Дар ин маҷмуа шарҳи меъёрҳои ҷудогонаи калидӣ дар бахши ҳуқуқҳои инсон ва принсипҳои роҳбарикунанда дар масъалаи чораҳое, ки аз ҷониби давлатҳо барои мубориза бо паҳншавии Covid-19 андешида мешаванд, пешкаш гардидааст. Зимнан таваҷҷуҳи махсус ба вазъ дар маҳбасҳо ва дигар ҷойҳои нигаҳдорӣ таҳти ҳабс, инчунин дар арсаи озодии иттилоот ва изҳори ақидаҳо дода мешавад.
Маҷмуаи мазкур мукаммал нест, балки бештар як навъ маҷмуи принсипу воситаҳои муфиди роҳбарикунанда барои истифода дар шароити бўҳрони пандемиявӣ мебошад.