Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Моҳи январи соли соли ҷорӣ чун моҳи баргузории нишастҳои матбуотии ниҳодҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон буд, имконият фароҳам овард, ки роҳбарони мақомоти масъул ба баррасиву назорати шиканҷа дар кишвар оид ба ин масъалаи мубрам назари худро иброз доранд. Далелҳои аз ҷониби роҳбарони мақомот пешниҳодшуда дар воситаҳои ахбори оммаи ҷумҳурӣ инъикос ёфтанд. Вале қабл аз ин дигар хабарҳое низ буданд, ки тариқи ВАО ба мардум пешкаш гардиданд.
Нахуст хабаргузории «Озодӣ» рӯзи 3-юми январ таҳти унвони «Мақомот ба пешниҳоди ҲУСДТ вокунише нишон надодааст» хабаре пахш кард, ки дар он сухан атрофи пешниҳоди раиси Ҳизби умумимиллии сотсиал-демократи Тоҷикистон Раҳматилло Зойиров оид ба таъсиси комиссияи вижа барои таҳқиқи вазъи зиндонҳо меравад.
- Раҳматилло Зойиров рӯзи панҷшанбе ба «Озодӣ» гуфт, ки то ҳол ба пешниҳодашон оид ба таъсиси комиссия аз Кумитаи амниятии миллӣ, Омбудсмен ва Маҷлиси намояндагон ҷавобе нагирифтааст. Зойиров рӯзи 19-уми декабр ба «Озодӣ» гуфта буд, ки ба унвони раиси Кумитаи амнияти милии Тоҷикистон ва парлумон нома ирсол карда, аз вазъи маҳбусони Хуҷанд, ки латукӯб ва шиканҷа шудаанд, гузориш додааст. Барои таҳқиқи қазия ӯ таъсиси комиссияи вижаро пешниҳод кардааст. Зоиров мегӯяд, ки ахиран мақомоти ислоҳии маҳбасҳо гурӯҳи ҳуқуқшиносонро ба маҳбаси ноболиғон роҳ дод, аммо вакилону намояндагони аҳзоб даъват нашудаанд,- менависад хабаргузорӣ.
Дар ҳамин замина ҳафтаномаи «Фараж» мақолаи таҳлилие бо номи «Чаро Зойиров ба зиндон рафтанист?» (№2 (319), 9-уми январи соли 2013) нашр карда, масоили интиқоли маҳбусонро аз Душанбе ба Хуҷанд ва пешниҳоди Раҳматилло Зойировро барои таъсиси комиссия махсус ба баррасӣ гирифт. Муаллиф дар мақолаи худ назари Р. Зойировро оид ба мақсади таъсис додани комиссия ва ба дарозо кашидани тасдиқи он чунин овардааст: «Вақте мо аз рӯи муроҷиати модарони ноболиғон бевосита бо намояндаҳои Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон вохӯрдем, дар ин ҷо намояндаи раёсат аз Вазорати адлия ва як-ду прокурор ҳам ҳузур доштанд. Онҳо ба маҳбасҳо рафта, санҷиш гузаронида, баъдан пешниҳоди худашонро карданд. Пас аз ин, боз ба наздикӣ як нафар дар маҳбасхона худкушӣ кард. Барои ҳамин ин масъаларо ҷидди пеш гузоштан лозим буд, ки як комиссия ташкил карда шавад. Вале ташкили ин гуна комиссия ба ваколати Маҷлиси намояндагон вобаста аст. Азбаски чунин корҳоро пештар Маҷлиси намояндагон накардааст, масъаларо ба дарозо мекашанд… Мо пешниҳод кардем, ки натанҳо аз ҳизби мо, балки аз дигар ҳизбҳои сиёсӣ ба комиссия ворид карда шаванд. Ба Маҷлиси намояндагон махсус пешниҳод кардам, ки ҲУСДТ тайёр аст 5 ҳуқуқшиносро пешниҳод кунад, то ба ҳамин корҳо ҷалб карда шаванд».
Ҳамзамон, муаллифи мақола ба Маҷлиси намояндагон, ба намояндаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва ҳам Кумитаи давлатии амнияти миллӣ муроҷиат кардааст, аммо ҷавоби ҳамаи онҳо ба ин мазмун будааст: «Аз пешниҳоди ҲУСДТ хабар надорем». Вале Р. Зойиров дар анҷом гуфтааст, ки ба номи Шукурҷон Зуҳуров расман муроҷиат пешниҳод кардаву рақами қайдашро ҳам доранд.
Қабл аз ин, дақиқтараш 2-юми январи соли ҷорӣ ҳафтаномаи «Нигоҳ» хабаре таҳти унвони «Худкушии навбатии маҳбус дар маҳбаси Ваҳдат» (№41 (317)) ба табъ расонида буд. Тавре аз сарлавҳаи матлаб маълум аст, маҳбуси фавтида Файзулло Мансуров гирифтори шиканҷа нашуда будааст. Вале дар хабар ҳамчунин аз нафароне ном бурда мешавад, ки оид ба латукӯбашон як муддат сарусадо зиёд буд. Аз ҷумла дар бораи маҳбуси фавтида Аҷик Қаюмов нашрия менависад: «Аҷик Қаюмов, бинобар иттилои маҳбусон, аз рӯзи кории ғайринавбатӣ дар корхонаи истеҳсоли хишт саркашӣ карда, мавриди шиканҷа қарор гирифта будааст».
Хабаргузории «Азия-Плюс» бошад, сари мавзӯи марги маҳбус Ҳамза Икромзода дар маҳбасхонаи №1-и шаҳри Душанбе баргашта, санаи 4-уми январи соли 2012 хабаре таҳти унвони «Тақозои волидайни Икромзода ҷиҳати тафтиши дақиқи марги фарзандашон» пахш кард. Дар хабар гуфта мешвад, ки волидони маҳбуси марҳум 3-юми январ дар ин бора ба Прокуратураи генералӣ муроҷиат кардаанд. «Бо хулосаи ташхис мо комилан розӣ нестем, зеро осори захму ҷароҳат дар ҷисми Ҳамза гувоҳи онанд, ки ӯ бар асари шиканҷа ба ҳалокат расидааст. Ҳамчунин, мо талаб дорем, ки дар суд шоҳидони истифодаи шиканҷа нисбати Ҳамза - маҳкумшудагони ба Хуҷанд фиристода низ иширок кунанд. Гунаҳкорони марги ӯ бояд ҷазои сазовор гиранд»,- изҳор доштааст Амир Икромзода, бародари Ҳамза. Наздикони маҳбуси ҳалокшуда инчунин талаб доранд, ки шоҳидон такроран пурсида шуда, ташхиси мустақили судиву тиббӣ гузаронида шавад.
Дар ҳамин маврид ҳафтаномаи «Самак» низ хабаре бо номи «Сабаби марги Икромзода норӯшан боқӣ мемонад» (№1 (62), 7-уми январи соли 2013) нашр карда, дар ҷамъбаст менависад: «Шикояти пайвандони Ҳамза Икромзода дар ҳолест, ки созмонҳои мудофеи ҳуқуқи башар пайваста аз ҷо доштани ҳолатҳои шиканҷа дар муассисаҳои ислоҳии Тоҷикистон садо баланд мекунанд».
Аммо, дар ҳамин ҳол, Оҷонсии иттилоотии TojNews «Гумонбар шудани се корманди мақомот дар қазияи Ҳамза Икромзода» ном хабареро пахш кард, ки бо истинод ба назари мақомоти прокуратура гуфта мешавад: «Прокурори генералии Тоҷикистон Шерхон Салимзода қазияи марги маҳбуси 28-солаи маҳбаси №1-уми шаҳри Душанберо шарҳ дода, гуфт, ки нисбати се нафар масъулини мақомоти ҳифзи ҳуқуқ парвандаи ҷиноӣ оғоз шудааст. Бино ба иттилои Ш. Салимзода, ин нафарон дар қазияи марги Ҳамза Икромзода дар маҳбаси № 1-и шаҳри Душанбе гумонбар дониста мешаванд. Ҳамчунин, прокурори генералӣ дар бораи шиканҷа дар боздоштгоҳ ва маҳбасҳо гуфт, ки дар давоми соли 2012 ба Прокуратураи генералӣ 22 нафар аз шиканҷа шикоят кардаанд. Вай гуфт, ки 10 нафар аз кормандони мақомоти интизомӣ барои истифодаи шиканҷа нисбати гумонбарон ва маҳбусон ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд».
Вобаста ба ҳамин далелҳои инъикоскардаи TojNewsҳафтаномаи «Самак» низ дар мақолаи таҳлилие таҳти унвони «Салимзода: Қорӣ Воситро то ҳол меҷӯем» (№2 (63), 14-уми январи соли 2013) қайд карда гузашта, суханони прокурори генералӣ Шерхон Салимзодаро иқтибос меорад: «На танҳо намояндагони СММ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ, балки сарвари давлат мунтазам аз мо талаб мекунад, ки ба шиканҷаву озор аз тарафи кормандони ҳифзи ҳуқуқ роҳ дода нашавад».
Дар ҳамин ҳол, санаи 11-уми январ хабаргузории Би-би-сӣ «Ҳуқуқдонҳои тоҷик малакаи мубориза бо шиканҷаро боло мебаранд» ном хабарро пахш кардааст, ки аз баргузории давраи омӯзишӣ дар заминаи кор бо қазияҳои марбут ба шиканҷа дарак медиҳад. «Ин семинар барои ҳуқуқдонҳо ва вакилони мудофеи тоҷик тавассути созмони ғайридавлатии «Маркази мустақили дифоъ аз ҳуқуқи башар» иҷро мешавад. Сергей Романов, ҳамоҳангсози ин тарҳ ба Би-би-сӣ гуфт, ки дар семинар ва давраҳои бозомӯзии мазкур вакилони мудофеъ ва ҳуқуқдонҳо бо тозатарин асноди байналмилалӣ ва иттилоот дар заминаи мубориза бо шиканҷа ошно мешаванд. Вай ҳадафи ин тарҳро саҳм гузоштан дар мубориза бо шиканҷа дар Тоҷикистон хонд,- омадааст дар хабар.
Ҳафтаномаи «Озодагон» бошад, пайи ҳам дар ду шумора оид ба сарнавишти нафари дар шаҳри Дубай боздоштшуда Умаралӣ Қувватов гузориш ба табъ расонидааст. Нашрия нахуст гузорише бо номи «Ҳамсари Умаралӣ Қувватов аз AmnestyInternational кӯмак хост» (№01 (261), 9-уми январи соли 2013) чоп карда, аз ҷумла менависад: «Хонум Қумринисо Ҳафизова дар муроҷиатномааш ба Созмони Авфи Байналмилалӣ навиштааст, ки дар сурати истирдоди Қувватов ба Тоҷикистон, мавриди зӯру шиканҷа ва азият қарор хоҳад гирифт. Ӯ дар номаи худ таъкид кардааст, ки ҳамсарашро танҳо ба хотири изҳороти зидди президенти Тоҷикистон боздошт кардаанд». Баъдан, дар шумораи 2-юми ҳафтанома, аз 16-уми январи соли 2013 гузориши дигар таҳти унвони «AmnestyInternational аз истирдоди эҳтимолии Умаралӣ Қувватов нигаронӣ кард» ба нашр расид, ки дар он гуфта мешавад: «Агар Қувватов ба ихтиёри Душанбе супорида шавад, дар ин ҳолат ҳукуматдорони Амороти Муттаҳидаи Араб мутобиқи ҳуқуқи байналмилалӣ ва ба иҷро накардани ӯҳдадориҳои худ дар доираи манъи мутлақи шиканҷа ва дигар навъҳои кирдори бераҳмона роҳ медиҳанд».
Ҳамчунин, дар моҳи январи соли ҷорӣ расонаҳои чопию электронӣ хабарҳоеро пахшу нашр карданд, ки қазияҳои нисбатан нав буданд. Хабаргузории «Азия-Плюс» санаи 28-уми январ бо номи «Гумонбарии сардори шӯъбаи кофтукови ҷиноии Исфара ба истифодаи шиканҷа» хабаре пахш кард. Ба иттилои хабаргузорӣ, дар шимоли ҷумҳурӣ оид ба далели истифодаи шиканҷа аз ҷониби корманди мақомоти интизомӣ парвандаи навбатии ҷиноӣ боз шуда, вале гумонбар то ҳанӯз ба кори худ идома медиҳад. Сокини ноҳияи Исфара Руқия Ҳайдарова дар сӯҳбат бо хабарнигори «Азия-Плюс» изҳор доштааст, ки писараш аз амали кормандони милиса ҷабр дида, аз рӯи ин далел нисбати сардори шӯъбаи кофтукови ҷиноятии шӯъбаи ВКД дар шаҳри Исфара Азизулло Азимов мутобиқи моддаи 143, қ. 2-и КҶ ҶТ (Шиканҷа) парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Дар сӯҳбати телефонӣ ин зан зикр кардааст, ки писараш Акмал Музаффаров шоми рӯзи 17-уми декабри соли 2012 аз хона баромада, рӯзи дигар ӯро дӯстонаш бо пойи гачбаставу (гипсшуда) латукӯбшуда ба хона овардаанд. Баъдтар маълум шудааст, ки сардори шӯъбаи кофтукови ҷиноятии шӯъбаи ВКД дар шаҳри Исфара Азизулло Азимов ҳамроҳи ду нафар шаҳрвандони қаторӣ автомашинаи ӯро боздошт намуда, ба шӯъбаи милиса мебаранд. Дар он ҷо ба ӯ маҷбуран 200 грамм арақ нӯшонида, боз маҷбур мекунанд, ки протоколро ба имзо расонад. Рӯзи дигар ӯро ҷавоб дода, огоҳ месозанд, ки дар ин хусус ба ҳеҷ кас даҳон накушояд. Ба қавли модари ҷабрдида, онҳо худи ҳамон рӯз бо хулосаи судиву тиббӣ дар бораи мавриди латукӯб қарор гирифтан ва ҷой доштани осори он дар баданаш ба прокуратураи вилояти Суғд муроҷиат кардаанд ва парвандаи ҷиноӣ боз шуда, Акмал Музаффаров ҷабрдида эътироф шудааст.
Ҳафтаномаи «ИмрӯзNews» бошад, сӯҳбатеро бо аввалин диктори радио ва телевизиони Тоҷикистон Лӯъбат Бурҳонова таҳти унвони «Л. Бурҳонова: Ба ман гуфтанд, ки писаратонро муфаттиши калони маҳбасхона куштааст» (№10 (549), 25-уми январи соли 2013) чоп кардааст. Л. Бурҳонова шикоят кардааст, ки 4 сол қабл писараш Муродов Дилшодбек Гулмирзоевичро дар маҳбасхонаи шаҳри Ваҳдат ба қатл расонидаанд. Ба гуфтаи ӯ, дастҳои писарашро бо сигор сӯзонидаанд ва ҳамчунин дасту пояш шикаставу ҳамаи дандонҳояш рехта будааст.
- Моҳи январи соли 2010 телефон шуд. Телефонро бардоштам. «Ручка ва коғазро гирифта, ягон суол надода нависед! Писари шуморо муфаттиши калони маҳбасхона Ҷамол Мухтор куштааст. Илтимос, хап нашинед, ӯ ҳамеша куштор содир мекунад ва беҷазо мемонад. Ман ҳам ду фарзанд дорам. Илтимос, ба мо кӯмак кунед, моро наҷот диҳед!»,- гуфту гӯширо монд. Ман ба Кумитаи давлатии амнияти миллӣ навиштам. Як нафар ин парвандаро дида баромаду гуфт: «Мо медонем, ки паҳнкунандаи маводи мухаддир дар зона ҳамин Ҷамол Мухтор аст, лекин мо ӯро дастгир карда наметавонем, ҳеҷ исбот карда наметавонем». Хуллас, корро хобонданд,- мегӯяд Л. Бурҳонова дар посух ба суолҳои хабарнигори нашрия.
Тавре қаблан зикр кардем, ВАО-и дохилӣ дар моҳи гузашта назари роҳбарони мақомотро дар мавзӯи шиканҷа дар саҳифаҳои худ бештар ҷой доданд. Хабаргузории «Озодагон» санаи 16-уми январ хабаре бо номи «Нусратулло Абдуллоев падидаи «нав»-ро мусбат хонд» пахш карда, аз қавли раиси Суди Олии Тоҷикистон Нусратулло Абдуллоев чунин иттилоъ дод: «Дар соли гузашта дар маҷмӯъ 23 парванда нисбат ба 23 нафар дар мавриди шиканҷа ба қайд гирифта шудааст, ки назар ба соли 2011 ин нишондод 15 парванда кам аст».
- Нусратулло Абдуллоев дар ҳоле парвандаҳои марбут ба шиканҷаро дар қиёс бо соли 2011 кам арзёбӣ мекунад, ки дар чанд моҳи ахир арзу шикоятҳои шаҳрвандон, хусусан волидайни бархе аз маҳбусон роҷеъ ба шиканҷаи фарзандонашон дар маҳбасхонаҳо зиёд ба назар мерасид,- навиштааст хабаргузорӣ.
Оҷонсии иттилоотии «Азия-Плюс» бошад, санаи 18-уми январ бо пахши хабаре таҳти унвони «Р. Раҳимов: Мо зидди истифодаи шиканҷа мубориза мебарем» аз нишасти матбуотии Вазорати корҳои дохилӣ натиҷабардорӣ кардааст. «Вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ Рамазон Раҳимов зимни нишасти хабарӣ изҳор дошт, ки яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти ВКД мубориза алайҳи шиканҷа мебошад. «Барои таъмини тамоми шӯъбаҳои тафтишотӣ бо камераҳои мушоҳидаи видеоӣ дар буҷет алҳол маблағи кофӣ мавҷуд нест, вале дар самтҳои дигар, аз ҷумла дар сатҳи қонунгузорӣ чораҳо андешида мешаванд»,- гуфт ӯ ва дар ин робита аз соли гузашта ба Кодекси ҷиноятии кишвар ворид гардидани моддаи алоҳидаи «Шиканҷа» ёдовар шуд»,- менависад ин хабаргузорӣ.
- Набояд чунин фикр кард, ки мақомоти милиса танҳо ба шиканҷаи шаҳрвандон машғул асту дигар коре намекунад. Чунин ҳодисаҳо ҷой доранд ва мо бо ин падида мубориза мебарем,- омадааст дар хабар аз забони вазир Р. Раҳимов».
Ҳамин хабаргузорӣ ҳамзамон аз нишасти матбуотии Вазорати адлия хабаре бо номи «Вазири адлия дар бораи санҷиши далелҳои шиканҷа» санаи 21-уми январ пахш кардааст. «Аз рӯи ҳодисаҳои шиканҷаву кирдори бераҳмона дар муассисаҳои ислоҳӣ, аз ҷумла марги маҳбус Ҳамза Икромзода ва навори видеоии осори латукӯб дар муассисаи ислоҳии Хуҷанд тафтишот идома дорад. Бигзор прокуратура санҷиши худро ба итмом расонида, суд афроди гунаҳкорро муайян кунад. Мо анҷоми тафтишотро интизорем. Ҳеҷ кас масъалаи марбут ба шиканҷа дар муассисаҳои ислоҳиро канор гузоштанӣ нест ва мо дар ин самт тадбирҳо андешида, баҳри ислоҳи вазъ чораҷуӣ мекунем. Барои ин каме вақт лозим аст»,- гуфтааст вазири адлия Р. Менглиев дар нишаст.
Ҳафтаномаи «ИмрӯзNews» низ аз баррасии нишастҳои матбуотии мақомот канор намонда, таҳти унвони «Омбудсмен дар бораи марги маҳбусон ва шикояти норозиён мегӯяд» (№14 (553), 31-уми январи соли 2013) мақолае ба табъ расонидааст. Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон Зариф Ализода вобаста ба мавридҳои шиканҷа зикр кардааст, ки ба идораи онҳо дар соли 2012-ум 9 муроҷиати шаҳрвандон ворид шудааст. «Дар ин ҳолатҳо мо бо мақомоти прокуратура аҳднома дорем, ки дар якҷоягӣ чунин муроҷиатҳоро дида мебароем, тафтишу таҳқиқ мекунем»,- гуфтааст ӯ.