Тренинг барои кормандони низоми пенитенсиарии Тоҷикистон

Рӯзҳои 15-16 октябр дар шаҳри Душанбе – тренинги дурӯза барои кормандони СРИҶҶ ВА ҶТ оид ба стандартҳои байналмилалии ҳуқуқи инсон, аз ҷумла Қоидаҳои ҳадди ақали стандартии муносибат бо маҳбусон (Қоидаҳои Нелсон Мандела), Қоидаҳои СММ оид ба муносибат бо занони маҳбус ва чораҳои ғайриҳабсӣ барои занони ҳуқуқвайронкунанда баргузор мегардад.  Чорабинӣ дар доираи  лоиҳаи «Роҳ ба сӯи адолат: таҳкими ҳуқуқи инсон тавассути пешгирии шиканҷа ва ислоҳоти низоми пенитенсиарӣ», ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ мешавад, баргузор мешавад.

Омӯзиш аз ҷониби ташкилоти ҷамъиятии «Дунёи ҳуқуқ», Фонди Ҳолландии «Perspectivity Challenge» дар ҳамкорӣ бо СРИҶҶ  ВА Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хазинаи Демократии СММ (UNDEF), ва Фонди ҷамъиятии «Ташаббуси ҳуқуқи» гузаронида мешавад.

Дар тренинг 25 нафар кормандони муассисаҳои ислоҳи ва ТТ (тавқифгоҳи тафтишотӣ)-и Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок менамоянд.

Дар доираи чорабинӣ принсипҳои асосии Қоидаҳои Нелсон Мандела, ҳифзи ҳуқуқи занон ва кӯдакон дар ҷойҳои маҳруми аз озодӣ, масъалаҳои ёрии тиббӣ ва офияти маҳбусон баррасӣ мешаванд.

Барои гирифтани маълумоти муфассал, лутфан бо Анел Тлеукеш, Менеҷер оид ба робита, тавассути почтаи электронӣ communications.manager.pr@worldlawtj.org  тамос гиред.

ТҶ "Дунёи ҳуқуқ"