Эътилофи зидди шиканҷа бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳуқуқи инсон тақвимҳои мавзуӣ таҳия кард

Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳуқуқи инсон, ки ҳамасола 10-уми декабр таҷлил мегардад, тақвимҳои махсус таҳия намуд.

Тақвим дар асоси 30 моддаи Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон таҳия шудааст, ки принсипҳои асосии онро ба як воситаи дастрас ва визуалии таълимӣ табдил медиҳад. Ҳамин тариқ, тақвимҳо на танҳо чун як ашёи болои мизи корӣ, балки ҳамчун ёдраскунандаи доимии арзиши озодӣ, баробарӣ ва ҳимоя аз муносибати бераҳмона муфид хоҳанд буд.

Дар тақвимҳо инчунин маълумот барои тамос бо Эътилоф мавҷуд аст, ки дилхоҳ шахс метавонад барои дарёфти ёрии ҳуқуқии ройгон дар масоили шиканҷа, муносибати бераҳмона ва пастзанандаи шаъну шараф муроҷиат намояд. Ин махсусан барои онҳое, ки бо қонуншиканиҳо рӯ ба рӯ шудаанд ва ба дастгирӣ ниёз доранду намедонанд ба куҷо муроҷиат кунанд, муҳим аст.

Дар тақвимҳо логотипҳои ҳамаи ташкилотҳои узви Эътилоф, ки бо кори муштараки ҳимоятгарони ҳуқуқ, бо ҳадафи умумӣ - мубориза бо шиканҷа ва тақвияти адолат дар кишвар муттаҳид шудаанд, ҷойгоҳи хоса доранд.

Тақвимҳо бо дастгирии Фонди Зигрид Раузинг таҳия шудаанд.

NotortureTj