Дар Тоҷикистон бланкаҳои тиббӣ оид ба «шиканҷа»-ро таҳлил мекунанд

Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон бо дастгирии Иттиҳоди Аврупо амалисозии лоиҳаи дусолаи «Мубориза бо шиканҷа дар Тоҷикистон»-ро оғоз мекунад.

Дар доираи лоиҳа ташкилоти узви Эътилоф - «Маркази ҳуқуқи инсон» ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ таҳлил ва баҳогузории сатҳи хизматрасонии судӣ-тиббиро ба роҳ монда, инчунин барои муҳайё намудани механизмҳо баҳри гузаронидани ташхисҳои судии мустақил мусоидат мекунанд.

Ҳанўз соли 2014 бо фармони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ таҳти №918 «Маҷмуаи санадҳои меъёриву ҳуқуқии ташхисҳои судӣ-тиббӣ ва тартиби методии ташкилу амалинамоии ташхисҳои судӣ-тиббӣ» тибқи Протоколи Истамбулӣ* ва бланкаҳо барои шаҳодаткунонии тиббӣ тасдиқ карда шуда буд. Ин санадҳо аз соли 2015 дар фаъолияти муассисаҳои тиббӣ ворид карда шуданд.

Ҳамзамон, маҷмуаи мазкур истеҳсолоти шаҳодаткунонии тиббии парвандаҳои вобаста ба истифодаи шиканҷа ва дигар намудҳои муносибати бераҳмонаро ҳам дар бар мегирад.

Дар доираи лоиҳа миёни табибоне, ки хулосаҳои ташхисҳои судӣ-тиббӣ ва истифодаи бланкаҳои тасдиқгардидаи тиббиро таҳлил кардаанд, пурсишнома гузаронида мешавад, аз ҷумла дар мавриди: қайд дар дафтарҳо, пуркунии дуруст, истифодаи мақсаднок, ҳифзшавандагӣ, механизмҳои пешниҳод кардан ба ин ё он мақомоти назоратӣ дар давраи солҳои 2015-2016 (марҳилаи тасдиқ ва паҳнкунии бланкаҳо).

«Дар давоми 5 сол Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар барои татбиқи стандартҳои Протоколи Истамбулӣ дар фаъолияти муассисаҳои тандурустӣ ва барномаҳои таълимии донишгоҳҳои олии ҳуқуқиву тиббӣ гомҳои назаррас мегузорад. Ҳамзамон, мутахассисони Вазорати тандурустӣ ба раванди омодасозии адвокатҳо, судяҳо ва кормандони системаҳои ислоҳотӣ барои татбиқи стандартҳои Пртоколи Истамбулӣ ҷалб карда шудаанд»,- қайд мекунад намояндаи ташкилоти «Маркази ҳуқуқи инсон», узви гуруҳи кории назди Вазорати тандурустӣ оид ба татбиқи стандартҳои Протоколи Истамбулӣ дар фаъолияти муассисаҳои таббӣ Парвина Наврузова. 

*Протоколи Истамбулӣ дастури самараноки тафтиш кардану санадсозии далелҳои шиканҷа ва муносибати бераҳмонаву муҷозот мебошад. Дар он принсипҳои роҳбарикунандаи баҳогузории вазъи ҷабрдидаҳои эҳтимолии шиканҷаву муносиботи бераҳмона, ҳамчунин пешниҳоди натоиҷи чунин баҳогузорӣ аз ҷониби мақомоти судӣ ва мақомоти дигари давлатӣ, ки барои тафтиши далелҳои шиканҷа масъуланд, зикр ёфтаанд.

Протоколи Истамбулӣ - ин натиҷаи заҳмати сесолаи кори таҳлилии 75 коршиноси соҳаи тиб ва ҳуқуқи инсон мебошад, ки аз 40 ташкилоту муассисаи 15 кишвари ҷаҳон намояндагӣ мекарданд. Санади мазкурро соли 1999 СММ бо мақсади ба мамлакатҳо додани дастури амалии санадсозии самараноки далелҳои шиканҷа қабул кардааст. Протоколи мазкур имкон медиҳад, ки далелҳои шиканҷа ва муносибатҳои бераҳмона ба хотири таъмини адолати судӣ ошкору ифшо карда шаванд. Принсипҳои протокол (маъруф бо номи «Принсипҳои Истамбулӣ») таҳияи меъёрҳои ҳадди ақалро дар бар мегиранд, ки одатан аз ҷониби мутахассисони соҳаи тиб дар қазияҳои миллӣ ва байналмилалӣ барои баҳогузории собит кардани шиканҷа ва муносибати бераҳмонаи ҷисмониву равонӣ истифода мешаванд.

NoТorture.Tj