Стратегияи медиавии (расонаӣ) Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ бар зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон

МУҚАДДИМА

Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ бар зидди шиканҷа ва беҷазоӣ (минбаъд дар матн – Эътилоф) моҳи сентябри соли 2011 ҷиҳати муттаҳид сохтани кўшишҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ баҳри мубориза бар зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудааст. Эътилоф 11 ташкилот, зиёда аз 80 нафар намояндагони созмону ташкилотҳои аъзои Эътилоф, адвокатҳо, рӯзноманигорон, равоншиносон ва коршиносони соҳаи адолати судиро муттаҳид месозад ва фаъолияти худро дар асоси Қоида ва принсипҳои иштирок дар Эътилоф ва Стратегия, ки мувофиқа шудаанд, амалӣ менамояд.

Аз он вақт инҷониб Эътилоф ба сохтори мутаносибан фаъолияткунандаи ҷомеаи шаҳрвандӣ табдил ёфт, ки ҳам дар сатҳи миллӣ ва байналмилалӣ эътироф карда мешавад. Эътилоф барои тамоми аъзоён ва шарикон заминаи муҳим ва муҳити бехатар маҳсуб меёбад, ки дар доираи он метавон кўмаку дастгирӣ, маслиҳат ва машварати касбиро гирифт, сатҳи тахассуси худро баланд бардошт, саъю кўшишҳоро ҷиҳати боз ҳам самараноктар таъсир расондан муттаҳид сохт ва назди шахсоне, ки қарорҳо қабул мекунанд, ҷабрдидагон ва донорҳо бо як овоз баромад намуд. Шаффофияти фаъолият ва ахлоқи касбӣ дар фаъолияти Эътилоф принсипҳои муҳим ба ҳисоб мераванд.

Эътилоф торнамои худро дорад, ки суроғаи он чунин аст www.notorturetj.org ва он воситаи фарогири иттилоотии марбут ба масъалаи шиканҷа ва муносибати бераҳмона дар Тоҷикистон мебошад, ки аз он метавон мақолаҳои дахлдори ВАО, ҳуҷҷатҳои барномавӣ, натиҷаҳои таҳлилу таҳқиқҳо, мусоҳиба ва дигар маълумоту иттилооти заруриро дастрас намуд.

Стратегияи мазкур барои солҳои 2016-2018 таҳия гардидааст. Стратегия ҷиҳати ба таври васеъ интишор шудани масъалаҳои марбут ба озодӣ аз шиканҷа дар Тоҷикистон тариқи воситаҳои ахбори оммаи миллӣ, минтақавӣ ва хориҷӣ (нашриёти чопӣ, радио ва телевизион, сомонаҳои интернетии иттилоотӣ ва таҳлилӣ), ташкили мубоҳисаҳои ҷамъиятӣ ва эътино ба ҳолатҳои дахлдори истифода шудани шиканҷа, пешбарӣ намудани тағйиротҳои системавӣ дар соҳаи мубориза бар зидди шиканҷа равона гардидааст.

Стратегияи медиавӣ (расонаӣ) ба ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва сохторҳои медиавӣ, ки бо масъалаҳои шиканҷа дар Тоҷикистон сару кор мекунанд ҷиҳати ҳамоҳангсозии кўшишҳои худ вобаста ба интишори мавзўъи мазкур ва муайян кардани стандартҳои умумии кори иттилоотӣ мусоидат мекунад. Ҳамоҳангсозии кўшишҳо ва мубодилаи доимии иттилоот ҷиҳати эътино кардан ба ҳолатҳои истифода шудани шиканҷа ва муносибати бераҳмона, роҳ надодан ба такрори фаъолият, гузарондани маъракаҳои муштараки эдвокасии ВАО ва ташкилотҳои ҷамъятӣ мусоидат менамояд, ки ин дар навбати худ самаранокии фаъолияти мубориза бар зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистонро зиёд мегардонад.

 

ГУРЎҲҲОИ АСОСИИ МАҚСАДНОК

Журналистон ва воситаҳои ахбори омма дар ташаккули сиёсати таҳаммулнопазирии комил нисбати шиканҷа нақши муҳим мебозанд. Стратегия ҷиҳати пешниҳод шудани маълумоти дуруст доир ба проблемаи шиканҷа дар ВАО равона гардидааст.

Журналистон, намояндагони созмону ташкилотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва адвокатҳои аҳли амал ҳангоми анҷом додани намудҳои алоҳидаи фаъолият дар масъалаи ҳимоя ва пешбарӣ кардани ҳуқуқ ва манфиатҳои ҷабрдидагони ҳолатҳои шиканҷа бо истифода аз иқтидори ВАО ба таври кофӣ ҳамкорӣ намекунанд. Стратегия ҷиҳати беҳтар гардондани ҳамкории журналистон бо ТҒҲ ва адвокатҳои аҳли амал дар таҳия ва дар ВАО интишор кардани мақолаҳои мавзўӣ, аз ҷумла гузарондани маъракаҳои иттилоотии эдвокаси равона гардидааст.

Ҷабрдидагони ҳолатҳои шиканҷа ва муносибати бераҳмона, инчунин аъзоёни оилаҳои онҳо аксар вақт доир ба ҳуқуқҳои худ ва механизмҳои ҳимояи ҳуқуқҳои инсон маълумот надоранд. Стратегия ҷиҳати истифода намудани иқтидори ВАО дар баланд бардоштани сатҳи маълумотнокии аҳли ҷомеа оид ба ҳуқуқҳои худ, аз ҷумла ҳимояи унвонии манфиатҳои онҳо равона гардидааст.

 

ТАҲЛИЛИ МУХТАСАРИ ВАЗЪИ ҶОЙДОШТА, ХАТАРҲОИ АСОСӢ ВА ИМКОНИЯТҲО

Тули солҳои охир дар Тоҷикистон ба вазъи риоя гардидани ҳуқуқ ба озодӣ аз шиканҷа ва дигар намудҳои муносибати бераҳмона аҳамияти зиёд зоҳир карда мешавад. Васеъ шудани баҳсҳои ҷамъиятӣ атрофи масъалаи шиканҷа ба фаъол гардидани институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ин самт ва аз ҷониби мақомоти ҳокимияти давлатӣ эътироф гардидани мавҷудияти проблема алоқамандӣ дорад.

Воситаҳои ахбори омма ва журналистони мустақил ҳар чи фаъолтар ҳамчун катализатори муҳими раванди муҳокима баромад мекунанд. Таҳқиқи баъзе далелҳои истифода шудани шиканҷа баъди нашри онҳо дар ВАО оғоз мегардад. Фаъолияти марбут ба интишори ҳолатҳои истифода шудани шиканҷа, амалиётҳои тафтишотӣ ва мурофиаҳои судӣ дар воситаҳои ахбори омма ҷиҳати ҷалб намудани таваҷҷўҳи аҳли ҷомеа, мақомоти давлатӣ, созмону ташкилотҳои миллӣ ва байналмилалӣ ба масъалаи ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудани шахсони мансабдори айбдор, ҳимояи ҷабрдидагони ҳолатҳои шиканҷа ва ҷуброни оқилонаи зарари расонидашуда, мусоидат мекунад.

Ҳамзамон як қатор проблемаҳое вуҷуд доранд, ки ҷиҳати босифат ва ба таври касбӣ интишор гардидани мавзўъи шиканҷа дар ВАО ва истифода шудани имкониятҳои мавҷудаи воситаҳои ахбори омма монеаҳо эъҷод мекунанд:

- Дастрасии маҳдуди журналистон ва кормандони нашриёти ВАО ба маълумоту иттилооти обективӣ оид ба далелҳои ҳуқуқвайронкуниҳо, амалиётҳои тафтишотӣ, мурофиаҳои судӣ, мониторинг ва таҳқиқотҳои дар соҳаи мазкур анҷомдодамешуда, аз ҷумла дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда нашудани мубодилаи маълумоту иттилоот байни тарафҳои манфиатдор.

- Дар саҳти зарурӣ ба роҳ монда нашудани ҳамкориҳо байни ВАО, ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ ва ҳуқуқшиносон ҳангоми таҳия намудани маводҳо дар мавзўъи шиканҷа, аз ҷумла сатҳи пасти ҷалби журналистон ба маъракаҳои аз ҷониби ҳомиёни ҳуқуқ гузаронидамешуда (мониторингҳо, мурофиаҳои судии стратегӣ, маъракаҳои эдвокаси ва ғайра), ба роҳ монда нашудани кори системавии иттилоотӣ.

- Аз ҷониби кормандони ташкилотҳои ҷамъиятӣ ба таври зарурӣ дарк нашудани усулҳои кори журналистон ва ВАО, ки боиси ба миён омадани тафриқаҳо дар усулҳо ва проблемаҳои ҳамкорӣ мегардад.

- Сатҳи баланди «худсензура» байни журналистон ва нашриёти ВАО-и Тоҷикистон ҳангоми интишори мавзўъҳои «мураккаб» (хусусан, шиканҷа), ки аҳамияти ҷамъиятӣ доранд.

- Доим баста шудани сомонаҳои интернетӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ, ки имкониятҳои паҳн намудани маълумоту иттилооти марбут ба проблемаи шиканҷаро маҳдуд месозад.

 

ИМКОНИЯТҲОИ АСОСӢ

Аз ҷониби мақомоти давлатии Тоҷикистон воқеан эътироф шудани мавҷудияти проблемаи истифода шудани шиканҷа дар кишвар ба зиёд шудани шумораи нашрияҳо дар ВАО чопӣ ва электронӣ доир ба мавзўъи мазкур мусоидат намуд. Ба сохторҳои воситаҳои ахбори омма барои ҷалб намудани таваҷҷўҳи ҷамъият ба проблемаи шиканҷа имконияти хуб фароҳам оварда шуд, аз ҷумла тариқи истифодаи воситаҳои интернетӣ (сомонаҳои иттилоотӣ-таҳлилӣ, блог ва шабакаҳои иҷтимоӣ).

Одатан шахсони аз амалҳои кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар мақомоти давлатӣ зарардида, инчунин адвокатҳои онҳо ва хешовандонашон ба ВАО ва журналистони мустаъқил, ҳамчун мақоми «ниҳоӣ» барои ҳимояи ҳуқуқ ва озодиҳои худ муроҷиат мекунанд. Ташкилотҳои ҳифзи ҳуқуқ аз ҳисоби анҷом додани мониторинги доимии нашрияҳо ва ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо журналистон ва нашриёти ВАО метавонанд доир ба ҳолатҳои мушаххаси истифода шудани шиканҷа маълумоти муҳимро дастрас кунанд, аз ҷумла метавонанд дар фаъолияти мубориза бар зидди шиканҷа дар Тоҷикистон аз захираҳои инсонӣ, иттилоотӣ ва техникии ташкилотҳои медиавӣ истифода намоянд.

Аз соли 2012 Эътилоф фаъолияти худро дар самти кор бо ВАО тариқи ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо журналистон ва ВАО, иттилоотонӣ оид ба фаъолияти худ тавассути сомонаи иттилоотии худ ва шабакаҳои иҷтимоӣ оғоз намуд. Давоми солҳои 2011-2015 зиёда аз 800 мавод – ахборот, маводҳои таҳлилӣ, шарҳи матбуотӣ, мусоҳибаҳо, маводҳои видеоӣ ва аудиоӣ ба забонҳои русӣ ва тоҷикӣ нашр карда шуданд.

Эътилоф бо анҷом додани фаъолияти системавии иттилоотӣ, баланд бардоштани сатҳи маълумотнокии ҳуқуқӣ ва ташаккул додани сиёсати «таҳаммулнопазирии комил» нисбати шиканҷа ва беҷазоӣ дар кишвар метавонад дастгирии оммавиро байни аҳолӣ ноил гардад,.

 

МАҚСАДУ ҲАДАФҲОИ АСОСӢ, ВАЗИФА ВА НАТИҶАҲОИ СТРАТЕГИЯ

Ҳадафи асосии стратегияи медиавӣ аз ташаккул додани сиёсати устувори «таҳаммулнопазирии комил» нисбати шиканҷа дар Тоҷикистон байни намояндагони сохторҳои ҳукуматӣ ва аҳли ҷомеа иборат мебошад.

Вазифаҳои Стратегия иборатанд аз:

  • Ба таври систематикӣ интишор намудани маълумот оид ба фаъолияти Эътилоф ва кӯшишҳои он дар соҳаи пешгирӣ ва муборизаи самаранок бар зидди шиканҷа ва беҷазоӣ;
  • Ҷалб намудани таваҷҷӯҳи омма ба проблемаи шиканҷа;
  • Таҳия ва паҳн намудани иттилооти босифату боэътимод доир ба проблемаи шиканҷа.

Натиҷаҳои дилхоҳ

  • Воситаҳои самараноки интишори маълумот доир ба фаъолияти Эътилоф таҳия ва ба роҳ монда шудаанд;
  • Ҳамкориҳои самарабахш бо ВАО ва журналистон вобаста ба интишори проблемаи шиканҷа бар роҳ монда шудааст;
  • Шумораи маводҳо оид ба проблемаи шиканҷа дар воситаҳои ахбори омма ва шабакаҳои иҷтимоӣ зиёд карда шудааст.

 

ВОСИТА ВА РОҲҲОИ ИСТИФОДАШАВАНДАИ ИНТИШОР ВА ПАҲН НАМУДАНИ МАЪЛУМОТУ ИТТИЛООТ

Аз ҷониби Эътилоф якчанд роҳҳои интишор ва паҳн намудани маълумоту иттилоот истифода карда мешаванд:

  • ирсоли муроҷиатҳо, шарҳҳо ба нашриёти ВАО ва журналистони алоҳида;
  • нашри ахбороти матбуотӣ оид ба таҳия шудани тафсирҳо ё чорабиниҳои алоҳида;
  • баргузор намудани конференсияҳои матбуотӣ (вобаста ба чорабиниҳои алоҳида ё ба таври мунтазам);
  • ташкил намудани мусоҳибаҳои аъзоёни Эътилоф барои ВАО бо шарҳи вазъи ҷойдошта дар соҳаи шиканҷа;
  • даъват намудани намояндагони ВАО ба конференсия ва форумҳои аз ҷониби Эътилоф баргузормешуда;
  • ташкил намудани таъминоти иттилоотии парвандаҳои алоҳида – пешниҳод кардани ҳуҷҷатҳо, мулоқот бо хешовандон;
  • пешниҳод намудани маслиҳату машваратҳо ба журналистон дар соҳаи мубориза бар зидди шиканҷа – мубодилаи маълумоту иттилоот;
  • нашри маълумотҳо дар сомонаи Эътилоф, таблиғи васеи он байни журналистон ҳамчун манбаи боэътимоди иттилоот барои ВАО;
  • маводҳои коршиносӣ-таҳлилӣ;
  • таҳия ва паҳн намудани барномаи телефонии сомона;
  • фаъолона истифода намудан аз саҳифаҳои махсустаҳияшуда ва гурўҳҳои Эътилоф дар шабакаҳои иҷтимоӣ (Twitter и Facebook).

 

ДАР АМАЛ ТАТБИҚ НАМУДАНИ СТРАТЕГИЯ

Бо мақсади дар амал татбиқ намудани Стратегия гурўҳи медиавии (расонаӣ) Эътилоф таъсис ва амал мекунад, ки аз намояндагони созмону ташкилотҳои аъзо ва шарикони Эътилоф иборат мебошад. Гурўҳи медиавӣ фаъолияти худро дар асоси ҳамин Стратегия ва нақшаҳои кории солонаи тасдиқмешудаи фаъолияти гурўҳ анҷом медиҳад.

Котиботи гурўҳи медиавӣ аз ҳамоҳангсози гурўҳи медиавӣ, корманд оид ба муносибатҳои ҷамъиятӣ, маъмур ва муҳаррири сомона иборат мебошад.