Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Сокини шаҳри Душанбе Саодат Кулиева давоми 12 сол боз талош дорад кормандони милитсияеро, ки дар натиҷаи рафтори онҳо писаораш Хуршед Бобокалонов фавтид, муайян намудаву ба ҷавобгарӣ ҷалб созад. Охири моҳи августи соли 2021 коллегияи кассатсионии Суди шаҳри Душанбе шикояти навбатии ӯро рад кард.
… 27-уми июни соли 2009 соати 22:00 Хуршед Бобокалонов аз толори варзишӣ бо ҷузвдон ба хона бармегашт. Дар хиёбони Рӯдакӣ ӯро милитсионер манъ ва талаб кард, ки ашёҳои дар ҷузвдон доштаашро нишон диҳад. Вақте рад кард, миёни ӯ ва 10 нафар корманди милитсия, ки ҳамон рӯз дар наздикӣ навбатдор буданд, занозанӣ рух дод. Нозирони тартибот, тавре мегӯянд, «бо роҳи истифодаи қувваи ҷисмонӣ» Бобокалоновро ба автомашинаи хизматӣ шинонида, ба ШВКД дар ноҳияи И. Сомонӣ бурданд.
Вақти расидан ба шуъба кормандони милитсия дарҳои қафои мошинро кушода, диданд, ки Хуршед Бобокалонов «қай кардаву беҳуш хобидааст». Кормандони ба ҷои ҳодиса омадаи Ёрии таъҷилӣ марги Хуршед Бобокалоновро муайян карданд. Ҳангоми иҷрои маросими шустушӯи ҷасад хешовандон изҳои ҷароҳатҳои баъди истифодаи зӯроварӣ аз ҷониби кормандони милитсияро мушоҳида намуданд.
Бо гузаштани тамоми механизмҳои ҳимояи ҳуқуқи инсон дар дохили ҷумҳурӣ, Саодат Кулиева 23-юми феврали соли 2015 бо мусоидати ҳуқуқшиносони Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон бо шикояти фардӣ оид ба далели истифодаи шиканҷа ва муносибати бераҳмона нисбати писараш Хуршед Бобокалонов, ки дар натиҷа ба марги ӯ оварда расонид, ба Кумитаи ҳуқуқи инсони СММ муроҷиат кард.
10-уми марти соли 2020 пас аз гузаштани тартиби баррасии шикояти фардии Саодат Кулиева аз ҷониби Кумитаи ҳуқуқи инсон Мулоҳизот нисбати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тасдиқи далели истифодаи шиканҷа ва муносибати бераҳмонаву ғайриинсонӣ аз ҷониби кормандони милитсия нисбати ҷабрдида Хуршед Бобокалонов қабул гардид, ки баъдан ба мақомоти тоҷик фиристонида шуд.
Ба вокунише нисбати ин муроҷиатномаи СММ интизор нашуда, Саодат Кулиева 22-юми июни соли 2020 барои дарёфти кумаки ҳуқуқӣ ба ташкилоти ҷамъиятии «Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон» муроҷиат кард, то мақомоти тоҷикро ба вокуниш ва иҷрои Мулоҳизоти СММ даъват намояд.
7-уми июли соли 2020 адвокат Абдураҳмон Шарипов бо дархости пешниҳоди маълумот оид ба рафти иҷроиши Мулоҳизоти КҲИ СММ дар мавриди парвандапи ҷиноятӣ аз рӯйи далели фавти Хуршед Бобокалонов ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ ва Прокуратураи генералии кишвар муроҷиат кард.
Муроҷиатро аввал ба Прокуратураи шаҳри Душанбе ва баъдан ба Прокуратураи ноҳияи Исмоили Сомонӣ фиристоданд. Танҳо 24-уми январи соли 2021 Прокуратураи шаҳри Душанбе ба Саодат Кулиева нусхаи Қарор оид ба қатъи парвандаи ҷиноятиро аз 27-уми августи соли 2012 пешниҳод намуд.
26-уми феврали соли 2021 адвокат бо дархости дар асоси тавсияҳои Кумитаи ҳуқуқи инсони СММ рад кардани Қарор дар бораи қатъи парвандаи ҷиноятӣ ва гузаронидани тафтишоти нав оид ба далели истифодаи шиканҷа нисбати Хуршед Бобокалонов ба Прокуратураи генералии ҶТ муроҷиатнома омода намуд.
Ахиран, А. Шарипов ба посухи муроҷиат аз номи Саодат Кулиева - модари Хуршед Бобокалонов интизор нашуда, бо дархости дар асоси Тавсияҳои Кумитаи СММ оид ба ҳуқуқи инсон бекор кардани қарор дар бораи қатъи парвандаи ҷиноятӣ ва гузаронидани тафтишоти иловагӣ аз рӯйи далели истифодаи шиканҷа нисбати Хуршед Бобокалонов бо шикоят ба Суди ноҳияи Сино муроҷиат кард.
Охири моҳи июл Суди ноҳияи Сино бо қарори худ қонеъ сохтани шикояти модари Хуршед Бобокалонов - Саодат Кулиеваро оид ба бекор намудани қарори муфаттиш дар бораи қатъи тафтишот аз рӯйи парвандаи ҷиноятӣ нисбати кормандони милитсия аз рӯйи далели фавти Хуршед Бобокалонов рад кард.
6-уми августи соли 2021 аз номи Саодат Кулиева бо дархости бекор кардани қарори Суди ноҳияи Синои пойтахт ба коллегияи кассатсионии Суди шаҳри Душанбе шикояти кассатсионӣ пешниҳод карда шуд.
25-уми августи соли 2021 коллегияи кассатсионӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии Суди шаҳри Душанбе шикояти кассатсионии Кулиева С. Э.-ро баррасӣ намуда, қарори Суди ноҳияи Синои шаҳри Душанберо аз 30.07.2021 дар бораи рад кардан аз қонеъсозии шикояти Кулиева С. Э. бо дархости бекор намудани қарори муфаттиши Прокуратураи генералии ҶТ дар бораи қатъи тафтишот бо асоси мавҷуд набудани таркиби ҷиноят дар амали кормандони милитсия аз рӯйи далели фавти Бобокалонов Хуршед бетағйир мононд.
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон ва ташкилоти ҷамъиятии «Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон» расонидани кумаки ҳуқуқиро ба Кулиева С. Э. барои мубориза баҳри дарёфти адолат ва кӯшиши даъвати мақомоти тоҷик барои вокунишу иҷрои Мулоҳизоти СММ идома медиҳанд.