Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Файзиннисо Воҳидова, вакили мудофеи Садриддин Тошев, маъруф ба номи Қорӣ, ки дар зиндони рақами 2-и Хуҷанд нигаҳдорӣ ва барои пахши ахбори бардурӯғ дар бораи шиканҷа муттаҳам мешавад, рӯзи 3 октябр дар як нишасти хабарӣ аз бархӯрди номуносиб бо ӯву нафари таҳти ҳимояташ норозигӣ кард.
Хонум Воҳидова гуфт, аз оғози мурофиаи Садриддин Тошев ва Суннатулло Ризоев, ду маҳбуси зиндони рақами 2-и Хуҷанд, ҳуқуқи вакили мудофеъ дағалона вайрон шудааст: “Имрӯз додгоҳ ба таҳқиқи далелҳои шайъӣ гузашт бояд як мобил аз назар гузаронида мешуд, ки гӯиё бо воситаи он маҳбусон ҷароҳатҳои ҷисмонии худро ба навор гирифта, минбаъд сабти он дар расонаҳои хабарӣ пахш шудааст. Мо бо иҷозати раисикунанда телефони мобилиро ба судшавандаҳо додем, то ки аз назар гузаронида, фикру назари худро баён намоянд. Ҳамзамон телефонро кормандони қисми ҳарбӣ кишида гирифтанд, яъне дар мурофиаи додгоҳӣ ҳатто афсарону сарбозони қатории қисми ҳарбӣ дахолат мекунанд. Баъд аз он, сардори маҳкамаи тафтишотии рақами 2-и Хуҷанд О.Саидолимов телефонро кашида гирифта, намонд, ки судшаванда онро аз назар гузаронда, фикрашро баён кунад”.
Файзинисо Воҳидова гуфт, дигар дар мурофиаи додгоҳӣ иштирок намекунад. “Ҳар боре, ки бо нишони эътироз баромада мерафтем, раисикунанда ба мо ваъда медоданд, ки рӯзҳои наздик ҳамин масъала ҳаллу фасли худро меёбад. Дигар меъёри сабру тоқати мо гузашт. Ман шахсан, бигзор, раисикунандаи мурофиа даҳҳову садҳо таъиноти хусусӣ қабул кунад, бигзор Коллегияи адвокатҳо масъалаи сабукдӯшии маро матраҳ кунад, лекин ба мурофиаи додгоҳӣ намеравам. То он даме ки ҳуқуқи маро барқарор накунанд”, - афзуд ӯ.
Вай баъдан ба хабарнигорон навори видеоиеро дод, ки дар он Садриддин Тошев дар бораи шиканҷа дар зиндони Хуҷанд нақл кардаву изи бадрафторию шиканҷаро нишон медиҳад. Вай дар ин видео мегӯяд, гӯиё ин ҳама аз ҷониби маъмурони зиндони Хуҷанд, баъд аз интиқолашон аз зиндони рақами яки Душанбе ба шимоли Тоҷикистон сурат гирифтааст.
Воҳидова мегӯяд, ин навор ҳанӯз охири соли гузашта сабт шуда, аммо танҳо ҳоло пешкаши омма мешавад. Қаблан ҳафт навори ба ин монанди маҳбусони Хуҷанд дастраси расонаҳо ва баъдан боиси баҳсҳои зиёде шуда буд. Мақомот ин наворро сохта дониста, Суннатулло Ризоев ва Садриддин Тошевро дар ин кор муттаҳам ва онҳоро ба ҷурми паҳн кардани ахбори бардурӯғ дар бораи шиканҷа ба додгоҳ кашиданд.
Cадриддин Тошеву Сунатулло Ризоев тирамоҳи соли гузашта, дар пайи марги Ҳамза Икромзода дар зиндони рақами аввали Душанбе, ҳамроҳ бо маҳбусони дигар ба маҳбаси Хуҷанд интиқол ёфтанд.