Гунаҳгори шиканҷа бояд тибқи қонун муҷозот шавад!

Ҳукумати Тоҷикистон 24-уми январи соли 2019 Нақшаи миллии амал оид ба иҷрои тавсияҳои Кумитаи зидди шиканҷаи СММ барои солҳои 2019-2022-ро қабул кард. Нақшаи миллӣ аз 22 банд иборат аст: тафтиши ҳолатҳои шиканҷа, ҷазо барои истифодаи шиканҷа, пурзўр намудани фаъолияти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ҶТ, кафолатҳои асосии ҳуқуқӣ, дастрасӣ ба адвокати мустақил, санҷиши ҷойҳои маҳрумият аз озодӣ, шароити нигоҳдорӣ дар ҳабс, механизми мустақили қабул ва баррасии шикоятҳо аз шиканҷа, таъмин намудани ҷубронпуливу офиятбахшӣ ва ғайра.

Нақшаи миллӣ гузаронидани 80 чорабиниро дар самти амалигардонии қонунгузорӣ ва таҷрибаи ҳуқуқистифодабарӣ оид ба масоили роҳ надодан ба шиканҷа пешбинӣ намудааст. Ба амалисозии Нақшаи миллӣ доираи васеи мақомоти давлатӣ, судҳо, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, Институти Омбудсмен ҷалб карда шудаанд.

Инак, банди №3-и Нақшаи миллӣ: «Чораҳои ҷазо барои истифодаи шиканҷа».

Оид ба ин банд чорабиниҳои зерин амалӣ гардидаанд:

- Ворид намудани тағйирот ба моддаи 143, эзоҳи 1 (Шиканҷа)-и КҶ ҶТ, боло бурдани муҳлати маҳрумӣ аз озодӣ барои истифодаи шиканҷа ва истисно намудани чораҳои ҷазои ба маҳрумият аз озодӣ алоқаманд набуда.

- Баррасаи масъалаи  истифода набурдани санадҳои авф, қатъи парвандаҳои ҷиноятӣ, озоднамоӣ аз ҷавобгарии ҷиноятӣ вобаста ба оштӣ бо ҷабрдида, бо гузашти муҳлат ва дигар ҳолатҳо нисбати нафаре, ки шиканҷа ё дигар муносибати бераҳмонаро содир кардааст.

Матлаби мазкур бахшида ба Рўзи байналмилалии ҳимояи қурбониёни шиканҷа, ки ҳамасола 26-уми июн қайд мегардад, бахшида шудааст.

Шиканҷа монанд ба вируси даҳшатнок аст ва танҳо як ваксина муқобили он вуҷуд дорад - ошкорсозӣ.

NoTorture.Tj