Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон

Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳимояи ҳуқуқи инсон барои давраи то соли 2038 (ки бо қарори ҳукумат аз 5-уми августи соли 2023, №357 тасдиқ шудааст) маҷмӯи чораҳоро барои пешгирии шиканҷа ва муносибати бераҳмона пешбинӣ мекунад.
Дар ҳуҷҷат қисми бештари тавсияҳо ба таъсиси механизмҳои муассири мубориза бо шиканҷа нигаронида шудаанд (банди 21). Миёни онҳо - таъмини мониторинги мустақили ҷойҳои маҳрумият ва маҳдудият аз озодӣ бо дастрасӣ ба институтҳои байналмилаливу миллӣ, таъсиси системаи марказонидашудаи сабт ва бақайдгирии ҳабсҳо, таъсиси механизми мустақил барои қабули шикоятҳо ва гузаронидани тафтишоти муассири ҷиноятӣ, инчунин таҳияи барномаҳои офиятбахшии қурбониёни шиканҷа мавҷуданд.
Дар банди 26-и стратегия таъкид шудааст, ки маълумоти оморӣ ва нишондиҳандаҳо дар самти ҳуқуқи инсон дар раванди иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ нақши муҳим мебозанд. Кумитаи зидди шиканҷа ба Ҳукумати Тоҷикистон тавсия дод, ки маълумоти марбут ба мониторинги татбиқи Конвенсияи зидди шиканҷа, аз ҷумла маълумоти ба шикоятҳо, тафтишот, оғози парвандаҳо ва ҳукмҳои айбдоркунӣ аз рӯйи далелҳои шиканҷа ва муносибати бераҳмона, инчунин парвандаҳо оид ба савдои одамон, зӯроварии маишӣ ва ҷинсӣ алоқамандро ҷамъоварӣ намояд. Зарурати баҳисобгирии маълумот дар бораи ҷуброни зарар, аз ҷумла ҷубронпулӣ ва офиятбахшии қурбониён махсус зикр мегардад.
Яке аз самтҳои асосии татбиқи стратегия (банди 47) таъсиси системаи муассири пешгирӣ, тафтиш ва таъқиби ҳолатҳои шиканҷа ва муносибати бераҳмона, инчунин таъмини механизмҳои фаъоли ҷуброни зарар, аз ҷумла ҷуброну офиятбахшии қурбониён ва аъзои оилаҳои онҳо мебошад.
Баҳри татбиқи стратегия Нақшаи амалҳо барои солҳои 2023-2025 тасдиқ карда шуд. Дар боби 3-и он, ки ба озодӣ аз шиканҷа ва дигар намудҳои муносибати бераҳмона, ғайриинсонӣ, пастзанандаи шаъну шараф ва ҷазо бахшида шудааст, як қатор чорабиниҳо пешбинӣ гардидаанд.
Аз ҷумла, амалисозии минбаъдаи қонунгузорӣ тибқи талаботи Конвенсияи зидди шиканҷа пешбинӣ шуда, ин чора қисман амалӣ гардидааст. Таҳия ва қабули қонун дар бораи экспертизаи ғайридавлатӣ амалинашуда боқӣ мондааст.
Вазифаҳо оид ба таҳияи меъёрҳои ҳуқуқӣ ва институтсионалии вокуниши муассир ва тафтиши парвандаҳои ҷиноятии марбут ба шиканҷа, инчунин татбиқи чунин механизм ва таъмини он бо захираҳои зарурии техникиву инсонӣ низ иҷро нашудаанд.
Чорабиниҳо оид ба омодагӣ ва бозомӯзии кормандони мақомоти тафтишотӣ дар самти риояи ҳуқуқи инсон қисман амалӣ карда шудаанд. Инчунин, тренингҳо барои намояндагони прокуратура, Вазорати адлия, Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ қисман амалӣ гардидаанд.
Аммо, чораҳо оид ба омӯзиши масъалаи тасдиқи Протоколи факултативӣ ба Конвенсияи зидди шиканҷа ва таъсиси Механизми миллии пешгирикунанда амалӣ нашудаанд.
Чорабиниҳо оид ба тақвияти гурӯҳи мониторингии назди Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, аз ҷумла гузаронидани тренингҳо ва ташкили боздидҳо аз ҷойҳои маҳрумият аз озодӣ, инчунин баланд бардоштани тахассуси кормандони дафтари Ваколатдор қисман иҷро гардидаанд.
Аз ҷумлаи тадбирҳое, ки ҳоло ҳам амалинашуда боқӣ мондаанд, таҳияи механизмҳои шаҳодаткунонии тиббии боздоштшудагон мувофиқи стандартҳои Протоколи Истамбулӣ, аз ҷумла иштироки табибони системаи тандурустӣ ва мутахассисони хусусӣ, интиқоли маводҳо ба мақомоти прокуратура ва пешниҳоди нусхаҳои натиҷаҳо ба ҷабрдидагон ва адвокатҳои онҳо мебошанд.
Вазифаҳо оид ба ҷорӣ намудани барномаҳои таълимӣ мувофиқи стандартҳои Протоколи Истамбулӣ дар муассисаҳои олии таълимии тиббӣ ва гузаронидани чорабиниҳои махсусгардонидашудаи омӯзишӣ барои кормандони тиббӣ низ иҷро нашудаанд.
Дар ҳамин ҳол, баҳри таҳия ва қабули қарори Пленуми Суди Олӣ дар бораи ҷуброни зарари маънавӣ ва моддӣ, ки аз ҷиноятҳои марбут ба шиканҷа ва муносибати бераҳмона расидааст, чораандешӣ сурат гирифтааст.
Ҳамин тариқ, стратегия равиши маҷмуиро барои пешгирии шиканҷа, аз ҷумла чораҳои қонунгузорӣ, институтсионалӣ ва амалӣ пешбинӣ мекунад, аммо татбиқи қисми назарраси механизмҳои банақшагирифташуда айни замон анҷомнаёфта боқӣ мемонад.