Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Камил Арешов, сарвари созмони хайриявии "Дасти ёрӣ" ва Комрон Асозода, ёвари ихтиёрии ин созмон ба NoTorture.Tj дар бораи 27-уми сентябри соли 2013 худсарона боздошт ва латукӯб шудани онҳову ронандаашон аз ҷониби кормандони ШВКД Сино-1 шаҳри Душанбе нақл карданд.
Видео пас аз нисфирӯзии 28-уми сентябр дар бинои суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе, қабл аз оғози ҷаласаи додгоҳӣ наворбардорӣ шудааст. Дар ин мурофиа судя Баҳриддинов Ҳ.Э. дар бораи ҳабси маъмурии Камил Арешов, Комрон Асозода ва Тоҳир Холов ба мӯҳлати 5 шабонарӯз мутобиқи моддаи 460 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ (Майдаавбошӣ) қарор баровард.