«Мубориза бо шиканҷа: таҷриба ва дастовардҳо”: Прокуратураи шаҳри Хуҷанд

«Тадқиқоту таҳлилҳои гузаронидашуда нишон медиҳанд, ки шиканҷа метавонад на танҳо баҳри ба даст овардани маълумот (худиқрорӣ, нишондод, шаҳодати дорои хислати дигар), балки ба ҷазо додани шахс барои рафтор ё амале, ки ба он гунаҳгор карда мешавад, равона гардад»,- гуфт ёвари прокурори шаҳри Хуҷанд Қурбонзода Беҳрӯз ҳангоми суханронии худ дар конфронси «Мубориза бо шиканҷа: таҷриба ва дастовардҳо” дар шаҳри Душанбе.

«Ҳама гуна амале, ки ба расонидани азобҳои ҷисмонӣ ё руҳӣ бо роҳи маҷбур кардани шахси шиканҷашаванда ё шахси сеюм ба амале ё манъи амале ҳамчун шакли шиканҷа равона гардидааст, бояд манъ карда шавад. Он инчунин метавонад вобаста ба нажод, мансубияти миллӣ, муносибати шахс ба дин, баромади этникӣ, забон, ҷинс, синну сол ё мансубияти дигари вобаста ба фаъолияти муайян ё мавқеи шаҳрвандии шахс азобу уқубатҳои ҷисмонӣ ё руҳӣ расонад”,- гуфт ӯ.

Номбурда зикр намуд, ки қонунгузории Тоҷикистон шиканҷаро мустақиман манъ мекунад ва соли 2012 моддаи 143, эзоҳи 1 (“шиканҷа”) ба Кодекси ҷиноятӣ ворид карда шуд, ки таърифи он ба муқаррароти Конвенсияи зидди шиканҷа мувофиқат мекунад.

«Ҳамчунин, бо мақсади пешгирии шиканҷа дар ҳама ҷойҳои нигоҳдорӣ дар ҳабс дафтарҳои сабти асноди боздоштшуда мавҷуд аст, ки дар он маълумот оид ба шахсияти боздоштшуда, вақт ва санаи ҷойгиркунӣ, ҳуҷҷате, ки дар асоси он шахс ҷойгир шудааст, сана ва асосҳои ба муассисаи дигар гузаронидан ё озод кардан қайд карда мешавад. Дар баробари ин, бо фармони якҷояи Прокурори генералӣ, вазири адлия ва роҳбарони аввали тамоми сохторҳои дигари ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24-уми октябри соли 2012 Дастурамал «Дар бораи боздошт» тасдиқ карда шуд, ки дар он тамоми талабот оид ба сабти саривақтии боздоштшудагон  баён гардидааст»,- зикр намуд мавсуф.

Конфронс аз ҷониби Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Прокуратураи генералии ҶТ бо мусоидати Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе, Комиссияи байналмилалии ҳуқуқшиносон ва Фонди Зигрид Раузинг ташкил карда шуд.

Ҳадафи асосии конфронс баррасии масъалаҳои мубрам дар самти мубориза бо шиканҷа ва муносибати бераҳмона дар Тоҷикистон буд.

Дар конфронс коршиносони байналмилалӣ, намояндагони сохторҳои давлатӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, судҳо, прокуратураҳо, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, созмонҳои байналмилалӣ ва сафоратхонаҳо, инчунин ташкилотҳои ҷамъиятии узви Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон ва васоити ахбори омма иштирок карданд.

NoTorture.Tj