Саймумин Кабиров: Вақте шиканҷа ҳаст, адолати судӣ халалдор мегардад

Дар як чорабинӣ бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳуқуқи инсон - 10-уми декабр, ки рӯзи 8-уми декабри соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, як қатор адвокатҳо барои саҳми арзандаашон дар рушди ҳуқуқи инсон аз ҷониби Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон қадрдонӣ карда шуданд. Адвокат Саймумин Кабиров, ки аз ҷумлаи қадршудагон буд, назарашро оид ба фаъолияти адвокатӣ ва ҳимояи қурбониёни шиканҷа чунин иброз дошт:

- Аз кӯдакӣ орзуи ҳуқуқшинос шуданро доштам. Вақте ки мактаби миёнаро тамом кардем, агар ду соли таҷрибаи корӣ намешуд, ба факултаи ҳуқуқшиносӣ дохил шудан имкон надошт. Ба ин хотир, ба хизмати ҳарбӣ рафтам, бо мақсади ҳуқуқшинос шудан. Баъди анҷоми хизмати ҳарбӣ ба факултаи ҳуқуқшиносӣ дохил шудам. Солҳо боз ҳамчун ҳуқуқшинос - адвокат кор мекунам.

Адолати судӣ ҳамон вақт таъмин мешавад, ки шиканҷа набошад. Вақте шиканҷа ҳаст, адолати судӣ халалдор мегардад. Масалан, ҳолатҳое ҳастанд, ки одами гуноҳ накарда маҷбур мешавад гуноҳро ба гардан гирад ва он касе, ки дар асл гуноҳ кардааст, дар озодӣ мемонаду одами гуноҳ накардаро ба ҷавобгарӣ мекашанд. Ин ҷиҳати тарбиявии адолати судӣ халалдор мешавад. Масалан, Чикатило, ки яке аз қотилони асри 20 буд, зиёда аз 50 шахсро куштааст. Маълум мешавад, ки барои ҷиноятҳои содиркардаи ӯ чанд шахси бегуноҳро ба ҷавобгарӣ мекашанду ҳукми қатл медиҳанд. Албатта, ин дар натиҷаи шиканҷа аст, ки одамони бегуноҳро маҷбур кардаанд. Ҷиҳати тарбиявии адолати судӣ халалдор шудааст, чунки одамони бегуноҳро ба ҷавобгарӣ кашидаанд.

Барои ҳамин, бо шиканҷа мубориза бурдан ба ҷомеа фоида дорад. Зеро, мақомоти тафтишотӣ танҳо дар ҳолати исбот кардан шахсро бояд гунаҳгор донанд, дар ҳолати исбот карда натавонистан, бояд он шахсро аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод кунанд.

Агар коре карда тавониста бошам дар ин ҷода, худамро хушбахт медонам. Ҳаракат мекунам, ки шиканҷа аз байн бардошта шавад, зеро хусусияти бисёр бад дорад, ба шаъни инсонӣ таъсир мерасонад, одами бегуноҳро ба ҷавобгарӣ мекашанд, гунаҳкор дар озодӣ мемонад. Бо ҳамин мақсад фаъолият карда истодаам.

Баробар набудани имкониятҳои адвокат бо дигар мақомоти қудратии тафтишбаранда ба мушоҳида мерасад. Масалан, вақте мо ба суд медароем ё ба ягон мақомоти дигар, ё ба тавқифгоҳҳо, ҳамаи мо тафтиш мешавем. Компютерҳоро, ки ҳозир қисми ҷудонашавандаи фаъолияти адвокатӣ мебошанд, аз дасти мо мегиранд. Он имкониятҳое, ки мақомоти қудратӣ доранд, адвокатҳо то ҳол надоранд. Инҳо таъсир мерасонанд ба сифати хизмати расонидашудаи адвокат ба зерҳимоя.

Тағйирот даровардан ба Қонун «Дар бораи фаъолияти адвокатӣ» вобаста ба кафолатҳои адвокат зарур аст. Вақте лоиҳа омода буд барои фаъолияти адвокатӣ, дар он ҷо омада буд, ки нисбати адвокат фақат худи Прокурори генералӣ метавонад парвандаи ҷиноятӣ оғоз кунад. Ин банд аз қонун гирифта шудааст ва ҳозир нисбати адвокат ҳар як мақомот метавонанд парвандаи ҷиноятӣ оғоз кунанд.

Ҳолатҳое ҳастанд, ки гарчанде тибқи моддаи 11-и Қонун «Дар бораи адвокатура» адвокатро ҳамчун шоҳид вобаста ба фаъолияташ пурсидан мумкин нест, ман ҳолатҳоеро дидам, ки адвокат пурсида шуд. Ҳол он ки, дар қонун гуфта шудааст, адвокат ҳуқуқ надорад он сирреро, ки шахси муроҷиаткунанда ба ӯ гуфтааст, бе розигии он шахс ба каси дигар гӯяд.

 

 

NoTorture.Tj