Репрессия, ҳолатҳои фавт дар ҷойҳои маҳрумият аз озодӣ, нишондодҳои худиқрории таҳти фишор ба даст овардашуда, санҷиши ҷойҳои маҳрумият аз озодӣ ва манъи бозгардонии маҷбурӣ

Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон силсиламатолибро дар бораи Мулоҳизаҳои ниҳоии Кумитаи СММ зидди шиканҷа оид ба гузориши даврии сеюми Тоҷикистон пешниҳод мекунад.

Кумитаи зидди шиканҷа (CAT) гузориши даврии сеюми Тоҷикистон (CAT/C/TJK/3)-ро дар ҷаласаҳои худ рӯзҳои 4, 7 ва 14-уми майи соли 2018 баррасӣ карда, як қатор мушоҳидаву тавсияҳоро дар бораи мушкилоти системавӣ дар самти ҳуқуқи инсон пешниҳод кард.

Кумита дар робита ба гузоришҳо оид ба репрессия муқобили қурбониёни шиканҷа, ҳимоятгарони ҳуқуқ ва рӯзноманигорон махсус нигаронӣ намуд. Зикр гардид, ки механизмҳои мавҷудаи ҳимоят тафтишоти зарурии чунин парвандаҳоро таъмин карда наметавонанд, инчунин бехатарии ҷабрдидагон ва онҳоеро, ки дар бораи қонуншиканиҳо хабар медиҳанд, кафолат намедиҳанд. Кумита аз Тоҷикистон даъват намуд, ки иқтидори мақомоти давлатиро барои муайян ва тафтиш кардани далелҳои таъқиб, инчунин гузаронидани тафтишоти мустақил ва беғаразона оид ба ҳар як ҳолати муайяншуда тақвият диҳад.

Фавт дар ҷойҳои маҳрумият аз озодӣ мушкили ҷиддӣ боқӣ мемонад. Кумита тавсия дод, ки ташхиси мустақили судӣ-тиббӣ, ба ҷавобгарӣ ҷалб намудани гунаҳкорон ва ҷуброни зарар ба оилаҳои фавтидагон таъмин карда шавад. Ғайр аз ин, ба Тоҷикистон тавсия дода шуд, ки барномаҳои пешгирии бемориҳои сироятӣ идома дода ва муоинаи ҳатмии тиббии ҳамаи афрод ҳангоми варидгардӣ ба муассисаҳои иҷрои ҷазо гузаронида шавад.

Кумита инчунин ба истифодаи нишондодҳои худиқрорие, ки таҳти фишор ё шиканҷа ба даст оварда шудаанд, таваҷҷуҳ зоҳир намуд. Ба мақомот тавсия дода шуд, то парвандаҳое, ки дар онҳо чунин нишондодҳо асос барои баровардани ҳукм гардидаанд, баррасӣ ва имкони истифодаи онҳо дар суд қатъ карда шавад. Дар сурати гумонбар шудан ба истифодаи шиканҷа, мақомоти судӣ бояд мурофиаро боздоранд ва прокурорҳо уҳдадоранд, ки фавран тафтишоти чунин ҳолатҳоро оғоз намоянд.

Дар мавриди назорати шароити нигоҳдорӣ дар ҳабс Кумита дастрасии маҳдуди нозирони мустақил ва гурӯҳҳои мониторингиро ба ҷойҳои нигоҳдорӣ зикр намуд. Тавсия дода шуд, ки тафтишоти бемамониати ҳамаи ҷойҳои нигоҳдорӣ дар ҳабс таъмин ва Протоколи факултативӣ ба Конвенсияи зидди шиканҷа, ки таъсиси механизми миллии пешгирикунандаро пешбинӣ менамояд, тасдиқ гардад.

Кумита ба нораво будани баргардонидани маҷбурии афрод ба кишварҳое, ки ба онҳо метавонад хатари шиканҷа ё муносибати бераҳмона таҳдид кунад, таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуд. Аз ҳукуматҳо даъват ба амал оварда шуд, ки аз ихроҷи чунин афрод худдорӣ намоянд, ба онҳо дастрасӣ ба механизми мустақили шикоят аз қарорҳои ихроҷ ва таъсири амалии ин қарорҳо то ниҳоӣ шудани баррасии шикоят кафолат дода шавад. Ғайр аз ин, ба Тоҷикистон тавсия дода шуд, ки муқаррароти қонунгузории дахлдорро баррасӣ, бо Комиссариати Олии СММ оид ба гурезагон ҳамкорӣ ва хабарҳо дар бораи қонуншиканиҳои марбут ба баргардонидани маҷбуриву табъизро тафтиш намояд.

Кумита зикр намуд, ки татбиқи ин тавсияҳо барои тақвияти низоми ҳифзи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон, пешгирии шиканҷа, таъмини мурофиаҳои одилона ва шаффофи судӣ ва ҳифзи ҳамаи афроде, ки дар ҳабс қарор доранд ё паноҳҷӯ ҳастанд, талаботи асосӣ аст.

NotortureTj