Эътилофи зидди шиканҷа бо дастгирии ИА амалисозии лоиҳаи бузургеро барои решакан намудани шиканҷа дар Тоҷикистон оғоз мекунад

Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон бо дастгирии Иттиҳоди Аврупо амалисозии лоиҳаи «Ҳаракат барои озодӣ аз шиканҷа дар Тоҷикистон»-ро оғоз кард. Мақсади умумии лоиҳа решакан намудани шиканҷа ва дигар намудҳои муносибати бераҳмона дар Тоҷикистон аст.

Ҳамоҳангсози минтақавии лоиҳа Фонди Хелсинки оид ба ҳуқуқи инсон (Полша) буда, ба амалисозии он чор ташкилоти ҷамъиятиии маҳаллии Тоҷикистон - ТҶ «Идораи ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният», ТҶ «Маркази ҳуқуқи инсон», ТҶ «Ҳуқуқ ва беҳбудӣ» ва фонди ҷамъиятии «Ташаббуси ҳуқуқӣ» ҷалб карда шудаанд.

Ин лоиҳаи давомнокиаш 30 моҳ (2-юми январи соли 2017 – 30-юми июни соли 2019) аз ҷумла намудҳои зерини фаъолиятро пешбинӣ намудааст:

  • Расонидани кӯмаки ҳуқуқии самаранок ба қурбониёни шиканҷа ва намояндагони онҳо. Дар ин самт барои шахсоне, ки парвандаашон ба истифодаи шиканҷа ва дигар намудҳои муносибати бераҳмона алоқаманд аст, дастгирии ҳуқуқӣ расонида мешавад. Инчунин, дар мавриди парвандаҳои стратегӣ кор бурда шуда, мониторинги парвандаҳои судӣ амалӣ карда мешавад. Ин фаъолият аз ҷониби Гуруҳи кӯмаки ҳуқуқӣ, ки ҳамоҳангсози он Наҷиба Ширинбекова, ТҶ «Ҳуқуқ ва беҳбудӣ» (Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 137, (бинои Тоҷикматлубот), телефон: +992 987876666, office.irpco@gmail.com) мебошад, амалӣ мегардад.
  • Татбиқи стандартҳои Протоколи Истамбулӣ дар Тоҷикистон. Дар доираи ин самт таҳлил ва баҳогузории ҳолати хадамоти судӣ-тиббӣ ва мусоидати он ба коркарди модели мусбати институтҳои экспертизаҳои мустақил ба нақша гирифта шудааст. Яъне, чорабиниҳое баргузор хоҳанд шуд, ки барои мусоидат ба таҳияи механизмҳо баҳри гузаронидани экспертизаҳои судии мустақил равона карда шудаанд. Дар доираи ин вазифаҳо ҳамчунин мониторинги истифодаи варақаи тиббӣ оид ба ҳуҷҷатгузории далелҳои шиканҷа ва дигар намудҳои зӯроварӣ - «Протоколи тиббии шаҳодаткунонии шахсони боздоштшуда» дар муассисаҳои тиббии кишвар гузаронида мешавад. Ҳамоҳангсози фаъолият оид ба татбиқи стандартҳои Протоколи Истамбулӣ Парвина Наврӯзова, ТҶ «Маркази ҳуқуқи инсон» (Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони Валаматзода 8/1, телефон: +992 372275187, pnavruzova@gmail.com) мебошад.
  • Расонидани хизматҳои офиятбахшӣ ба қурбониёни шиканҷа ва ё аъзои оилаи онҳо. Дар ин самт кӯмаки тиббӣ, равонӣ ва иҷтимоӣ расонида хоҳад шуд. Ин фаъолият аз ҷониби Гуруҳи офиятбахшӣ, ки ҳамоҳангсози он Гулчеҳра Раҳмонова, ФҶ «Ташаббуси ҳуқуқӣ» (Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 137, (бинои Тоҷикматлубот), телефон: +992 935782090, gulchehra.rakhmanova@gmail.com) мебошад, амалӣ мегардад.
  • Идомаи фаъолияти гуруҳи мониторингӣ оид ба боздид аз ҷойҳои маҳрумият аз озодӣ. Фаъолият дар ин самт гузаронидани мониторинг дар ҷойҳои маҳрумият аз озодӣ, омӯхтани таҷрибаи даврии кишварҳои хориҷа оид ба татбиқи Механизмҳои миллии пешгирикунанда (ММП), боло бурдани малакаи аъзои гуруҳи корӣ ва мониторингӣ, ташкили тренингҳо барои кормандони ҷойҳои маҳрумият аз озодӣ, гузаронидани вохӯриҳои иттилоотонӣ оид ба пешбурди Протоколи иловагӣ ба Конвенсияи зидди шиканҷа (ПИ ва КЗШ), таҳлили қонунгузории миллӣ мувофиқи стандартҳои ПИ ва КЗШ, таҳлили молиявӣ-иқтисодии пайвастан ба ПИ ба КЗШ ва омода намудани китобчаҳои кисагии иборат аз суолу ҷавоб барои ашхоси муассисаҳои руҳию наркологӣ ва иҷтимоиро дар назар дорад. Ин фаъолият аз ҷониби Гуруҳи мониторингӣ, ки ҳамоҳангсози он Таҳмина Ҷӯраева, ТҶ «Идораи ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният» (Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 137, (бинои Тоҷикматлубот), телефон: +992372244145, e-mail: juraeva.t@gmail.com) мебошад, амалӣ карда мешавад.

Барои дастрасии маълумоти иловаги метавонед ба ёрдамчии лоиҳа Фонди Хелсинки оид ба Ҳуқуқи Инсон Юлия Черемухиня, iuliia.cheromukhina@hfhr.org.pl. муроҷиат намоед

NoTorture.Tj