Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Хизматчиёни ҳарбӣ категорияи махсуси шаҳрвандонро ташкил медиҳанд. Хизмати онҳо бо талаботҳои махсус, маҳдудиятҳо ва душвориҳои муайяне алоқаманд аст, ки барои иҷрои вазифаҳои ҳарбӣ заруранд.
Мутобиқи моддаи 373 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Вайрон кардани қоидаҳои оинномавии муносибатҳои байниҳамдигарии хизматчиёни ҳарбӣ дар ҳолати набудани тобеияти хизматӣ дар байни онҳо» он ҳуқуқвайронкуниҳоест, ҳарду тараф сарбоз мебошанд. Агар афсар зӯроварӣ карда бошад, сарбоз набояд таҳти фармони бевоситаи он афсар бошад. Дар сурати истифодаи зуроварй дар холати мавчуд будани муносибатхои тобеият моддаи 391 Кодекси чиноятии Чумхурии Точикистон «Сӯиистеъмоли ҳокимият ё мақоми хизматӣ, аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ ва хизматӣ баромадан ё бефаъолиятии ҳокимият» татбик мегардад.
Дар моддаи 143/1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон мафҳуми «шиканҷа» пешбинӣ шудааст, ки мутобиқи он шиканҷа ҳамчун «Қасдан расонидани азобу уқубати ҷисмонӣ ва (ё) рӯҳӣ, ки аз ҷониби шахсе, ки таҳқиқ ё тафтишоти пешакӣ мегузаронад ё шахси мансабдори дигар ё бо таҳрики онҳо ё розигии хомӯшонаи онҳо ё бо огоҳӣ доштани онҳо аз ҷониби шахси дигар, бо мақсади аз шахси таҳти шиканҷа қарордошта ё шахси сеюм гирифтани маълумот ё иқроршавӣ ё ҷазо додани ӯ барои ҳаракате, ки ки ӯ ё шахси сеюм содир намудааст ё дар содир намудани он гумонбар шудааст, инчунин тарсонидан ё маҷбур кардани ӯ ё шахси сеюм ё бо сабаби дигаре, ки ба ҳар гуна табъиз (дискриминатсия) асос ёфтааст” фаҳмида мешавад.
Бобосолориро (дедовшина) инчунин муносибат ва ҷазои бераҳмона ва ғайриинсонӣ арзёбӣ кардан мумкин аст. Мутобиқи моддаи 16 Конвенсияи СММ зидди шиканҷа, “Ҳар як давлати узв ӯҳдадор мешавад, ки дар ҳама қаламравҳои таҳти тобеияти худ амалҳои дигар муносибат ё ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ё таҳқиркунандаи шаъну шарафро, ки ба мафҳуми шиканҷа дохил намешаванд, пешгирӣ кунад, агар чунин амалҳо аз ҷониби шахси мансабдори давлатӣ ё дигар шахсе, ки ба сифати хизматӣ ё бо ташаббуси онҳо, ё бо огоҳӣ ё розӣ будани онҳо содир шудааст. Аз ҷумла, ӯҳдадориҳо ба омӯзонидани кормандон дар озодӣ аз сӯиистифода, зуд ва беғаразона тафтиш кардани ҳолатҳои сӯиистифода ва андешидани чораҳо оид ба ҳифзи шикояткунандагон ва шоҳидон аз ҳама гуна шаклҳои таҳқир дахл доранд.
14 ноябри соли 2024 Конвенсияи СММ зидди шиканҷа* 40 сол мешавад.
²Конвенсияи зидди шиканҷа ва дигар намудҳои муносибат ё ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ё таҳқиркунандаи шаъну шараф Бо резолюцияи 39/46 Ассамблеяи Генералии СММ аз 10 декабри соли 1984 кабул карда шудааст.