Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Онҳо то ба худкушӣ оварда расонидани боздоштшуда гунаҳкор дониста шуданд.
Суди ҳарбии гарнизони Душанбе Вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳуриро ба пардохти ҷубронпулӣ ба кӯдакони сокини ноҳияи Ашт, ки пас аз шиканҷа аз ҷониби кормандони ин сохторҳои қудратӣ даст ба худкушӣ зад, уҳдадор кард.
Тавре Радиои Озодӣ менависад, сокини 31-солаи ноҳияи Ашт Комил Хоҷаназаров моҳи августи соли 2017 дар муроҷиати видеоӣ аз мавриди шиканҷа қарор гирифтанаш аз ҷониби кормандони милитсия ва кумитаи амнияти миллӣ нақл кард.
Манбаи Радиои Озодӣ рӯзи душанбе хабар додааст, ки бар асоси қарори Додгоҳи низомии Душанбе, ки рӯзи 16-уми март содир шудааст, Вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи амнияти миллӣ бояд ба фарзандони Комил Хоҷаназаров, сокини 31-солаи ноҳияи Ашт 5 ҳазор сомонӣ (ҳудуди 443 доллар) ҷубронпулӣ бипардозанд.
Гулмира Ҳотамова ҳамсари Комил Хоҷаназаров рӯзи 12-уми декабри cоли гузашта, раёсатҳои ин ду ниҳоди муҳим дар вилояти Суғдро ба додгоҳ кашид ва аз онҳо талаб кард, барои таъмини ду кӯдаки нимаятимаш 280 ҳазор сомонӣ ҷуброн бипардозанд.
Дар аризаи даъвогии ӯ зикр шуда буд, ки шавҳараш Комил Хоҷаназаров бо бародараш ба насбу таъмири кондитсионерҳо машғул буд ва ягона саробони оила ба ҳисоб мерафт. Ӯ худаш фаррошӣ мекунад ва музде, ки ба даст меорад, барои фароҳам кардани зиндагии шоиста барои кӯдакон кофӣ нест.
Эътилофи мубориза ба зидди шиканҷа дар Тоҷикистон, ки аз ҳаққи Гулмира Ҳотамова ҳимоят мекард, бо нашри як баёния гуфт, 5 ҳазор сомонӣ ҷуброне, ки додгоҳ таъин кардааст, бисёр кам ва “ба зиёне, ки ба ҷабрдида расонидаанд, мутаносиб нест”.
Комил Хоҷаназаровро кормандони Раёсати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд тобистони соли 2017 ҳамроҳ бо 15 узви собиқи Ҳизби мамнуи наҳзати исломӣ дастгир ва баъд аз чанд рӯз озод карданд.
Баъди раҳоӣ аз боздошт, Комил Хоҷаназаров дар як навори савтӣ нақл кардааст, ки муфаттишон ҳангоми бозпурсӣ ӯро азобу шиканҷаи сахт дода, мехостанд, ӯ иттиҳоми узвият дар ҳизбро эътироф кунад. Ӯ гуфтааст, ки муфаттишон ҳатто таҳдид карданд, ки ӯро таҷовуз мекунанд. Комил Хоҷаназаров баъди ин ҳама худро овехта кушт.