Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон

4-уми июни соли 2026 Эътилофи зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон дар мавзуи «Манъи шиканҷа дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: стандартҳои байналмилалӣ ва рушди қонунгузории ҷиноятӣ» вебинар баргузор намуд. Чорабинӣ дар доираи тадбирҳо бахшида ба Рӯзи байналмилалии дастгирии қурбониёни шиканҷа, ки ҳамасола 26-уми июн таҷлил мешавад, доир гардид.
Вебинар дар платформаи Jitsi Meet дар шакли амн баргузор гардид, ки имкони иштироки беном ва пешниҳоди саволҳоро дар вақти воқеӣ фароҳам овард. Бо мақсади таъмини бехатарӣ ва махфияти иштирокдорон сабти чорабинӣ анҷом дода нашуд.
Ҳадафи чорабинӣ боло бурдани сатҳи маърифати ҳуқуқии иштирокдорон оид ба масъалаҳои механизмҳои байналмилалӣ ва миллии пешгирии шиканҷа, шинос намудан бо тағйироти қонунгузории ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти мубориза бо шиканҷа, инчунин таҳкими дарки хусусияти мутлақи манъи шиканҷа ҳамчун яке аз ҳуқуқҳои асосии инсон буд.
Дар ҷараёни вебинар асосҳои ҳуқуқии байналмилалӣ ва миллӣ оид ба манъи шиканҷа мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ба иштирокдорон маълумот дар бораи муқаррароти Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон, Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ ва Конвенсияи зидди шиканҷаи СММ, ки манъи мутлақи шиканҷа ва дигар намудҳои муносибати бераҳмона, ғайриинсонӣ ё пастзанандаи шаъну шарафро муқаррар мекунанд, пешниҳод гардид.
Таваҷҷуҳи махсус ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла кафолатҳои конститутсионии ҳимояи шахсият ва муқаррароти моддаи 143, эзоҳи 1-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон равона карда шуд. Иштирокдорон бо тағйироти ба ин модда дар соли 2020 воридшуда, васеъ гардидани доираи субъектҳои ҷиноят, нишонаҳои таснифкунандаи таркиби ҷинояти шиканҷа ва пурзӯр гардидани ҷавобгарии ҷиноятӣ барои содир намудани ин ҷиноят шинос шуданд.
Ҳамчунин, масъалаҳои таъмини ногузирии ҷазо барои шиканҷа ва мутобиқ намудани қонунгузории миллӣ ба уҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ гардиданд.
Аз рӯйи натиҷаҳои вебинар иштирокдорон оид ба стандартҳои байналмилалии манъи шиканҷа маълумоти актуалӣ гирифтанд, сатҳи дониши худро дар бораи қонунгузории миллӣ дар самти пешгирии шиканҷа баланд бардоштанд, бо аҳамияти амалии тағйироти моддаи 143, эзоҳи 1-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон шинос шуданд ва фаҳмиши худро оид ба шарти мутлақи манъи шиканҷаву роҳ надодан ба беҷазоӣ барои чунин кирдорҳо тақвият бахшиданд.
Дар рафти чорабинӣ иштирокдорон инчунин имконият пайдо карданд, ки саволҳои худро пешниҳод намуда, масъалаҳои мубрами татбиқи қонунгузориро дар амал баррасӣ намоянд.
Вебинари баргузоршуда зарурати идома додани иттилоотонии аҳолӣ ва мутахассисонро оид ба кафолатҳои ҳимоя аз шиканҷа, механизмҳои пешгирии чунин ҳуқуқвайронкуниҳо ва ҷавобгарӣ барои содир намудани онҳо тасдиқ намуд.