Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Ба ин санад 6-уми июли соли 2013 тағйиру иловаҳо ворид карда шудаанд
1. Эътилофи ташкилотҳои ҷамъиятии зидди шиканҷа дар Тоҷикистон («Эътилоф») сохтори кушодаву мустақил ва худидоракунанда мебошад.
2. Эътилоф шахси ҳуқуқӣ нест. Эътилоф иттиҳодия (алянс)-и озоди созмонҳои ғайриҳукуматию ғайритиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон («Иштирокчиёни Эътилоф») ва ҷонибдорони онҳост, ки ба хотири пешгирӣ ва мубориза бо шиканҷа дар Тоҷикистон муттаҳид шудаанд.
3. Фаъолияти Эътилоф дар изҳори мавқеи ҳамоҳангшуда нисбат ба ҳодисаҳои истифодаи шиканҷа ё иттилоот дар бораи шиканҷа, ки тибқи қонунгузории амалкунанда ва ё дар таҷриба, барномаҳои давлатӣ ё маъмурӣ, қарор ё амал, ҳамчунин дигар ҳолатҳои мансуб ба мушкилоти шиканҷа сурат мегиранд ва вокуниши мувофиқашуда ба маълумот дар бораи шиканҷа ё дигар навъҳои муносибат ё ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ва пастзанандаи шаъну эътибор дар Тоҷикистон ва хориҷи он ифода меёбад.
4. Эътилоф ва иштирокчиёни он танҳо ба хотири ҳимояи бештари манфиатҳои ҷабрдидагон аз шиканҷа ва/ё оилаҳои онҳо амал мекунанд. Дар амали Эътилоф ва иштирокчиёни он чизе наметавонад ба манфиатҳои ҷабрдидагон аз шиканҷа ва/ё оилаҳои онҳо мухолифат дошта бошад ё ба он зарар расонад.
5. Зимни ба Эътилоф ворид шудани маълумот дар бораи шиканҷа, ки тибқи он метавон ба имкони дарвоқеъ ҷой доштани шиканҷа ё дигар рафтори ғайриинсонӣ ба хулосае расид, то исботи акси ҳол гунаҳкорӣ ё масъулияти давлат зикр карда мешавад.
6. Дар фаъолияти худ Эътилоф дар навбати аввал меъёр, усул ва мафҳумҳои байнулмилалии тасдиқшуда ва ҳамчунин Конститутсияву қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро дастури кор қарор хоҳад дод.
7. Эътилоф бо падидаҳои саҳлангорӣ нисбат ба шиканҷа дар Тоҷикистон қотеъона ва бемайлон мубориза бурда, ба давлат усули самарабахш ва муосири пешгирӣ аз шиканҷа ва мубориза алайҳи онро пешниҳод месозад.
8. Бо дарки муҳим будани роҳандозии қоидаҳои ягонаи рафтор ва фаъолият барои тамоми иштирокчиёни Эътилоф баҳри таъмини самаранокии талошҳои ҳамоҳангшудаи онҳо, иштирокчиёни Эътилоф ихтиёран уҳдадор мешаванд, ки қоида ва шартҳои зерини фаъолиятро риояву иҷро кунанд:
a. Соҳибихтиёрӣ ва озодии иштирок дар Эътилоф.
б. Соҳибихтиёрӣ ва озодии ҳамроҳ шудан ба қарорҳои Эътилоф.
в. Ягонагии манфиатҳо ва аз ҷониби иштирокчиён эътироф шудани қоида ва шартҳои иштирок дар Эътилоф.
г. Ошкор ва шаффоф будани фаъолияти иштирокчиёни Эътилоф ҳангоми амалисозии мақсадҳои он.
д. Баробарҳуқуқӣ ва эҳтироми ҳамдигарии тамоми иштирокчиёни Эътилоф.
е. Ҳатмӣ будани ахлоқи ҳамида ва хушмуомилагӣ, зарурати софдилии иштирокчиёни Эътилоф.
ё. Роҳ надодан ба амалҳои иштирокчиёни Эътилоф бар зарари мақсаду вазифаҳои умумӣ.
ж. Қабули қарорҳои ягона бар асоси мувофиқаи иштирокчиёни Эътилоф.
з. Зимни амалисозии мақсадҳои Эътилоф пазируфтани ҳуқуқи бо қарори аксарияти одӣ дар нисбати иштирокчиёни хилофкори Эътилоф истифода кардани усули таъсиргузории ҷамъиятӣ то ба ҳадди ихроҷ аз ҳайати Эътилоф ва сарзаниши ҳамагонӣ.
9. Ду шакли иштирок дар Эътилоф муқаррар шудааст:
А) «Шарики Эътилоф» - сохторҳои адвокатӣ, адвокатҳои инфиродӣ, шахсони алоҳида, ки ба Эътилоф тавассути муроҷиати хатӣ ба Котибот ва пур кардани пурсишномаи фарогири маълумоти асосии иртиботӣ, инчунин қабули Қоида ва шартҳои иштирок дар Эътилофи ташкилотҳои ҷамъиятии зидди шиканҷа дар Тоҷикистон шомил мешаванд. Сипас онҳо ба захираҳои иттилоотии Эътилоф дастрасӣ меёбанд, дар иқдомоту чорабиниҳои он иштирок карда метавонанд, ба изҳороташ пайваст шуда метавонанд. Сабтином ва баҳисобгирии иштирокдорони иттилоотиро Котибот анҷом медиҳад.
Б) «Узви Эътилоф» - уҳдадориҳои иловагиро ба зиммаи худ гирифта, Қоида ва шартҳои иштирок дар Эътилофи ташкилотҳои ҷамъиятии зидди шиканҷа дар Тоҷикистон ва дигар санадҳои тибқи тартиби муайян қабулшударо, ки фаъолияти Эътилофро танзим мекунанд, риоя месозад. Намояндагони ташкилоти узви Эътилоф дар фаъолияти гурӯҳҳои кории Эътилоф ва роҳбарии он, ҳамчунин муайянсозии мавқеии умумии Эътилоф иштирок мекунанд.
10. Дар сурати мавҷуд набудани эътироз ва бо дастгирии ташкилотҳои боқимондаи аъзо, фаъолияти Эътилофро яке аз ташкилотҳои узв таъмин мекунад, ки ба иҷрои вазифаҳои тадорукотӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолияти Эътилоф розигӣ медиҳад. Ташкилоти ҳамоҳангсоз бо мақсади иҷрои вазифаҳои тадорукотӣ ва ҳамоҳангсозӣ аз ҳисоби кормандони худ Ҳамоҳангсоз (роҳбар)-и Эътилофро таъин мекунад; ваколатҳои тадорукотӣ, логистикӣ, иттилоотӣ ва фанниро ба анҷом мерасонад. Ҳамоҳангсоз ҳамасола бо 2/3 раъйи ҳамаи аъзои Эътилоф интихоб/тасдиқ карда мешавад.
11. Шӯрои Эътилоф мақоми раҳбарии Эътилоф аст, ки ба қабули қарор оид ба масоили стратегии фаъолияти Эътилоф ҳуқуқ дорад, аз ҷумла: а). қабули аъзои нав; б). таъсиси гурӯҳҳои корӣ ва мавзӯӣ (соҳавӣ) дар доираи Эътилоф; в). ирсоли даъват, изҳорот, иқдомоти таъҷилӣ ва дархостҳо аз номи Эътилоф.
12. Ба ҳайати Шӯрои Эътилоф роҳбарони ташкилотҳои узви Эътилоф ё шахсони ваколатдоршуда аз ҷониби онҳо шомил мешаванд. Роҳбари ташкилоти ба узвияти Эътилоф пазируфташуда ба таври автоматӣ узви Шӯрои Эътилоф мегардад.
13. Ташкилоте, ки хоҳиши шомилшавӣ ба ҳайати Эътилоф ё хориҷ шудан аз онро дорад, дар ин бора бо дархости хаттӣ ба ташкилоти ҳамоҳангсоз муроҷиат мекунад ва ахирӣ Шӯрои Эътилофро аз ин огоҳ карда, муроҷиаткунанда ба узвияти Эътилоф пазируфта ё аз он хориҷ карда мешавад. Қарор бо аксарияти одии овозҳо қабул карда мешавад.
14. Барои воридшавӣ ба Эътилоф тавсияи узви амалкунандаи Эътилоф зарур аст. Ташкилоти нав ба ҳайси Узви ташаббускор дар давоми 3 моҳ, бо қарори минбаъдаи узвият дар Эътилоф пазируфта мешавад.
15. Хориҷкунӣ аз Эътилоф дар сурати мухолифати фаъолияти ташкилот бо Қоида ва шартҳои иштирок дар Эътилофи ташкилотҳои ҷамъиятии зидди шиканҷа дар Тоҷикистон ва ба ҷонибдории ин масъала раъй додани 2/3 ҳамаи аъзои Эътилоф амалӣ шуда метавонад.
16. Изҳорот ва даъватҳо аз номи Эътилоф танҳо бо шарти овоздиҳии 2/3 ташкилотҳои узви Эътилоф имконпазиранд. Дар сурати мавҷуд набудани кворум, изҳорот ё даъват метавонад бо зикри ташкилотҳои узви Эътилоф, ки ин даъват ё изҳоротро дастгирӣ кардаанд, ирсол (интишор) гардад.
17. Аз номи Эътилоф танҳо роҳбари Эътилоф, роҳбарони гурӯҳҳои корӣ, ҳамчунин шахсони аз ҷониби аъзои Эътилоф ваколатдоршуда метавонанд изҳороту мусоҳиба диҳанд ва ибрози андеша кунанд. Рӯйхати шахсоне, ки ҳуқуқи пахши изҳорот аз номи Эътилоф оид ба мавзӯъҳои ҷудогонаро доранд, бо қарори аксарияти аъзои Эътилоф – 2/3 зимни раъйдиҳӣ тасдиқ карда мешавад.
18. Эътилоф дорои Стратегия ва нақшаи кории худ мебошад.
19. Шӯрои Эътилоф Маркази таҳлилиро таъсис дода, гирдоварӣ ва коркарди тамоми маълумоти бадастомада дар натиҷаи амалисозии Стратегия ва ҳамчунин ҳама гуна маълумоти иловагӣ дар ин самтро анҷом медиҳад. Самтҳои асосии фаъолияти Маркази таҳлилӣ иборатанд аз:
- таҳлили маълумоти мавҷудае, ки аз аъзои Эътилоф, мақомоти ҳокимияти давлатӣ, созмонҳои байнулмилалӣ мерасанд;
- омодасозии ҳуҷҷатҳои иттилоотиву таҳлилӣ оид ба масъалаҳои мубориза бо шиканҷа дар Тоҷикистон, таҳлили эҳтиёҷот (need assessment) дар омӯзиш, баргузории мониторинг ва таҳқиқот, пешниҳоди кӯмаки ҳуқуқӣ ва ғайра;
- омодасозии гузоришҳои алтернативӣ ба мақомоти СММ, маводи иттилоотӣ, изҳорот аз номи Эътилоф;
- баргузор кардани таҳлил ва мониторинги қонунгузорӣ;
- омодасозии андешаҳои Amicus curiae;
- мониторинги иҷрои уҳдадориҳои байнулмилалӣ дар бахши ҳуқуқи инсон;
- анҷом додани фаъолиятҳои дигари таҳлилӣ ва таҳқиқотӣ.
20. Эътилоф Маркази расонаӣ таъсис медиҳад, ки он дастгирии иттилоотии фаъолияти Эътилофро амалӣ месозад. Маркази расонаӣ аз ҷумла фаъолиятҳои зеринро анҷом медиҳад:
- пешбурди кори торнамои Эътилоф;
- ҳамкорӣ бо ВАО ва рӯзноманигорон;
- таҳияи иттилоияҳо, ташкили нишастҳои хабарӣ, инъикоси фаъолияти Эътилоф дар ВАО ва ғайра.
21. Эътилоф Гурӯҳи кӯмаки ҳуқуқии амалӣ ба ҷабрдидагон аз шиканҷаро ташкил мекунад, ки фаъолияти он ба самтҳои зерин равона хоҳад шуд:
- муайян кардани тартибот ва механизмҳои расонидани кӯмаки ҳуқуқии амалӣ ба ҷабрдидагон аз шиканҷа (талаботи асосӣ зимни ҷалби адвокатҳо барои ҳимояи ҷабрдидагон аз шиканҷа);
- ҳимояи амалии ҷабрдидагон аз шиканҷа;
- таҳияи мурофиаҳои стратегии судӣ;
- ҳуҷҷатгузории далелҳои шиканҷа;
- табодули доимии таҷриба бо адвокатҳои амалкунанда оид ба масоили ҳимоя аз шиканҷа;
- идоракунии Фонди ҳақмузд (интихоби парвандаҳо, қабули қарор дар бораи ҷалби ҳимоятгар барои ҷабрдидагон аз шиканҷа аз ҳисоби Фонди ҳақмузд);
- барномаи таҷрибаандӯзии ҳуқуқшиносон.
22. Бо қарори Шӯрои Эътилоф дар доираи Эътилоф дигар гурӯҳҳои корӣ ё мавзӯӣ низ таъсис ёфта метавонанд. Ҳар кадом аз гурӯҳ (марказ)-ҳо дар таҳияи усули кор мустақил буда, метавонанд роҳбар (котиб, ёвари техникӣ)-и гурӯҳро таъин созанд. Гурӯҳҳои корӣ ба Шӯрои Эътилоф ҳисобот медиҳанд. Роҳбарони гурӯҳҳои корӣ ҳар сол бо 2/3 раъйи ҳамаи аъзои Эътилоф интихоб/тасдиқ карда мешаванд.
23. Фаъолияти Марказ ва гурӯҳҳои корӣ бо ҳам иртибот дошта, таъсиси ягон сохтори расмиро пешбинӣ намекунад ва аз ҷониби намояндагони ташкилотҳо дар доираи фаъолияти ҷории онҳо роҳандозӣ мешавад.
24. Ташкилотҳо озодона метавонанд ба ин ё он гурӯҳи корӣ ё мавзӯӣ ҳамроҳ шаванд. Барои ин огоҳиномаи хаттии худ дар бораи хоҳиши иштирок дар гурӯҳ бо ишораи ному насаби шахс – намояндаи ташкилот дар гурӯҳро ба Шӯрои Эътилоф пешниҳод кардан зарур аст. Як ташкилот метавонад дар кори якчанд гурӯҳ иштирок кунад.
25. Дар сурати аз ҷониби Шӯрои Эътилоф маъқул шуморидани қарор, ташкилотҳо метавонанд лоиҳа пешниҳод карда, аз номи Эътилоф дар озмунҳо ширкат варзанд. Ин ба лоиҳаҳое мансуб аст, ки ба дастгирии фаъолияти Эътилоф, аз қабили баргузор кардани вохӯрии аъзои Эътилоф, фаъолияти гурӯҳҳои корӣ ё мавзӯии алоҳида ва ё дигар фаъолият равона шудаанд. Агар лоиҳаи пешниҳодӣ ба дастгирии гурӯҳи корӣ ё мавзӯии алоҳида равона шуда бошад, дар ин сурат хулосаи аъзои гурӯҳи корӣ зарур аст.
26. Дар доираи Нақшаи кории фаъолияти Эътилоф ташкилотҳо дар пешниҳоди лоиҳаҳои инфиродӣ ва муштарак озоданд. Дар лоиҳаҳои пешниҳодӣ онҳо метавонанд узвияти худ дар Эътилофро зикр карда, ҳуҷҷатҳои стратегии Эътилоф (Стратегия, нақшаи корӣ, маълумот дар бораи фаъолияти ташкилотҳои узви Эътилоф, дигар ҳуҷҷатҳои стратегӣ)-ро пешниҳод созанд.
27. Бо таваҷҷуҳ ба рақобати ташкилотҳои узви Эътилоф барои захираҳои молиявӣ (иштирок дар озмунҳо), онҳо уҳдадор нестанд, ки пешакӣ лоиҳаҳо (матни лоиҳа)-и ба созмонҳои мададрасон ирсолкардаи худро пешниҳод созанд. Ҳамзамон пешниҳоди маълумоти умумӣ дар бораи ирсоли лоиҳа бо шарҳи самтҳои фаъолият қадрдонӣ мешавад. Ин ба такрор нашудани фаъолият, дарёфти шарикони имконпазир ва баррасии имконоти равонасозии лоиҳаи пешниҳодӣ ба самтҳои гуногуни фаъолият баҳри афзоиши шонси дастгирии минбаъдаи онҳо имкон фароҳам меорад.
28. Дар сурати дастгирӣ ёфтани лоиҳаи пешниҳодӣ ва роҳандозии фаъолият, ташкилотҳо уҳдадоранд, ки дар бораи лоиҳа маълумоти мухтасар (номи лоиҳа, мададрасон, муҳлат, самтҳои фаъолият ва буҷет) пешниҳод созанд. Ин маълумот ҳар моҳ аз ҷониби Маркази таҳлилӣ навсозӣ шуда, дар сомонаи Эътилоф ба нашр мерасад.
29. Қоида ва шартҳои мазкур бидуни маҳдудияти замонӣ амал карда, доимӣ шуморида мешаванд.
30. Бо ҳамроҳ шудан ба Эътилоф, иштирокчиёни он қоида ва шартҳои мазкурро қабул карда, ба онҳо розӣ мешаванд.