, ки ба он посухи расмӣ дода нашудааст. Бо иттилои муқаддамотӣ мактуб ба мақомоти прокуратура барои гузаронидани санҷиши далели истифодаи шиканҷа ва муносибати бераҳмона фиристода шуд. Кормандони Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бо Маҳмадалӣ Ҳайит вонахӯрданд. 19-уми марти соли 2019 бо роҳбарияти СРИҶҶ ВА ҶТ вохӯрӣ доир шуд, ки дар он ба ғайр аз масоили ҳамкорӣ инчунин масоили боздидҳо аз рӯи шикоятҳо оид ба шиканҷа ва муносибати бераҳмона баррасӣ гардид.
Дар давраи ҳисоботӣ дар ВАО иттилоъ оид ба истифодаи эҳтимолии шиканҷа ва муносибати бераҳмона нисбати маҳбусоне, ки дар муассисаи ислоҳотии 3/4 адои ҷазо мекарданд, пайдо шуд. Аз ҷумла, 26-уми март мактуби гуруҳи маҳбусон ба номи сардори СРИҶҶ ба нашр расид. Маҳбусон дар мактуб аз аз муносибати бераҳмона ва тамаъҷӯӣ аз ҷониби кормандони колония шикоят мекарданд. Тибқи хабарҳо дар ВАО, гуруҳи мониторингӣ барои гузаронидани боздиди якҷоя ба ВҲИ муроҷиат намуд. Барои боздид розигӣ дода шуд, аммо дар натиҷа кормандони ВҲИ худашон ба муассисаи ислоҳотии 3/4 рафта, бо гуруҳи маҳбусон суҳбат гузарониданд. Ба гуфтаи кормандони ВҲИ, маҳбусон аз шароити боздошт ва муносибат нисбаташон шикоят надоранд. Онҳо гуфтаанд, ки ба мактуби дар ВАО паҳншуда оид ба шиканҷа иртибот надоранд. Эътилоф гуфтушунидҳоро оид ба боздид барои санҷиши хабарномаҳо дар мавриди шиканҷа идома медиҳад.
Моҳи май дар ВАО иттилоъ дар он хусус пайдо гардид, ки дар хона-интернат дар Деҳмойи вилояти Суғд писар - мизоҷи ин муассиса барои саркашӣ кардан аз хӯрок аз ҷониби корманди муассиса латукӯб шудааст. Ин хабарнома барои гузаронидани боздиди имконпазир ба ВҲИ фиристода шуд. Баъди дастрас намудани ин иттилоъ дафтари Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак барои таъсиси комиссия бо иштироки намояндагони мақомоти иҷроияти ҳокимияти давлатӣ дар вилояти Суғд ташаббус нишон дод ва боздид аз муассиса ташкил карда шуд.