Нигаронии “Amnesty International” аз вазъи амниятии "Қорӣ Восит"

Нигаронии “Amnesty International” аз вазъи амниятии "Қорӣ Восит"

Созмони байналмилалии “Amnesty International” аз вазъи амниятии Абдулвосит Латифов мулаққаб ба “Қорӣ Восит”, ки дар моҳи гузашта ба таври иҷборӣ аз Русия ба Тоҷикистон истирдод шуда буд, ибрози нигаронӣ кардааст.

“Amnesty International” аз қавли вакили мудофеъи оқои Латифов, аз шахсиятҳои мухолифини пешини давлати Тоҷикистон гуфтааст, муваккили ӯ аз ҷониби кормандони ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе дар ҳабси муҷаррад нигаҳдорӣ мешавад.

Дар баёнияи ин созмон, шоми душанбеи 5 ноябр мунташир шуд, омадааст, вакили мудофеъ аз имкони мавриди шиканҷа қарор гирифтани "Қорӣ Восит" нигарон аст.

Дар пайи дархости ҷониби Тоҷикистон барои истирдоди Абдулвосит Латифов ба ватан дар моҳи ноябри соли 2010 кормандони сервиси амниятии Русия ӯро боздошт карда буд.

Тибқи иттилоъи созмони ғайридавлатии “Мемориал”-и Русия, оқои Латифов дар иртикоби ҷароими сангине, назири одамрабоӣ, хароб сохтани амволи давлатӣ ва террурисм муттаҳам шудааст.

Дар моҳи августи соли гузашта Додситонии кулли Русия ҳукми истирдоди ӯро ба Тоҷикистон содир карда буд. Ба далели рад шудани дархости паноҳандагӣ дар Русия вукалои мудофеъи ӯ дар Русия ба Додгоҳи Ҳуқуқи Башари Урупо муроҷиъа карданд.

Дар моҳи декабри соли гузашта, ин додгоҳ аз Русия хост, то замони баррасии комили қазияи оқои Латифов дар Додгоҳи Урупо аз истирдоди ӯ ба Тоҷикистон худдорӣ кунад.

Бад ин тартиб, рӯзи 15 октябри соли ҷорӣ "Қорӣ Восит" аз боздоштгоҳ озод шуда ва пас аз чад рӯз аз ҷониби афроди мусаллаҳи номаълуми ниқобпӯш аз манзилаш рабуда шуд.

“Amnesty International” гуфтааст, имкон дорад Абдулвосит Латифов ба таври махфӣ ба Тоҷикистон истирдод шуда ва дар ин ҷо бо шиканҷа рӯбарӯ шавад.

Аз ин лиҳоз, ин созмон аз давлати Тоҷикистон хостааст, маҳалли нигаҳдории Абдулвосит Латифовро эълом карда, тазмин диҳад, ки ӯ мавриди шиканҷа ва бадрафторӣ қарор намегирад ва ба вакили мудофеъ иҷозаи дидор бо ӯ дода мешавад.

Дар баёнияи созмони “Amnesty International” таъкид шудааст, мавориди зиёди истирдоди афроди паноҳанда аз Русия ба Тоҷикистон сабт шудааст, ки баъдан дар ватан мавриди шиканҷаю озору азият қарор гирифта ва ғайримунсифона дар додгоҳ муҳокима ва зиндонӣ шудаанд.

Ин созмон ба унвони мисол аз қазияи Савриддин Ҷӯраев ёдовар шудааст, ки дар рӯзи 20 майи соли гузашта дар Русия боздошт шуда ва пас аз 4 моҳ ба Тоҷикистон истирдод шуда буд.

Гуфта мешавад, оқои Ҷӯраев дар Тоҷикистон шиканҷа шуда ва дар рӯзи 19 апрели соли ҷорӣ ба муддати 26 сол равонаи зиндон шудааст.

Ҳамчунин, дар баёнияи созмони “Amnesty International” ба вазъияти мушобеҳ бо Низомхон Ҷӯраев, табаъаи дигари Тоҷикистон ишора шудааст, ки рӯзи 29 марти соли ҷорӣ дар Русия боздошт шуда ва пас аз як рӯз дар Тоҷикистон пайдо шудааст.

Мақомоти Тоҷикистон гуфтаанд оқои Ҷӯраев худ дар ниҳодҳои интизомӣ ҳозир шудааст.

Ин дар ҳолест, ки парвандаи оқои Ҷӯраев тавассути Анна Савитская, вакили мудофеъи ӯ ба Додгоҳи Ҳуқуқи Башари Урупо ироа шуда буд.

Хонуми Савитская гуфтааст, ки то ҳол шиносномаи Низомхон Ҷӯраев дар дасти ӯст ва ғайри қобили тасаввур аст, ки чи гуна ӯ бидуни шиноснома ба Тоҷикистон сафар кардаст.

ВВС