Ба муаррифии китоби “Чанд ҳаёти сӯзонидашуда, ҷонҳои рабудашуда” ва намоиши аксҳо даъват менамоем

Ҳамкасбон ва шарикони мӯҳтарам,

 Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон дар доираи амалисозии Нақшаи амали миллӣ оид ба татбиқи тавсияҳои Кумитаи зидди шиканҷаи СММ барои солҳои 2019-2022 бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи қурбониёни шиканҷа, шуморо ба муаррифии китоби “Чанд ҳаёти сӯзонидашуда, ҷонҳои рабудашуда” ва намоиши аксҳо даъват мекунад.

Чорабинӣ дар меҳмонхонаи “Румӣ”, ошёнаи 2 (толори “Табрез”) 8 июни соли 2022 аз соати 10:00 то 12:00 баргузор мешавад.

Барои тасдиқи иштироки худ лутфан ба суроғаи почтаи электронии зерин муроҷиат кунед: notorturetjk@gmail.com

Иштирок дар чорабинӣ ройгон ва барои ҳамагон кушода аст. Ин як имконияти хубест барои вохӯрӣ бо адвокатҳое, ки бо қурбониёни шиканҷа кор мекунанд, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва мақомоти давлатӣ, инчунин хешовандони қурбониёни эҳтимолии шиканҷа ва муносибати бераҳмона.

Бо таманноҳои беҳтарин,

Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон

NoTorture.Tj