Мухтасар дар бораи Гуруҳи расонаии Эътилофи зидди шиканҷа

Гуруҳи расонаии Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон ба инъикоси мунтазами фаъолияти Эътилоф ва талошҳои он дар самти пешгирӣ ва муборизаи муассир бо шиканҷа ва беҷазоӣ, ҷалби таваҷҷуҳ ба мушкилоти шиканҷа, ҷалби аҳолӣ ба мубориза бар зидди шиканҷа тавассути ВАО, таҳияву паҳн намудани иттилооти босифат оид ба масоили шиканҷа машғул аст.

Гуруҳи расонаӣ чунин воситаҳои паҳн намудани иттилоотро истифода мебарад: ирсоли муроҷиатномаҳо, шарҳҳо, нашри иттилоияҳои матбуотӣ, баргузории конфронсҳои матбуотӣ, даъвати ВАО ба конфронсу форумҳое, ки Эътилоф ташкил мекунад, ташкили мусоҳиба/дастрасӣ ба иттилоот тавассути аъзои Эътилоф барои ВАО бо шарҳи вазъ дар самти шиканҷа, ташкили роҳнамоии иттилоотии парвандаҳои алоҳида ва чорабиниҳои Эътилоф.

Гуруҳи расонаӣ ба амалисозии таҷрибаҳои инъикоси масъалаҳои озодӣ аз шиканҷа дар байни кормандони хадамоти матбуоти сохторҳои давлатӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир намуда, барои рӯзноманигорони ВАО-и давлатӣ ва мутахассисони самти робита бо ҷомеаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои давлатӣ семинарҳои омӯзишӣ мегузаронад.

Гуруҳи расонаӣ ҳар сол ду маротиба - бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи қурбониёни шиканҷа (26-уми июн) ва Рӯзи байналмилалии ҳуқуқи инсон (10-уми декабр) чорабиниҳо баргузор менамояд.

Ҳамаи матолиби дар торнамои Эътилоф пахшгардида дар саҳифаҳои шабакаҳои иҷтимоии «Фейсбук», «Телеграм», «Твиттер», «Одноклассники» бознашр ва матолиби аксӣ дар “Инстаграм”-у матолиби аудиоӣ дар Soundcloud ва Youtube ҷойгир карда мешаванд.

Торнамои Эътилоф: www.notorturetj.org

E-mail: notorture.tj@gmail.com

•Facebook: https://www.facebook.com/noturture.tj/

•Twitter: https://twitter.com/NoTorturetj

•Soundcloud: https://soundcloud.com/notorture-tj

•Youtube: https://www.youtube.com/channel/UCWfjfabt9tacFgj-rcJZqtw

•Odnoklassniki: https://ok.ru/group/54476259131498

•Телеграм: http://t.me/j

•Инстаграм: notorture.tj

NoTorture.Tj