Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Аз 16 то 23-юми июни соли 2022 дар торнамои Эътилофи зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон, инчунин дар саҳифаҳои Эътилоф дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳамарӯза яктоӣ иқтибос аз суханони намояндагони мақомоти давлатӣ ва шахсиятҳои намоён оид ба манъи истифодаи шиканҷа пахш карда шуд. Иттилоот бо маълумот барои тамос муҷаҳҳаз буданд, ки дар сурати истифодаи шиканҷа ва муносибати бераҳмона тавассути онҳо муроҷиат кардан мумкин аст. Аз ҷумла:
”Бо дарназардошти арзиши волои ҳуқуқу озодиҳои инсон, қотеъона эълон медорам, ки ягон нафар корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар ягон ҳолат ҳуқуқи истифодаи шиканҷа ва паст задани обрўву эътибори инсонро надорад”.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, 10.11.2012 (аз суханронӣ ба муносибати Рўзи милитсияи тоҷик)
“Истифодаи шиканҷа нисбати боздоштшудагони гумонбар дар содир кардани ин ё он ҷиноят, инчунин нафароне, ки дар маҳбасҳои Тоҷикистон адои ҷазо мекунанд, барҳам дода ва муносибатҳои ғайриоинномавӣ дар артиши тоҷик аз байн бурда шаванд”.
Раиси палатаи болоии парлумони Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ
https://notorturetj.org/news/spiker-verhney-palaty-parlamenta-tadzhikistana-rustam-emomali
“Ҳеҷ кас мавҷудияти далелҳои алоҳидаи шиканҷаро рад намекунад. Шиканҷа ҳатто дар пешрафтатарин кишварҳои ҷаҳон вуҷуд дорад. Муҳим он аст, ки иродаи аниқу возеҳ ифодаёфтаи решакан кардани шиканҷаро амалиёти воқеӣ тасдиқ мекунад”.
Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмон Юсуф Аҳмадзод
https://notorturetj.org/news/generalnyy-prokuror-respubliki-tadzhikistan-yusuf-rahmon-ahmadzoda
“Роҳҳои кушодани ҷиноят хеле васеъ аст. Корҳои оперативӣ, тафтишотӣ ва дигар роҳҳое ҳастанд, ки бо кумаки мардум ҷиноятро мекушоем. Ман доимо таъкид мекунам, ки бигзор 100 ҷиноят ошкор нашуда монад, вале ҳеҷ гоҳ бо роҳи шиканҷа ҷиноятро ба касе бор накунем. Агар ба қайд гирем, пеши роҳашро мегирем, ҷазо медиҳем ва ба ҷавобгарӣ мекашем”.
Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода
https://notorturetj.org/news/ministr-vnutrennih-del-tadzhikistan-ramazon-rahimzoda
“Истифодаи шиканҷа алайҳи боздоштшудагон як мушкили ҷиддӣ аст. Мутаассифона, сарфи назар аз талошҳои ҳукумат ва ҷомеаи шаҳрвандӣ барои пешгирӣ аз ин амали зишт, чунин далелҳо то имрӯз ҷой доранд».
Раиси Суди Олии Тоҷикистон Шермуҳаммади Шоҳиён
https://notorturetj.org/news/predsedatel-verhovnogo-suda-tadzhikistana-shermuhammad-shohiyon
“Манъи мутлақ ва умумиҷаҳонии шиканҷа ва бадрафторӣ як навъ шиори декларативӣ нест, ки онро давра ба давра дар конфронсҳои байналмилалӣ такрор кардан мумкин бошад. Ин иродаи сиёсӣ, омодагӣ барои қабули қарорҳои душвор ва рӯ ба рӯ шудан бо ҳақиқатҳои ногуворро талаб мекунад”.
Гузоришгари вижаи СММ оид ба шиканҷа Нилс Мелтзер
https://notorturetj.org/news/specialnyy-dokladchik-oon-po-voprosu-o-pytkah-nils-melcer
Ҳангоми поймол гардидани ҳуқуқҳоятон метавонед муроҷиат намоед:
Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 2351111
Прокуратураи шаҳри Душанбе (+992 37) 2215327
Прокуратураи вилояти Хатлон (+992 3222) 22246
Прокуратураи вилояти Суғд (+992 34 22) 51818
Прокуратураи ВМКБ (+992 3722) 22641
Прокуратура оид ба назорат аз болои иҷрои қонун дар муассисаҳои ислоҳӣ, ш. Душанбе ва ШНТБ (+992 37) 2270262
Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 2212121
Телефонҳои боварии Гуруҳи кумаки ҳуқуқии Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон:
987873333 дар вилояти Суғд
987876666 дар вилояти Хатлон
987087676 дар ш. Душанбе ва НТМ
E-mail: Notorturetjk@gmail.com
Web: www.notorturetj.org
Оид ба саволҳо ҷиҳати поймолшавии ҳуқуқи хизматчиёни ҳарбӣ ва даъватшавандагон метавонед бо телефонҳои (+992) 933331703, (+992) 933331803 тамос гиред. Телефонҳо инчунин берун аз вақти корӣ, аз ҷумла дар рӯзҳои истироҳат ва ид дастрасанд.