Видеонаворҳои иттилоотӣ: 10 рӯзи маслиҳати ҳуқуқии ройгон

Ба муносибати Рӯзи умумиҷаҳонии ҳуқуқи инсон аз 1 то 10 декабри соли 2025, ТҶ «Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ» възои Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон, иқдоми «10 рӯзи маслиҳати ҳуқуқии ройгон»-ро роҳандозӣ намуд.
Дар доираи ин ташаббус ба 557 нафар шаҳрвандон маслиҳати ҳуқуқии ройгон пешниҳод гардид. Муроҷиатҳо асосан ба масъалаҳои оилавӣ, хизмати ҳарбӣ, мерос, баҳсҳои меҳнатӣ ва заминӣ дахл доштанд.
Иқдом тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ фаъолона таблиғ гардида, видеонаворҳои иттилоотӣ дар Instagram беш аз 112 ҳазор тамошобинро фаро гирифт.  (дастрасӣ: https://www.instagram.com/reel/DRsJhnSjME6/?igsh=MW94NHloMzdudTg1Zw== )

 

 

 

NotortureTj