Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
19 феврали соли 2010. Издиҳоми (гурӯҳи) мардон, сарфи назар аз рӯзи хунук барои адои намози ҷумъа ба сӯи масҷиди асосии шаҳри Исфара мешитофтанд. Ба ин сӯ Исмонбой Бобоеви 30- сола низ, ки як ҳафта пеш аз Федератсияи Россия ба аёдати падару модараш омада буд, аз хона мешитофт. Ӯ шахси диндор буд ва доимо дар ҳама ҷо ба намози ҷумъа мерафт – ҳам дар Москва, ки ӯ бо амри тақдир ба он ҷо рафта буд, ва ҳам дар зодгоҳи худ Исфара.
Вале ду нафар корманди Шӯъбаи минтақавии мубориза бо ҷинояткории муташакили Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба ном шӯъбаи 6-ум садди роҳи ӯ гардиданд ва ба ӯ гуфтанд, ки ӯ барои узвият дар ҳизби ғайриқонунии динии экстримистии “Ҳизб –ут-Таҳрир” гумонбар дониста мешавад ва ӯро бо худ гирифта бурданд.
Исмонбой умед дошт, ки дар шӯъбаи милитсия ӯ метавонад ба ҳизби манъшуда аъзо набуданашро исбот менамояд ва ҳатто бо рафиқони худ, ки баъди намоз ӯро дар чойхона интизор мешуданд, вомехӯрад. Дар ин ҷо онҳо мехостанд ба муносибати омадани Исмонбой оши палави ҳақиқии суғдӣ пазанд ва аз хусусии зиндагӣ сӯҳбат намоянд.
Вале аз байни як соат, соати дигар гузашт, аммо Исмонбой ҳанӯз набуд.Рафиқон аз ин ҳолат ниҳоят ба ташвиш афтида ба телефонии дастии ӯ занг заданд, вале ҳеҷ кас ҷавоб намедод. Ва танҳо бори даҳуми занг задан шахси ношинос ҷавоб дод ва худро Фирдавс гуфта, муаррифӣ намуд, ва хабар дод, ки Исмонбойро ба шаҳри Хуҷанд, ба шӯъбаи 6-ум мебаранд ва телефонро хомӯш кард.Рафиқони Исмонбой шитобон ба хонаи падару модари ӯ рафтанд. Дар дастархони дар чойхона ороста оши палави хуштаъм нохӯрда монд...
Тибқи суханони падари Исмонбой, танҳо номи шӯъбаи 6 - ум сокинони маҳаллиро ба ҳарос меовард. “Байни сокинони маҳаллӣ овозае буд, ки кормандони шӯъбаи 6 –ум ҷавонони аз муҳоҷирати меҳнатӣ бармегаштаро дастгир мекарданд, онҳоро лату кӯб карда аз онҳо маблағи муайянро талаб мекарданд – аз 2 то 7 ҳазор доллари ШМА. Чунин нақша хуб кор мекард: ҳеҷ кас намехост, ки бо айбдории машғул будан ба фаъолияти экстремистӣ ҳабс шавад ё ба азобу шиканҷаи бераҳмона гирифтор шавад ва пулҳои бо машаққат ба даст овардаи худро ба онҳо медоданд”, - нақл кард ӯ.
Ҷурабой- ако, аз шунидани хабари нохуш аз рафиқони писараш, саросемавор ба хонаи Фирдавс Шокиров, корманди ШМҶМ (Шӯъбаи минтақавии мубориза бо ҷинояткории муташаккил), ки аз телефони Исмонбой ҷавоб дода буд, равон шуд. Ӯ ваъда дод, ки ба Фирдавс занг мезанад ва ба ҳал намудани масъала кӯмак мекунад. Ба хона баргашта, Ҷурабой дар изтироб буд, беқарорӣ мекард. Тариқи шиносони худ ӯ рақамҳои телефони сардори ШМҶМ- и минтақавиро дастрас намуд.Занг зад, маслиҳат карданд, ки субҳи дигар вомехӯранд ва сӯҳбат мекунанд. Ба ҳар эҳтимол Ҷурабой-ако 7,5 ҳазор доллар тайёр кард.
Пагоҳирӯзӣ, ба назди шуъбаи 6 –ум омада, он ҷо издиҳоми одамонро дид. Дар он ҷо ҳам роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ҳам сохторҳои қудратии вилоят буданд. Касе гуфт, ки Исмонбой мурдааст...
Дар хона, ҳангоми шустани ҷасади писараш, ӯ дар ангуштони дастон пайҳои захмҳои сӯхтаро, ки аз ҷараёни барқ ва дар пойҳо доғҳои калони латмаро (захмҳои кабуд) ошкор намуд...
Баъди 20 рӯзи пас аз ба хок супурдани Исмонбой нахустин экспертиза анҷом дода ва муайян карда шуд, ки Бобоев дар натиҷаи асфиксияи механикии фурӯравии забон фавтидааст. Дар охири моҳи апрели соли 2010 ба падари ӯ муяссар гардид, экспертизаи такрорӣ гузаронида шавад, ки натиҷаҳои он бештар ба воқеияти ҳодиса, дуруст гирад:мард дар ҳолати бардоштани ҷароҳатҳои электрикӣ ба ҳалокат расидааст. Яъне, ба таври дигар, Исмонбой дар ҳақиқат мавриди шиканҷа бо истифодаи ҷараёни барқ қарор гирифтааст ва фурӯравии забон оқибати истифода кардани ҷараёни электрикӣ буд.
Прокуратураи вилояти Суғд 25 марти соли 2010 мутобиқи қисми 1 моддаи 104 (Одамкушӣ), қисми 3 моддаи 316 (Баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ), қисми 4 моддаи 247 (Қаллобӣ) ва қисми 2 моддаи 250 (Тамаъҷӯй) Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати кормандони РОБОП ВКД Манучеҳр Акбаров ва Фирдавс Шокиров парвандаи ҷиноятӣ оғоз намуд.
Вале 25 июни соли 2010 парвандаи ҷиноятӣ бинобар “бемории гумонбаршудагон Акбаров ва Шокиров” бозмонда шуд. Дар давоми ин муддат Шокиров бо хоҳиши худ аз мақомоти корҳои дохилӣ аз кор рафт, Акбаров бошад унвони навбатӣ гирифт ва аллакай дар вазифаи ҷонишини сардори РОБОП ВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд фаъолият мекард, баъдан дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилояти Хатлон ба яке аз вазифаҳои роҳбарикунанда таъин карда шуд. Дар давраи аз моҳи июни соли 2010 то моҳи августи соли 2012 ягон амалиёти тафтишотӣ анҷом дода нашуд.
Танҳо 20 августи соли 2012 Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарори прокуратураи вилояти Суғдро оид ба боздоштани тафтишот бинобар ғайриқонунӣ будан, бекор кард. Ин кор ба туфайли амалҳои фаъоли адвокатони ҷониби зарардида ноил гардид, ки моҳи июли соли 2012 бо шикояти инфиродӣ ба Кумитаи оид ба ҳуқуқи инсони Созмони Милали Муттаҳид муроҷиат намуданд. Шикояти инфиродӣ ба қайд гирифта шуд ва ба кишвари узв дархост доир ба дар давоми шаш моҳ пешниҳод намудани тавзеҳот оид ба парвандаи мазкур ирсол гардид.Ҳамин тариқ, тафтишот аз рӯи далели марги Исмонбой Бобоев барқарор карда шуд.
Ин хабар хешовандагони Исмонбой ва адвокатонро хеле умедвор намуд. Вале дар охири соли 2012 ба Ҷурабой Бобоев аз прокуратураи вилояти Суғд огоҳинома омад, ки дар он гуфта мешавад, ки парвандаи ҷиноятӣ бинобар бемории ҳар ду гумонбаршудагон дубора боздошта шудааст. Дар айни ҳол ҳеҷ кас хабар надод, ки он чӣ гуна беморӣ будааст, ки Акбаров ва Шокировро ба муддати се сол "аз пой задааст", ҳол он ки "бемор" Акбаров фаъолияти худро дар мақомоти вилояти Хатлон дар вазифаи роҳбарикунанда идома медиҳад...
Захми дар дили Ҷурабой Бобоев буда баъди марги писараш ҳанӯз дармон наёфтааст, ва шифо ёфтанаш дар гумон аст. Исмонбой дар оила фарзанди нахустин буд, баъди ӯду хоҳар ва ду бародар ба дунё омадаанд. Падари ӯ ба ёд меорад, ки Исмонбой барвақт ба камол расид, ҳанӯз аз хурдсолӣ ба падару модар ёрӣ мерасонд. Ӯ ҳамеша қарорҳои дуруст қабул мекард, ӯ як навъ қариҳа (маҳорат) ва чолокии соҳибкорӣ дошт. “Оилаи мо аз ҳеҷ чиз кам набуд, вале, бо вуҷуди ин, ман фарзандонамро тавре тарбия намудам, ки донанд, ки як бурда нон чӣ тавр ба даст оварда мешавад ва мустақилу соҳибихтиёр бошанд”, - мегӯяд Ҷурабой-ако.
Соли 2000 Исмонбой аввалин маротиба ҳамроҳи амакаш ба шаҳри Москва барои кор кардан сафар намуд. Он вақт ӯ 20- сола буд. Вақтҳои аввал ӯ ба сифати ҳаммол (борбардор) кор мекард, баъдан ба корҳои сохтмон гузашт, вақтҳои охир бошад дар бозор ба фурӯши хушкмева машғул шуд. Дар пойтахти Россия кору фаъолият ва истиқомат кардан кори осон набуд, вале гӯё тақдир ба руяш хандида буд.
Корҳояш оҳиста –оҳиста мерафтанд, ӯ имконияти дар як сол ду-се маротиба ба аёдати падару модараш омадан, барои истироҳат кардан ба кишварҳои гарм сафар кардан, харидҳои калон карданро пайдо намуд. Исмонбой ҳамроҳи худ ба шаҳри Москва зан ва ду духтараки хурдсолашро гирифта бурд. Дар давоми 10 соли дар Златоглава зиндагӣ кардан ҷавони оддии исфарагӣ барои худ, ҳамсар ва фарзандонаш шаҳрвандии Федератсияи Россияро гирифт.
“Шумо медонед, ӯ ба духтарони калониаш чунон тӯҳфаҳои хуб мехарид-ки. Ҳоло ман мефаҳмам, ки ҳамаи он тӯҳфаҳо беҳуда набудаанд.Масалан, боре, ӯба духтаронаш тилловриҳои занона харид, ки духтарони хурдсол онҳоро намекунанд. Ҳоло бошад духтаронаш онҳоро бо эҳтиёт ҳамчун хотира аз падарашон нигоҳ медоранд. Зеро тилло бо мурури замон беқадру вайрон намешавад”, мегӯяд Ҷурабой-ако.
Вақте ки зиндагии Исмонбой хубтар шуд, ӯ ба Москва ду бародарашро низ гирифта бурд. “Ман ҳамеша аз чаққонии ӯ дар ҳайрат мемондам, ба фикрам ман мисли вай наметавонистам. Қисми зиёди ҳамватанонам барои коркунӣ ба Россия сафар мекунанд, баъзеяшон аз писари калониам калонсолтар вале каме онҳо дар он ҷо мисли Исмонбой муваффақ шудаанд”, - идома дод нақли худро падар.
Мегӯянд, ки меҳрубонии Исмонбой ҳадду канор надошт. Ӯ ба ҳамватанони худ, ки дар ғарибӣ ба мушкилӣ дучор мегардиданд, кӯмак мекард. Қисми зиёди онҳо ба маъракаҳои ёдбудии ӯ омаданд , дар бораи кӯмаку ёрие, ки Исмонбой ба онҳо расонида буд, қисса мекарданд, падару модар бошанд аввалин маротиба дар бораи ин ҳолатҳо мешуниданд. Тавре ки падари ӯ мегӯяд Исмонбой ҳамеша мақоли зеринро пайравӣ менамуд: “Некӣ куну ба об парто”.
“Мо ӯро хеле ёд мекунем, ӯ дар байни фарзандонам тамоман дигар буд. Дилам то ба ҳол барояш ҷафо мекашад... Ва агар дар кишвари мо суд виҷдонфурӯшу худфурӯш бошад ҳам, ман боварӣ дорам, ки қотилони писарам ба ҷазои Худо гирифтор мешаванд”, - умед дорад Ҷурабой – ако.
Тафтишот оид ба парванда шаш маротиба боздоша шуда буд, гӯё бо сабаби бемории гумонбаршудагон, вале тафтишот бошад, қариб соли ҳафтум тӯл кашида истодааст. Парвандаи ҷиноятии мазкур моҳи апрели соли 2015, бо дағалона вайрон кардани тобеияти тафтишотӣ аз Шуъбаи тафтишотии прокуратураи вилояти Суғд ба Раёсати тафтишотии ВКД ҶТ супорида шуд ва дар ҳамин солҳо чанд маротиба аз як сохтор ба сохтори дигар супорида мешуд.Чунин вайрон намудани тобеияти тафтишотӣ, ба Прокуратураи Генералӣ шикоят оварда шуд. Ба ҳамин мақомоти прокурорӣ аз ҷониби адвокат оид ба тафтишоти бесамар ва инчунин набудани назорати лозимаи прокурорӣ аз болои тафтишоти парванда, шикоят оварда шуд.
Соли 2012 нигаронӣ аз рафти тафтиши ҳолати марги И. Бобоев дар тавсияҳои ниҳоии Куматаи зидди шиканҷаи СММ ба Ҳукумати ҶТ зикр гардида буд. То соли 2016 байни Кумита ва давлат гуфтушунид идома дошт, вобаста ба ин Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон аз Кумита хоҳиш кардааст, ки гуфтушунидҳоро бо давлат қатъ намуда парвандаро аз руи моҳияташ баррасӣ намояд.